Маълумоти охирин
Главная / Теги: паранда (страница 3)

Теги: паранда

ШУНҚОР

shunkor

ШУНҚОР, (Falco gyrfalco), як навъ паррандаи соҳибчанголро гӯянд. Дарозии баданаш 50—60 см; вазнаш то 1,5 (нарина), 2 кг (модина). Болу параш хокистарранг ё сафеди холдор. Ш. дар шим. Европа, Осиё ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудаaст. Дар бешатундра ва шахҳои соҳили баҳрҳо зиндагӣ мекунад. Лонаи диг. паррандагонро (дар дарахтони баланд, шах, …

Муфассал »

ШОҲМУСИЧА

shohmusicha

ШОҲМУСИЧА (Streptopelia orien-talis), як навъ паррандаро гӯянд. Бино ба таснифоти зоологӣ мансуби қатори кафтарҳост. Ш. зоҳиран ба мусича шабоҳат дорад, вале аз он калонтар ва рангаш тиратар аст. Дар бешазор ва ҷойҳои кушод зиндагӣ мекунад. Лонаашро дар дарахт сохта, 2 тухм мегузорад. Ш. мисли кафтар тезпарвоз аст. Ғизояш тухми растаниҳост.

Муфассал »

ШОҲИН

shohin

ШОҲИН (Arcipiter gentilis), як навъ паррандаи соҳибчанголро гӯянд. Бино ба таснифоти зоологӣ ба оилаи лочинҳо (Accipitridae) мансуб аст. Дарозиаш 52—70 см, вазнаш 0,55—1,8 кг. Модина аз наринааш калонтар аст. Болҳояш кутоҳу думаш дароз аст. Тахтапушташ кабуд, шикамаш рахҳои кундаланг дорад. Ш. асосан дар зонаи бешазори Европа, Осиё, Америкаи Шимолӣ ва …

Муфассал »

ШАБОВЕЗ

shabovez

ШАБОВЕЗ, -чок, чокак, чӯк, мурғи шабовез, мурғи ҳақгӯй, мурғест, ки гӯё тамоми шаб ба як по истода фарёд мекашидааст. То чакраи хун аз гулӯяш начакад, хомӯш намешудааст.

Муфассал »

ЧИЛМАНГУШТАК

chilmangushtak

ЧИЛМАНГУШТАК (Troglodytes troglodytes), ҷинқарча, вақмак, тиск, як навъ паррандаи хурди гунҷишкшаклест аз оилаи (Ttorglodytae). Ҷои зисташ ҷангалҳои сӯзанбарг ва паҳнбарг. Дар кӯҳҳои Осиёи Миёна (дар ҷойҳои сершах, санглох ва буттазор) зиндагӣ мекунад. Лонааш курашакл буда, аз паҳлу даромад дорад. Чилмангуштакҳо 6—7 тухми сафед (холҳои сурхча дорад) мегузоранд. Баъди 14—15 шабонарӯз …

Муфассал »

ЧАРҒ

chargh

ЧАРҒ, мурғест шикорӣ. Чарғ аз боз хурдтар буда, болҳои нисбатан кўтоҳ дорад; болу параш зарди қаҳваранг. Дар СССР, аз ҷумла дар Тоҷикистон 2 намуди Чарғ (Чарғи муқаррарӣ ва Чарғи дашти маскун аст.) Чарғи муқррарӣ (Cerchneis tin-nunculus, ниг. расм) дар Помир (дар баландии то 4000 м аз с. б.) вомехӯрад. Дар …

Муфассал »

ЧАКОВАК

chakovak

ЧАКОВАК, чакова, чаков, чекак, қуббара, сӯфи тӯрғай (Calerida cristata), як навъ паррандаи хурди хушовозро гўянд. Ба қатори гунҷишкҳо мансуб аст. Дарозии баданаш 17—19 см; вазнаш 39—46 г. Болу параш хокиранг буда, холҳои тира дорад. Нўлаш рост, пойҳояш боқувват ва ангушти охирини чанголаш дарози тез аст. Дар сараш парҳои нисбатан дароз …

Муфассал »

ХУРӮС

xurus

ХУРӮС, 1) мурғи саҳар, ҷинсни наринаи мурғи хонагиро гӯянд; 2) бедонаи нар ва мурғи титави нарро ҳам Xурўс хонанд.

Муфассал »