Маълумоти охирин
Главная / Теги: Растанӣ (страница 5)

Теги: Растанӣ

РАСТАНИҲОИ КАУЧУКДОР

rastani

РАСТАНИҲОИ КАУЧУКДОР, растаниҳоеро гӯянд, ки дар баъзе узвҳои худ каучуки табиӣ доранд. Растаниҳои каучукдорро вобаста ба он, ки каучук дар кадом бофтаи онҳо рӯй мегардад ба латексӣ (каучук дар шираи ширмонанд — латекс мешавад), паренхимӣ (дар паренхимаи танаю реша), хлоренхимӣ (дар бофтаҳои сабзи навдаҳои наврасу баргҳо) ҷудо мекунанд. Растаниҳои латексие, …

Муфассал »

РАСТАНИҲОИ ИНДИКАТОРӢ

%d0%ba-%d1%88

РАСТАНИҲОИ ИНДИКАТОРӢ, растаниҳоеро гӯянд, ки як навъ нишондиҳандаи шароити муҳит, асо­сан таркиби химиявии хок мебо­шанд. Аз рӯи Растаниҳои индикаторӣ таркиби механикиву шӯрии хокро месанҷанд ва дар биёбон оби ширин меҷӯянд. Ҳангоми ба харита гирифтани ҷинсҳои хокҳосилкунанда ва ҷустуҷӯи баъ­зе навъи сарватҳои табиӣ низ аз Растаниҳои индикаторӣ истифода мебаранд.

Муфассал »

РАСТАНИҲОИ ДАРАҶАИ ПАСТ

rastanihoi-darajai-past

РАСТАНИҲОИ ДАРАҶАИ ПАСТ, растани ҳ о и таллом ӣ, та л л о фитҳо (Thaliophyta), бактерияҳо, актиномисетҳо, миксомисетҳо, занбӯруғҳo, обсабзҳо ва гулсангҳо барин растамиҳои маъмулро гӯянд. Танаашои, ки таллом номида мешавад, ба реша, поя ва барг ҷудо нашудааст. Онҳо узвҳои афзоиши бисёрҳуҷайрагӣ надоранд. Дар байни Растаниҳои дараҷаи паст гурӯҳҳои зерин …

Муфассал »

РАСТАНИҲОИ ДОРУӢ

vitaminy

РАСТАНИҲОИ ДОРУӢ, набототи шифобахш, растаниҳое, ки дар тиб ва байторӣ (ветеринария) барои табобат ё пешгирии касалиҳо истифода мешаванд. 20 ҳазор сол муқаддам, вақте, ки одамон дар ғорҳо мезистанд, баъзе растаниҳои шифобахшро аз растаниҳои заҳрн о к фарқ мекарданд. Тасвиру тавсифи бисёр Растаниҳои доруӣ дар аҳромҳои Миср, ёдгориҳои қадимаи маданияти Юнон, …

Муфассал »

РАСТАНИҲОИ ДАББОҒӢ

rastanihoi-dabbghi

РАСТАНИҲОИ ДАББОҒӢ  растаниҳоеро гӯянд, ки моддаҳои даббоғӣ ё танидҳои бисёр доранд ва дар саноат чун ашёи хом истифода мешаванд. Танидҳо асосан дар реша­ву решапоя, пӯстлох, барг, мева, чӯб ва бузғунҷ гирд меоянд. Танидҳо дар реаксияҳои биохимиявӣ иштирок карда, ба инкишофи занбӯруғҳои паразит ва бактерияҳо дар бофтаи растаниҳо монеъ мешаванд. Растаноҳои …

Муфассал »

РАСТАНИҲОИ ГУЛДОР

images

РАСТАНИҲОИ ГУЛДОР, пӯшида т у х м ҳ о (Magnoliopbyta ё Аngiospermae), растаниҳои гулдори дараҷаи олӣ. Бештар аз 400 оила, зиёда аз 12 ҳазор ҷинс ва қариб 235 ҳазор намудро дар бар мегиранд. Дар та­моми дунё маъмуланд. Вале мах­сусан дар ноҳияҳои тропикӣ бисёртаранд. Ниг. Пӯшидатухмҳо.

Муфассал »

РАСТАНИҲОИ ГАРМИПАРВАР

rastanihoi-garmiparvari

РАСТАНИҲОИ ГАРМИПАРВАР, растаниҳоеро гӯянд, ки ба ҳарорати паст тобовар нестанд. Ба Растаниҳои гармипарвар растаниҳое мансубанд, ки аслан аз мамлакатҳои гарманд (масалан, шолӣ, бодиринг, пахта ва ғайра). То чӣ андоза зарар дидани ин рас­таниҳо ба намии ҳаво, дараҷаи paвшанӣ, синну сол ва ҳолати физиологиашон вобаста аст. Сабаби аз таъсири ҳарорати паст …

Муфассал »

РАСТАНИҲОИ ВИТАМИНДОР

vitaminy

РАСТАНИҲОИ ВИТАМИНДОР, растаниҳоеанд, ки чун ашёи хом ба­рои истеҳсоли витаминҳо (холис ё консентрат) истифода мешаванд ё организме одам ва ҳайвонотро бо витаминҳо таъмин мекунанд. Ба­рои организми одам дар як шаборӯз 200—250 мг витамин лозим аст. Растаниҳои провитаминдор (п р о витаминҳо моддаҳоеанд, ки дар организми қайвон ба витаминҳо табдил меёбанд) …

Муфассал »

РАСТАНИҲОИ БИСЁРСОЛА

rastanihoi-bistorsola

РАСТАНИҲОИ БИСЁРСОЛА, гиёҳ ва нимбуттаҳое, ки бештар аз ду сол зимистон мегузаронанд. Баъзеашон якчанд сол, дигарашон то 20—30 ва ҳатто то 100 сол (масалан- тоғсақич) месабзанд. Онҳо дар синни муайян гул карда, минбаъд ҳар сол мева (поликарпҳо) медиҳанд. Растаниҳои як-дусола фақат як маротиба гулу мева (монокарпҳо) карда, баъд нобуд мешаванд. …

Муфассал »