Маълумоти охирин
Главная / Теги: Фарҳанг (страница 23)

Теги: Фарҳанг

Наффох

1

Наффох (ар. — бодангез), хар ғизо  ё давоеро гӯянд, ки рутубати хос дошта бошад ва аз ҳарорати бадан таҷзия наёфта ба бод табдил ёбад.

Муфассал »

Нафух

1

Нафух (ар. —пуфкарданӣ), давои хушки кӯфтаеро гӯянд, ки ба даруни бинӣ ба воситаи пуф фиристонанд.

Муфассал »

Нафсулмидда

1

Нафсулмидда (ар. — римпартоӣ), дар натиҷаи ягон иллат аз даҳон баромадани римро гӯянд. Нафсулмидда агар ба сурфа барояд, аз ковокии сипа ва ё аз шуш ва пардаҳои он бошад.

Муфассал »

Нафсуддам

1

Нафсуддам (ар.  –  хунпартоӣ), баромадани хун аз даҳон ё роҳҳои нафас. Маесалан, аз ягон ҷои ҳалқ (забонча ё ком), аз cap, қасобаи шуш ё худи шуш, сина ва ғайра.

Муфассал »

Натф

0

Натф  (ар.   — кандан, кофтан), шикастани косаи сарро гӯянд, ки ҷароҳат ба мағзи cap нарасида бошад.

Муфассал »

Натнуланф

Натнуланф (ap. VI бадбуии бинӣ), бахаруланф, бӯй гирифтани биниро гӯянд, ки дар тиб­би ҳозира бо истилоҳи о з е н а машҳур аст. НАТО, нигаред Ташкилоти Myoҳидаи Атлантикаи Шимолӣ.

Муфассал »

Натиҷаи мантиқи

0

Натиҷаи мантиқи, ҳукм (ҷумла, баён, формула)-ест, ки аз муқаддимаҳои хулосабарорӣ (ё аз муқаддимаҳои хулосае, ки аз якчанд муҳокима таркиб ёфтааст) мантиқан бармеояд. Ба ибораи дигар Натиҷаи мантиқӣ гуфта ҳукмеро гӯянд, ки аз муқаддимаҳои муайян дар асоси қоидаҳо ва қонунҳои мантиқ ҳосил мешавад.

Муфассал »

Насх

0

Насх (ар. нусхабардорӣ, рӯйнавискунӣ), як навъи хати арабист. Дар асри 9 ва аввали асри 10 аз хатҳои муҳаққақ ва сулс ба вуҷуд омадааст. Дар такмилн Насх хизмати Ибни Муқла ва бародараш Абдуллоҳ бузург аст. Насх аз ҷиҳати осонхонӣ дар байни тамоми навъҳои хати арабӣ дар ҷои аввал меистод. Баробари ба …

Муфассал »

Наср

0

«Наср» (ар. — ёрӣ; нусрат, ғалаба), 1) яке аз шӯъбаҳои таронавии «Шашмақом». Шумораи «Наср»-ҳо чордаҳто буда, баъд аз шӯъбаҳои «Талқин» бо усули дойраи ченаки зарбиаш 6/4(4/4,2/4) иҷро мегарданд. Дар ҳар мақом бо номи махсус зикр мешаванд: дар мақоми «Бузург» — «Насри уззол», «Насруллоҳӣ»; дар мақоми «Рост» — «Насри ушшоқ», «Наврӯзи …

Муфассал »

Насос

0

Насос, 1) таҷҳизоти гидравликиест, барои таҳти таъсири энергияи беруна (потенциалӣ ва кинетикӣ) бо тазйиқ рондани моеъ. Насосро шартан ба ду гурӯҳ: насос-мошинҳо (бо ёрии муҳаррикҳо ба кор андохта мешавад) ва насос-аппаратҳо (аз ҳисоби дигар манбаъҳои энергия кор мекунанд ва худ механизми ҳаракатовар надоранд) ҷудо кардан мумкин аст. Насос-мошинҳо паррагй (марказгурез, …

Муфассал »