Маълумоти охирин
Главная / Теги: Фарҳанг (страница 4)

Теги: Фарҳанг

МЕҲРГОН

МЕҲРГОН яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки дар байни қавмҳои эронӣ расм шудааст. Баробари инкишофи деҳқонӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки рӯ­зи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад. Меҳргон рӯзи шонздаҳум — рӯзи меҳри моҳи ҳафтуми соли шамсӣ — меҳрмоҳ, ки эрониёни қадим …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУСАҲО»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУСАҲО» тазкира, таълифи Ризоқулихони Ҳидоят. Таълифаш соли 1857 ба итмом расидааст. «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» тазкираи умумӣ бу­да, дар он доир ба ҳаёту осори 865 тан шоирону адибон, шоҳону ҳокимон ва шоҳзодагону амалдорони шоиртабъи Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндустон ва диг. вилоятҳо, ки аз асри 8 то ҳангоми таъ­лифи тазкира ҳаёт ба cap бурдаанд, …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУРС»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУРС» ё «Фарҳанги Суғурии Ko­рии», фарҳанги тафсирӣ, таълифи Суғурӣ. Таҳрири якуми «Маҷмаъ-ул-фурс» солҳои 1599—1600 поён ёфтааст. Дар таҳри­ри дуюм (1628) муаллиф аз «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» истифода кардааст. «Маҷмаъ-ул-фурс» аз муқаддима, 28 боб ва мулҳақот иборат аст. Фарҳанг асосан аз калимаҳои форсӣ (тоҷикӣ), (бештар калимаҳои камистеъмол ва архаизмҳо) тартиб ёфтааст. Мулҳақот истиорот, …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУЗАЛО» (номи дигараш — «Ориф-ул- осор»), тазкира, таълифи Бақои Муҳаммад Ориф. Муаллиф ба навиштани тазкира соли 1588 дар ш. Андиҷон cap карда, онро дар ш. Агран Ҳиндустон ба итмом расондааст. «Маҷмаъ-ул-фузало» тазкираи умумист иборат аз муқаддима, се фирқа (боб) ва хотима. Дар муқаддима шарҳи ҳоли чанд тан шуарои араб, дар …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ЛУҒОТ»

«МАҶМАЪ-УЛ-ЛУҒОТ» фарҳанги тафсирии форсӣ (тоҷикӣ) таснифи муаррих ва насрнависи форсизабони Ҳинд Абулфазл ибни Муборак (1551—1602), ки дар ҷавониаш тартиб дода будааст. «Маҷмаъ-ул-луғот» асо­сан шарҳу тавзеҳи калимаҳои фор­сии ба назари мусанниф душворфаҳморо дар бар мегирад. Муаллифи «Ғиёс-ул-луғот» аз материали он истифода бурдааст. «Маҷмаъ-ул-луғот» дар адабиёт бо номи «Ҷомеъ-ул-луғот» ва «Фарҳанги форсӣ» …

Муфассал »

«МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО»

«МУАЙЙД-УЛ-ФУЗАЛО» фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ, таълифи Муҳаммад ибни Шайх Лоди Деҳлавӣ. Таълифаш соли 1519 дар Ҳиндустон ба итмом расидааст. Ба қавли муаллиф дар ин фарҳанг луғати сокинони вилоятҳои гуногуни форсизабон, лексикаи мунтахаби асарҳои бадеӣ ва илмӣ, калимаву истилоҳоти аз забони намояндагони соҳаҳои гуногун ва табақаҳои иҷтимоӣ шунидааш дохил шудаанд. Фарҳанг аз …

Муфассал »

МУСТАЛЕҲОТ-УШ-ШУАРО

mustalehot

«МУСТАЛЕҲОТ-УШ-ШУАРО» фарҳанги фразеологии форсӣ-тоҷикӣ. Соли 1767 аз тарафи Ворастаи Сиёлкутӣ таълиф шудааст. Бо номи «Мусталеҳоти В о р а с т а» низ машҳур аст. Дар фарҳанг калимаву ибораҳои душворфаҳм, идиомаҳо (ибораҳои маҷозӣ) ва ғайра шарҳ ёфтаанд, ки муаллиф онхоро аз девонҳои шоирони гуногун дарёфта, шарҳу тафсирашонро аз фар-ҳангҳои мавҷуда …

Муфассал »

МУНТАХАБ-УЛ-ЛУҒОТ

ul-lugot

«МУНТАХАБ-УЛ-ЛУҒОТ», «М у н т а х а б-у л-л у ғ о т и Шоҳҷаҳонӣ», «Рашидии арабӣ», фарҳанги арабӣ ба форсӣ. Соли 1637 дар Ҳиндустон аз тарафи Абдуррашид ибни Абдулғафури Татавӣ тасниф шудааст. Мунтахаб-ул-луғот аз муқаддима ва 28 боб иборат аст. Калимаҳо аз рӯи ҳарфи аввал — бузургбахш (боб) …

Муфассал »

МАКТАБИ БЕДИЛ

maktabi-bedil

МАКТАБИ  БЕДИЛ, равияи адабие дар адабиёти асрҳои 18—19 ва аввали асри 20 тоҷик, ки дар Осиёи Миёна ба амал омада процесси адабии ин давраҳоро фаро гирифт. Бедил бо истеъдоди фавқулодаи бузурги худ анъанаҳои адабиёти классикии форс-тоҷикро омӯхта, вобаста ба таҳқиқи воқеияти Ҳиндустон паҳлуҳои ғоявии ин адабиётро ба тарзи хос инкишоф …

Муфассал »

Малтоиҳо

malto

МАЛТОИҲО, халқ, аҳолии асосии Малта. Шумораашон 420 ҳазор нафар (1978). Ба забони мальтоӣ (гурӯҳи сомӣ) гап мезананд. Эътиқодмандон пайрави мазҳаби католикии д. Эҳтимол, аслашон финиқӣ бошад. Мальтоза чандин асрҳо зери тасарруфи юнониён, римиҳо, арабҳо ва ғ. буданд. Машғулияти асосии Мальтонҳо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ ва баҳрнавардист.

Муфассал »