Маълумоти охирин
Главная / Теги: Одам (страница 4)

Теги: Одам

СИПУРЗ

  СИПУРЗ,       сулурз, испурч, тиҳол, узви ҳайвонҳои мӯҳрадор ва одамро гӯянд, ки андаруни шикам ҷойгир шудааст. Сипурз узвест, ки дар просессҳои хунҳосилшавӣ, вайрон ва тақсимшавии хун, мубодилаи моддаҳо ва реаксияҳои муҳофизавии организм иштирок мекунад. Сипурзи ҳайвонот. Сипурз дар ҳамаи ҳайвонҳои мӯҳрадор мавҷуд аст. Дар гирддаҳонҳо ва баъзе моҳиҳо дар девораи …

Муфассал »

СИННИ ҚОБИЛИ МЕҲНАТ

СИННИ ҚОБИЛИ МЕҲНАТ, синни фаъолияти меҳнатии одамро гӯянд; одам дар ҷамъияти сотсиалистӣ ба меҳнат ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст, ки меҳнат ё таҳсил кунад. Дар СССР барои мардҳо аз 16 то 60, барои занҳо аз 16 то 55 солагӣ.

Муфассал »

СИННИ ҶАВОНӢ

СИННИ ҶАВОНӢ (14—15—18-солагӣ), синни калони мактабиро гӯянд. Ба камолоти организм мавзунӣ хос аст. Суръати қадкашӣ суст, ҳаҷми сандуқи сина васеъ мегардад, қобилияти корӣ меафзояд. Синни ҷавонӣ синни камолоти граждании шахс аст: қабулшавӣ ба комсомол, паспортгирӣ, пайдо кардани ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва ғайра. Дар Синни ҷавонӣ бачагон рафтори худро таҳлил …

Муфассал »

СИННИ ХУРДИ МАКТАБӢ

СИННИ ХУРДИ МАКТАБӢ (7-10 —11-солагӣ), давраи ҳаёти мактабии бачаро гӯянд. Дар ин давра дар ҳаёту фаъолият ва ҷисму рӯҳи бача тағйироти муҳим ба амал меояд. Бача ба хондан, навиштан ва ҳисоб малака ҳосил мекунад, хотира ва қобилияти мушоҳидакорию муҳокимаронии ӯ инкишоф меёбад. Шавқи бача ба донишандӯзӣ меафзояд, ӯ ба кори …

Муфассал »

СИННИ ТОМАКТАБӢ

СИННИ ТОМАКТАБӢ, давраи инкишофи кӯдакони 3—7 соларо гӯянд. Баъзан истилоҳи «Синни томактаби»-ро ба маънои васеъ — аз давраи таваллуд то ба мактабравӣ низ истифода мебаранд. Дар ин давра организми кӯдак босуръат инкишоф меёбад. Суръати инкишофи бачаҳои 3—5-сола нисбатан суст буда, баъди 5-солагӣ боз авҷ мегирад. Дар инкишофи рӯҳияи кӯдакони Синни …

Муфассал »

СИННИ НАВРАСӢ

СИННИ НАВРАСӢ (10—11—14— 15-солагӣ), синни миёнаи мактабиро гӯянд. Дар Синни наврасӣ қувваҳои ҷисмонию рӯҳонӣ босуръат инкишоф меёбанд. Синни наврасӣ давраи афзоиши пурҷӯшу хурӯши организм мебошад. Ҷиҳати аз ҳама муҳими инкишофи бача дар Синни наврасӣ балоғат аст, ки он ба фаъолияти узвҳои дохилӣ, кори майна, дил, рӯҳияю шахсияти бача таъсири муайян …

Муфассал »

СИННИ КӮДАКӢ

СИННИ КӮДАКӢ, синни аз ҳини таваллуд то сесолагии кӯдакро гӯянд. То яксолагӣ ба кӯдак инкишофи аппаратҳои ҳаракатӣ, амалҳои оддитарин бо продметҳо, ҷойивазкунии фаъолона (гаваккаши, бо қомати рост қадам гузоштан), майли нутқ, тақлидкорӣ ба амалиёти калонсолон хос аст. Давраи аз 1 то 3-солагӣ дар инкишофи ҷисмонию рӯҳӣ давраи муҳим ба шумор …

Муфассал »

СИННИ одам

%d1%81%d0%b8%d0%bd%d0%bd%d0%b8

СИННИ одам, 1) як марҳилаи рушду камоли одамро гӯянд, ки ӯро қонуниятҳои муайяни ташаккули организм ва шахсият хосанд, махсусиятҳои нисбатан устувори морфологию физиологӣ ва психологӣ низ аз ҷумлаи муайянкунандагони ӯянд. Вобаста ба Синн шакли таълиму тарбия дигар шуда, мазмуни он тағйир меёбад. Дар педагогикаи муосир ва психологияи синну сол давраҳои …

Муфассал »

Орнитозҳо

Орнитозҳо

Орнитозҳо (аз юнонӣ ornis, ornithos — парранда), як гурӯҳи бемориҳои вирусии парранда ва одамро гӯянд. Орнитозҳо аввалин бор соли 1875 илман қаламдод шудааст. Сирояти Орнитозҳо дар бештар аз 130 намуди паррандаҳо муқаррар карда шудааст, ки ин ба «орнитоз» номидани беморӣ водор намуд. Ангезандаи Орнитозҳо вирусест, ки аз наҷосат ва луоби …

Муфассал »