Маълумоти охирин
Главная / Теги: Фарҳанг (страница 11)

Теги: Фарҳанг

Отел

otel

Отел (франсавӣ hotel), 1) дар меъмории франсавӣ — хонан алоҳида дар шаҳр. Дар асри 16—17 хонаи зисти аристократия, одатан ҳавлиҳои хиз- матрасон дошт. 2) Биноест барои мусофирон; меҳмонхона.

Муфассал »

Отделение

otdelenie

Отделение (русӣ — ҷудо кар­дан, шуъба), подразделенияи ҳарбӣ иборат аз 6—12 кас. Дар қувваҳои мусаллаҳи аксар мамлакатҳо вуҷуд дошта, ба ҳайати взводи пиёдагард, разведка, сапёрӣ, алоқа ва ғайра дохил мешавад. Ба Отделение одатан сержант фармондеҳӣ мекунад. Дар ҷанг Отделение асосан дар ҳайати взвод ва баъзеи мус­тақилона (масалан, дар разведка, посбонӣ …

Муфассал »

Ост-Индия

ost_indiya

Ост-Индия (англисӣ East Indies — Ҳиндустони Шарқӣ), истилоҳест, ки дар гузашта ба территориҳои Ҳиндустон ва баъзе мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷануби Шарқӣ нисбат дода мешуд. Ост-Индия ба муқобили истилоҳи Вест- Индия ба вуҷуд омада буд. Европоиҳо, ки ҷазираҳои дар баҳри Кариб (Амери­ка) кашфкардаи Xристофор Колумбро иштибоҳан «Ҳиндустон» гумон карда буданд, …

Муфассал »

Остео…

Остео… (аз юнонӣ osteon—устухон), қисми калимахои мураккаб, ки ба устухон ва бофтаҳои устухон мансуб буданро ифода менамояд. Масалан остеомиелит, остеодистрофия.  

Муфассал »

Парол

parol

Парол (аз франсавӣ parole — кали­ма) , номи ш а б, и с м и  ш а б, калимаи махфиест, ки дар Қувваҳои мусаллахи советӣ дар мавриди дигар кардани посбопон истифода ме­шавад. Парол далолат мекунад, ки посбонони нав дар ҳақиқат барои ивази посбонони пешина омадаанд ва сардори онҳоро сардори калонтар …

Муфассал »

Параллакси шабонарӯзӣ

parallaksi1_shabonaruzi

Параллакси шабонарӯзӣ, кунҷест, ки қуллан он маркази ҷирми осмонӣ буда, як тарафаш ба марка­зи Замин ва тарафи дигараш ба нуқтаи мушоҳида дар сатхи Замин равона гардидааст. Ба сабаби лағжиши параллаксии шаборӯзӣ ҷисми осмониро дар болои уфуқ нисбат ба он, ки аз маркази Замин дидан мумкин буд, поёнтар мебинем. Ҳангоми муқоисаи …

Муфассал »

Параллакси солона

paralaksi_solona

Параллакси солонаи ҷ и р м и  осмонӣ, кунҷи хурди ба чирм наздики секунҷаи расткунҷае, ки гипотенузаи он масофаи байни Оф­тобу ҷирм буда, катети хурдаш нимтири калони мадори Замин аст. Лағжиши параллаксии (солонаи) ҷирмҳо дар натиҷаи гардиши Замин дар атрофи Офтоб ба амал меояд. Параллакси солона бо ду ченкунни координатаҳои …

Муфассал »