Маълумоти охирин
Главная / Теги: оҳанг (страница 3)

Теги: оҳанг

ТАРКИБОТ

surud-nota

ТАРКИБОТ, маҷмӯи махсуси ҷойгиршавии оҳанг, наво ва таронаҳо дар мусиқӣ. Дар таълифоти илмию назариявии мусиқии асрҳои миёна ин истилоҳро дар шакли ракаба ( ) ба маънии танзим ва мураттабсозии таркиботи мусиқӣ истифода намудаанд. Дар асрҳои минбаъда моҳияти Таркибот тағйир ёфта, зимни он асари мусиқии муҷаз ва оҳангеро ифода мекарданд, ки …

Муфассал »

«ТАКОВ»

surud-nota

«ТАКОВ» оҳанги қадимии мавсимию маросимиест аз таснифоти Накисои Чангӣ. Таковро ҳангоми ҷашги Меҳргон иҷро мекардаанд. 2) Гӯшаи созӣ дар шӯъбаҳои «Нуҳуфт» ва «Адаҷ» («Дувоздаҳмақом»), ки дар қисмати дуюми ин шӯъбаҳо иҷро мешуд.

Муфассал »

«РАҲОВӢ»

nota-2

«РАҲОВӢ» (номи маҳал дар Рум), 1) номи яке аз мақомҳои «Дувоздаҳмақом». Маъхазҳои мусиқӣ маънои Раҳовиро бо калимаҳои «раҳ», «роҳ» ифода мекунанд. Дар мусиқии халқӣ Раҳовиро гоҳо «Сувора» ё «Суворӣ» ном мегиранд. Аз ин рӯ, шакли то имрӯз расидаи Раҳовӣ мумкин аст «Сувора» («Суворӣ») бошад. Қаторовоз- ҳои Раҳовӣ 70 доираро ташкил …

Муфассал »

«РАВШАНЧАРОҒ»

nota-2

« РАВШАНЧАРОҒ » 1) оҳанги қадимии маросимӣ аз таснифоти Борбади Марвӣ барои ҷашни Наврӯз. Равшанчароғ аслан дар маросими киштукор яд­ро мешудааст ва бо нома «Алҳони кашоварзон» низ машҳур аст. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом», ки пас аз шӯъбаҳои «Дилкушо» ва «Бӯстон» меояд. 3) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Найрез» ва …

Муфассал »

ПОРТАМЕНТО

portamento

ПОРТАМЕНТО (италиявӣ portamento, айнан — кӯчондан), номаълум аз як оҳанг ба оҳанги дигар гузаштан, во­ситаи секин лағжиш додани садоҳо, гуворо иҷро кардани нағма. Ҳангоми навохтани созҳои камончадор ва хондани суруд истифода мешавад.

Муфассал »

ПОЛИЗБОН

boghbon

ПОЛИЗБОН боғбон, нигаҳбони киштзор, 1) суруди қадимии маросимӣ. 2) Яке аз оҳангҳои сигонаи Борбади Марвй. 3) Шӯъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Наврӯзи Хоро» ва «Наврӯзи Сабо», ки дар қисматҳои хотимавии ин шӯъбаҳо чун чузъиёти иловагӣ навохта мешавад. А. Раҷабов.  

Муфассал »

ШАҲРАФРӮЗ

nota-2

ШАҲРАФРӮЗ      1) оҳанги қадимии маросимӣ, аз таснифоти Борбад, ки ба ҷашни Наврӯз эҷод намудааст. 2) Суруди машҳури мардуми Бухоро дар а-ҳои 11—12, онро суруди «Шаҳрафрӯзи», «Шаҳрафрӯзон» низ меномидаанд. 3) Шуъбаи мусиқӣ дар «Ҳаштмақом ». 4) Гушаи созӣ дар шуъбаҳои «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Сабо» («Дувоздаҳмақом»). А. Раҷабов.

Муфассал »

«ШАШМАҚОМ»

shashmakom

«ШАШМАҚОМ»  силсилаи суруду оҳангҳои классикии тоҷик, ки дар як низоми муайян мураттаб гардидааст. «Шашмақом» мероси мусиқии мардуми тоҷик буда, аз шаш мақом: «Бузург», «Рост», .«Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст. Ҳар мақом қисматҳои созӣ — «Мушкилот» ва овозӣ — «Наср»-ро дар бар мегирад. «Мушкилот» танҳо тарзи оҳангӣ буда, тавассути …

Муфассал »

ЧАҒОНА

nota-2

ЧАҒОНА 1) навъе аз созҳои қадимии мусиқист. Аз чӯби дарозиаш 30—40 см сохта шуда, як тарафи онро сӯрох мекунанд ва чанд зангӯларо ба он меовезанд. Ҳангоми ба харакат даровардан зангўлахо ба ҳам бархӯрда садо мебароранд. Чағона зарбу усули оҳангро дар суръати муайян нигоҳ медорад. Муғаннӣ ба овози чангу чағона. Чи …

Муфассал »

Таронаи «Абдурраҳмонбегӣ»

«Абдурраҳмонбегӣ» таронае, ки оҳанги онро ҳофиз ва оҳанг­сози номӣ Абдурраҳмонбег (асри 19) эҷод кардааст. Ин тарона дар асоси қисматҳои таронавии мақоми «Наво» таълиф шудааст. Чунин «Абдурраҳмонбегӣ»-ҳо маъ- руфанд; «Абдурраҳмонбегӣ»-и 1 ва 2. Ин ду асар дар асоси зарбу навоҳои оҳанги «Савти сарвиноз» тасниф шудаанд. Уфари “Абдурраҳмонбегӣ.»- и 2 ба зарбу …

Муфассал »