Маълумоти охирин
Главная / Теги: Сулола (страница 2)

Теги: Сулола

Сулолаи ҒУРИЁН

ҒУРИЁН сулолаи султонҳои вил. куҳии Ғур, ки с-ҳои 1448—1206 ҳукмронӣ ва давлати Ғуриёнро ташкил кардааст. Асосгузори сулолаи Ғ. Сайфиддин ибни Иззуддини Ҳусайн (аз хонадони Сурӣ) буд. Давлати Ғуриён дар аҳди Ғиёсуддин Муҳаммад (ҳукмр. 1163—1203) ва Шаҳобуддин (ҳукмр. 1203—06) қариб тамоми хоки ҳозираи Афғонистан, Синд, Панҷоб, Банорас ва диг. вилояту шаҳрҳои …

Муфассал »

Сулолаи ШАЙБОНИЁН

shayboniyon

ШАЙБОНИЁН сулолаест дар Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки с-ҳои 1500—99 ҳукмронӣ карда, давлати Шайбониёиро ташкил намудааст. Шайбониён аз авлоди Шайбон (Шибон, Шайбак — набераи Чингизхон, бародари Ботухон) буданд. Ба Шайбониён дар Осиёи Миёна Муҳаммад Шайбонихон (1451—1510) асос гузоштааст. Намояндагони сулолаи Шайбониён: Шайбонихон (ҳукмр. 1500—10), Кучкунчихон (1510—30), Абусаид (1530— 33), Убайдуллохон (1533—39), …

Муфассал »

Сулолаи ЧИНГИЗИЁН

chingiziyon

ЧИНГИЗИЁН, сулолаи хонҳои муғул, ки ибт. а. 13 дар Муғулистон ба сари ҳокимият омада, баъди забти Хитой, Осиёи Миёна, Россия ва ғ. (ниг. Истилои муғул) Империяи феодалии муғулро ташкил дод. Асосгузораш Чингизхон буд. У пеш аз вафоташ мулкҳои империяро дар байни писаронаш Ҷуҷӣ, Чағатой, Уқтой ва Тулуй тақсим кард. Аксарияти …

Муфассал »

СУРӢ Сайфуддин ибни Иззуддини Ҳусайн

unknown_person-11

СУРӢ Сайфуддин ибни Иззуддини Ҳусайн (соли таваллуд номаълум— вафот 1009), асосгузори сулолаи Ғуриён. Пешвои қабилаи Шансабонӣ. Сурӣ ҳанӯз дар охири асри 10 як гурӯҳ қабилаҳоро муттаҳид намуда, дар ноҳияи таърихии Ғур ба Давлати Ғуриён асос гузошта аст. Зимни муборизаи тезу тунди синфӣ ва ҷангҳои байниҳамдигарии феодалони маҳаллӣ ӯ кушта шудааст. …

Муфассал »

СУЛОЛА

Сулолаи Сомониён

СУЛОЛА (арабӣ—хонадон), мувофиқи ҳуқуқӣ меросӣ дар давлатҳои подшоҳи аз як авлод баромадани шоҳон аст, ки якдигарро ивазмекунанд. Масалан, Сулолаи Сосониён, Аббосиён, Ғазнавиён ва ғайра дар асрҳон миёна, Сулолаи Қочориён ва Паҳлавиён дар Эрон, Сулолаи Романовҳо дар Россия ва Сулолаи Бурбонҳо дар Франция.

Муфассал »

СПАРТОКИЁН

spartokidiyon

СПАРТОКИЁН (аз юнонӣ spartoki-dai), сулолаи ҳукмрон (438—109 то мелод) дар давлати Босфор. Асосгузори сулола Спартоки I (солҳои ҳукмрониаш 438—433) буд; номи аъзоёни Спартокиён фракӣ ва юнонист. Спартокиён дар сиёсати дохилию хориҷӣ манфиати синфи ғуломдоронро ҳимоя менамуданд. Онҳо заминдорони калон ба шумор мерафтанд. Дар замони хукмронии Спартокиён бо Афина муносибати тиҷоратӣ …

Муфассал »

СОСОНИЁН

sassanian_empire

СОСОНИЁН     сулолаест, ки асрҳои 3—7 дар Шарқи Наздик ва Миёна ҳукмронӣ карда, ба давлати Сосониён асос гузоштаапд. Асосгузори сулола Ардашери Бобакон буд. Ворисони Ардашар: Шопури I, Ҳурмузди, Баҳроми I, Баҳроми II, Баҳроми III, Нарсе (293—302), Ҳурмизди II, Шопури II, Ардашери II, Шопури III, Баҳроми IV, Яздигурди I, Баҳроми V Гур, …

Муфассал »

Сулолаи СОМОНИЁН

samanian

СОМОНИЁН сулолае, ки дар Мовароуннаҳр ва Хуросон (Хуросони Бузург) давлати Сомониёнро (875 —999) ташкил кардааст. Асосгузораш Сомон (Сомонхудот). Намояндагони сулола: Нӯҳ ибни Асад (819 —842), Аҳмад ибни Асад (842—864), Насри I ибни Аҳмад (864—897 ва аз соли 875 амири Мовароуннаҳр), Исмоил ибни Аҳмад (874—907, аз 892 амири Мовароуннаҳр ва аз …

Муфассал »