Главная / Теги: паранда

Теги: паранда

САЪБА

saba

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш сурх, болу думаш сиёҳ. Дар миёнаи болаш холи зард ва дар интиҳои болу думаш холи сафед дорад; тахтапушт ва китфаш хокистарранги сурхчатоб; шикамаш сафед. Нӯлаш гулобитоб. Дар Европа, Осиёи Ғарбӣ, Африкаи Шимолу Ғарбӣ, дар Иттифоқи …

Муфассал »

САНГОБДАВАК

sangobdavak

САНГОБДАВАК , ҷинсн паррандаест аз оилаи сангобдавикиҳо. Дарозии танаш 16,5—18 сантиметр, думаш дароз, пойҳояш дарозу бориканд. Рангаш сафед ё зарди хокистарнамо ва сиёҳ. 11 намудаш дар Европа, Осиё, Африка паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 5, аз ҷумла дар Тоҷикистон 4 намудаш дида мешавад. …

Муфассал »

САНГДОН

murgh

САНГДОН, як қисми васеъшудаи нои ҳозиин паррандаҳост. Сангдон аз қисмҳои ғадудӣ ва мушакӣ иборат аст. Кутикулаи қисми мушакии аксари паррандаҳо ғуррӣ ҳосил мекунад, ки он якҷоя бо сангчаҳое, ки парранда бо ҳамроҳии хӯрок фурӯ мебарад, ба майда шудани хӯрок кӯмак мерасонад. Девораи қисми мушакии Сангдони паррандаҳои гӯштхӯр тунук ва паррандаҳои …

Муфассал »

ФОХТА

foxta

ФОХТА, куку (Сисиlus саnorus subtelephanus), як навъ паррандаест мусичамонанд (аз қатори фохташаклҳо), аммо аз вай калонтар, парҳояш холдор) ва гарданаш тавқдор. Дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон вомехӯрад. Дар бешазори кӯҳҳо, тӯғайзори соҳили дарёҳо, боғот ва ғайра зиндагӣ мекунад. Аввали май омада, сентябр парида меравад. Тухмашро (15—25) дар лонаи дигар паррандагони хурд …

Муфассал »

ФОТИМАЧУМЧУҚ

ФОТИМАЧУМЧУҚ (Рагus major bucharensis), як навъ паррандаи гунҷишкмонандро гӯянд. Дар шикамаш рахи сиёҳ ва дар ду тарафи сараш холҳои секунҷаи сафед дорад. Торисар ва зери гулӯи фотимачумчуқи нарина сиёҳ аст. Парҳои канори думи фотимачумчуқ сафед, болаш кабуди хокистарӣ, нӯлаш сиёҳ ва пойҳояш кабудчаи хокистарианд. Дар туғайзору боғоти соҳили дарёҳои Сир, …

Муфассал »

ФАРОШТУРУК

dostak

ФАРОШТУРУК (Hirundinidae), фароштурук, фаростук, парасту, достак, абобил, паррандаест сиёҳбол, ки дар шифти хонаҳо бо лой лона месозад; аз рӯи таснифи зоологӣ як оилаи паррандаҳост. Дарозиаш 10—23 см, вазнаш 15—20 г. Болаш дарози камбар, пойҳояш кӯтоҳ. Тахтапушташ сиёҳча, баъзан кабудтоб, сабз ё арғуванй, шикамаш сафед. Фароштурукҳо дар Тоҷикистон аз ҳамвориҳо сар …

Муфассал »

УҚОБҲО

ukob

УҚОБҲО (Аguila), як ҷинси паррандагони соҳибчангол аз оилаи Асcipidridae. Боли паҳну дароз (ҳангоми кушода будан то 2—2,4 м) ва пойу чанголҳои боқувват доранд; дарозиашон то 1 м; вазнашон то 6 кг, нарина ва модинаашон ҳамранганд. 9 намуд дошта, аз зонаи бешатундра то биёбон ва кӯҳҳои Европа, Осиё, Африка ва Америкаи …

Муфассал »

УБАР

ubar

УБАР, убара, убра, паррандаест баробари мурғобӣ: рангаш зарду сиёҳ. Чарз ё ҳубара низ гӯянд.

Муфассал »