Главная / Теги: Тасаввуф

Теги: Тасаввуф

САФАВИЯ

САФАВИЯ яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки дар давраи ҳаракати пайравони мазҳаби шиа (асри XIII) дар Эрон ба вуҷуд омадааст. Асосгузораш Сафиуддин Исҳоқи Ардабилист (1252—1334). Сулолаи сафавиён ба сари ҳокимияти Эрон омада, худро сайид ва пешвои силсила шайх Сафиуддинро насли 21-уми имоми ҳафтуми аҳли шиа — Мусон Козим эълон карданд. …

Муфассал »

САМОЪ

САМОЪ (арабӣ- шунидан, хониш, суруд), дар тасаввуф ҳолати шавқу завқи сӯфиёнро ҳангоми хондани зикр гӯянд, ки пайваста бо суруду мусиқӣ ва рақс сурат мегирад. Самоъ яке аз муассиртарин воситаҳои ба ваҷд овардан, бехуд намудани сӯфиён ҳисоб мешуд. Ҳадафи он сайқал додани рӯҳу ба дараҷаи такомули маънавӣ расондани ориф буд. Дар …

Муфассал »

САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ

САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ (1190, деҳаи Бохарзи вилояти Хуросон —1261 деҳаи Фатҳободи вилояти Бухоро), яке аз намояндагони тасаввуфи асри 13. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Осиёи Миёна мақоми калон дошт. Дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур таҳсил кардааст. Фаъолияташро дар Хоразму Бухоро гузаронида, ба дараҷаи «Шайхулолам» расидааст. Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна …

Муфассал »

САЙЁРИЯ

САЙЁРИЯ яке аз силсилаҳои тасаввуфро номанд, ки пайравони он Абулаббоси Сайёриро пешвои маънавии худ мешумориданд. Бино ба маълумоти «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Чуллобии Ҳаҷвирӣ ба Абулаббоси Сайёрӣ аз падараш мероси зиёде мондааст, вале ӯ ба тасаввуф рӯ оварда, силсилаи худро таъсис намуд. Баъдтар дар Марву Нисо пайравони зиёде пайдо кард. Сайёрия «тафриқа» ва …

Муфассал »

РИЗО

РИЗО (арабӣ— розигӣ, мувофиқ будан), дар тасаввуф яке аз зинаҳои такомули рӯҳиро гӯянд, ки зимни он сӯфӣ охирин марҳалаи варзиши ахлоқӣ ва таҳзиби нафсро тай намояд. Дар ин мақом ашёи олами моддӣ дар назари солик моҳияте надорад, умедворие аз ин олам нест ва пеши ӯ ҳар чӣ ояд, хайр аст. …

Муфассал »

ФАҚР

ФАҚР (арабӣ — фақирӣ, бенавоӣ, нодорӣ), дар тасаввуф яке аз зинаҳои такомули рӯҳиро гӯянд, ки дар он солик аз ҳамаи ашёи моддӣ ва маънавӣ даст кашида, роҳи маърифати ҳақро пеша кунад. Аз се марҳила иборат аст: дар марҳилаи аввал сӯфӣ ба он чи дорад, қаноат мекунад; дар марҳилаи баъдӣ ӯ …

Муфассал »

ФАНО

ФАНО (арабӣ  — нест шудан, хомӯш шудан, мурдан), дар тасаввуф яке аз зинаҳои асосии тариқат ё мақоми пеш аз бақоро гӯянд. Аввалин бор Боязиди Бистомӣ ғояи ин таълимотро ба миён гузоштааст. Моҳияташ аз он иборат аст, ки солики роҳи тариқат, хусусиятҳои шахсӣ, аз қабили ирода, майлу рағбат ва кайфу завқро …

Муфассал »

ТАСАВВУФ

sufism-7

ТАСАВВУФ ( аз арабӣ — пашм, пашмина), сӯфия, ҷараёни фалсафию ирфониеро гӯянд, ки мақсаду маромаш бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Одаму Олам мебошщ. Он аввал дар шакли як ҷараёни бидъатомез дар ахди хулафои рошидия ва умавия дар Ироқу Сурия пайдо шуда, сонӣ аз Хуросону Мовароуинаҳр сар карда то қисми …

Муфассал »

ТАРИҚАТ

poem-or-sufi-4

ТАРИҚАТ (арабӣ — роҳ, равиш, мазҳаб), аз мафҳумҳои асосии тасаввуф буда, як зинаи ҳатмии такомули ахлоқию маънавии соликро ифода мекунад; одатан баъди шариат ва пеш аз ҳақиқат (баъзан маърифат) меояд. Истилоҳи Тариқат дар асри 9 пайдо шудааст,. Тариқат қоида, тала- бот ва зинаҳои махсус — мақомотро молик буда, ба тавба, …

Муфассал »

ТАЙФУРИЯ

ТАЙФУРИЯ як ҷараёни тасавуфист, ки пайравони он Воязиди Бистомиро муршиди худ шуморида, сукрро асоси таълимоташон қарор додаанд. Ҷараёни мазкур моҳиятан ба таълимоти ҷунайдия, ки саҳвро заминаи таълимоти худ медонистанд, муқобил аст. Пайравони тайфурия аз сӯҳбату муошират бо мардум эҳтироз дошта, бештар дар хилвату узлат зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар ҷараёни мушоҳидаи …

Муфассал »