Маълумоти охирин
Главная / Теги: суруд (страница 2)

Теги: суруд

ТАХТИ АРДАШЕР

nota-2

ТАХТИ АРДАШЕР; 1). суруди қадимӣ, ки Борбади Марвӣ ба хотираи Ардашери Бобакон эҷод кардааст; 2) аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвӣ, ки онро «Навои Ардашерӣ» мегуфтаанд; 3) гӯшаи овозӣ дар шуъбаи «Ҳумоюн» («Дувоздаҳмақом»).

Муфассал »

РЕКВИЕМ

rekviem

РЕКВИЕМ, сурудест дар мотами марҳумон. Бастакорони европоӣ аввал Реквиемро дар шакли асари хории силсилавии бисёровоза (капелла — дар асоси оҳанги хорали григорянӣ) ме-офариданд. Дар асрҳои 17—18 Реквием ҳамчун асари калон барои хор, солист ва оркестр маъмул гашт, ки он ба оҳанги хорали григорянӣ вобастагие надошт; дар қатори воситаи полифонӣ (бисёровозӣ) …

Муфассал »

ПОЛИЗБОН

boghbon

ПОЛИЗБОН боғбон, нигаҳбони киштзор, 1) суруди қадимии маросимӣ. 2) Яке аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвй. 3) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Наврӯзи Хоро» ва «Наврӯзи Сабо», ки дар қисматҳои хотимавии ин шӯъбаҳо чун чузъиёти иловагӣ навохта мешавад. А. Раҷабов.  

Муфассал »

Суруди «ШӮРИШИ ВОСЕЪ»

nota-2

«ШӮРИШИ ВОСЕЪ», суруди таърихест, ки ба шӯриши Восеъ бахшида шудааст. Он аз 318 мисраъ ё аз 100 банди семисраию чаҳормисраӣ таркиб ёфтааст. Ҳар банд ба сари худ мустақил буда, ба ғояи умумии асар мувофиқат менамояд. Аксар ҷои бандҳо устувор нестанд ва ҳангоми сурудан вобаста ба хотири гуянда тағйир меёбанд. Дар …

Муфассал »

ШОДИЁНА

shashmaqom

ШОДИЁНА, зарби қадимии доире ва нағора, ки бо ҳамовозии сурнай иҷро мешавад. Ш.-ро асосан ансамбли хоси иборат аз сурнай, карнай, нақора ва 2—3 дойра иҷро мекунад, Ш. оҳанги рақсӣ буда, ҳангоми туй, базм, рузҳои ид, саршавии ягон ҷамъомад ва ғ. иҷро мешавад. Ш. аз ҷиҳати зарб ва усул ба чанд …

Муфассал »

Суруди ШОДБОД

nota-2

ШОДБОД 1) Суруди қадимӣ аз таснифоти Борбади Марвӣ. 2) Аз оҳангҳои силсилаи «Хусравониёт»-и Борбад, ки ба муносибати ҷашни Навруз эҷод кардааст. Ш. дар таркиби «Дувоздаҳмақом» чун як ҷузъи иловагии созӣ дар шуъбаҳои «Наврузи Хоро», «Наврузи Адам» амал менамояд.

Муфассал »

«ШИШАМ»

nota-2

«ШИШАМ» суруди қадимиест, ки Борбади Марвӣ дар аҳди Сосониён тасниф намудааст. Он аз ҷумлаи суруду оҳангҳои наврӯзӣ буда, дар ҷашну ҷамъомадҳои халқӣ иҷро мешуд. И. Раҳимов.

Муфассал »

«ШАШМАҚОМ»

shashmakom

«ШАШМАҚОМ»  силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик, ки дар як низоми муайян мураттаб гардидааст. «Шашмақом» мероси мусиқии мардуми тоҷик буда, аз шаш мақом: «Бузург», «Рост», .«Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст. Ҳар мақом қисматҳои созӣ — «Мушкилот» ва овозӣ — «Наср»-ро дар бар мегирад. «Мушкилот» танҳо тарзи оҳангӣ буда, тавассути …

Муфассал »

ШАРҚӢ

nota-2

ШАРҚӢ, як навъ суруди инқилобист. Дар солҳои аввали Революцияи Октябрь, марҳалаҳои аввали ташаккули ҳаёти социалистӣ дар шаҳрҳои Осиёи Миёна ба вуҷуд омада, мазмуни сиёсию иҷтимоӣ дошт. Дар он ягонагии халқҳо, ваҳдати коргарону деҳқонон, бартарии ҳаёти нави социалистӣ, пирузии ғояҳои Рев. Октябрь тараннум шудааст. Бештар шоирони пешқадаму инқилобӣ Шарқӣ гуфтаанд. «Марши …

Муфассал »

ХУСРАВОНӢ

nota-2

ХУСРАВОНӢ Хусравониёт 1) Силсилаи сурудҳои маросимист, ки Борбади Марвӣ барои Хусрави Парвиз эҷод кардааст. Матни Хусравониро дар аҳди Сосониён аз порчаҳои насрӣ ва назмии «Авесто» («Яштҳо») интихоб намудаанд. 2) Мақом ва оҳангҳои силсилавӣ, ки чандин таронаву оҳангҳоро дар бар могирад. Xусравонӣ барои ба вуҷуд омадани мақом ва мақомхонӣ замина гузошта …

Муфассал »