Главная / Теги: Одам (страница 3)

Теги: Одам

СИФОҚ

sifok

СИФОҚ (арабӣ), шикампарда, гишои шикам, пардаи тунуки нимшаффофест, ки дар тарафи даруни девораи ковокии шикам воқеъ буда, рӯи узвҳои андаруни шикамро мепӯшад. Масоҳати умумии Сифоқи одами калонсол 1,6—2,04 м2, ғафсиаш 0,7—1,1 мм мешавад. Қабати берунии Сифоқ аз мезотелий (бофтаи эпителӣ), ки асоси онро бофтаи пайвандии алёфи (сернах )ташкил мекунад, ҳосил …

Муфассал »

СИФИЛИС

sifilis-1

СИФИЛИС, доначаҳоеро гӯянд, ки ҳангоми сифилис дар пӯст медаманд; масалан, розеола (доначаҳои сурх), пайса, рихинак ва ғайра.

Муфассал »

СИФИЛИС

syphilis

СИФИЛИС (аз номи асари духтури италиявӣ Ҷ. Фракасторо  — «Сифилис ё бемории франсавӣ», ки соли 1530 дар Верон нашр шуда, ба тавсифи бемории чӯпон Сифилус оид буд), оташак, обилаи фараягн, доъулфаранг, куфт, қулрӯна, як марази сироятиро гӯянд, ки дар олати таносули одам пайдо мешавад; трепонемаи сафед (спиро- хетҳо) ба вуҷуд …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ҲОЗИМА

sys-hozima

СИСТЕМАИ ҲОЗИМА, дастгоҳи ҳозима, маҷмӯи узвҳои ҳазму гувориши ғизо дар организми ҳайвон ва одам. Системаи ҳозима ҳуҷайра ва бофтаҳои дар организм муттасил вайроншавандаро бо энергияю моддаҳои зарурӣ таъмин намуда, барои барқарор шудани онҳо мусоидат мекунад. Системаи ҳозимаи аксари ҳайвон аз найчае иборат аст, ки ду сӯрохӣ дорад, яке даҳон (барои …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ХУНГАРД

sys-khungard

СИСТЕМАИ ХУНГАРД, системаи хункашоӣ, маҷмӯи рагҳо ва ковокиҳо (ҷавфҳо)-и организми ҳайвон ва одам, ки дар онҳо хун ё гемолимфа мегардад. Системаи хунгард организмро бо моддаҳои ғизоӣ ва оксиген таъмин мекунад ва маҳсулоти мубодилаи моддаҳоро хориҷ менамояд. Системаи хунгард ду навъ мешавад: сарбаста ва ғайрисарбаста (лакӯнарӣ). Системаи хунгардии сарбаста барои баъзе …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ЛИМФА

sis-limfa

СИСТЕМАИ ЛИМФА, маҷмӯи рагҳо, гиреҳҳо ва бофтаи ҳайвони мӯҳрадор ва одамро гӯянд, ки лимфаро аз бофтаю узвҳо ба системаи венозӣ мегузаронанд ва организмро ҳимоя мекунанд. Системаи лимфа аз капиллярҳои лимфа сар мешавад. Капиллярҳо ба рагҳои хурди лимфа ва рагҳои хурд ба рагҳои калони лимфа муттаҳид шуда, дар охир ду маҷрои …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ЛИМБӢ

СИСТЕМАИ ЛИМБӢ маҷмӯи шӯъбаҳои мағзи сарро гуянд, ки асосан дар сатҳи дарунии нимкураҳои калон ҷойгир шудаанд. Системаи лимбӣ дар танзими функсияи узвҳои дарунӣ, шомма, рафтори инстинктивӣ, ҳаяҷони рӯҳӣ (эмосия), хотир, хоб, бедорӣ ва ғайра иштирок мекунад.

Муфассал »

СИСТЕМАИ ИХРОҶ

sys-ixroj

СИСТЕМАИ ИХРОҶ, системаи экскреторӣ, маҷмӯи узвҳоеро гӯянд, ки оби барзиёд, маҳсули пасмондаи мубодилаи моддаҳо, намакҳо ва моддаҳои бегонаро аз организми ҳайвону одам берун мекунанд. Хориҷ кардани ин моддаҳо талаботи ҳатмии организм аст, зеро онҳо организмро заҳролуд мекунанд. Системат ихроҷ таркиби ионии организмро таъмин мекунад ва гармии баданро ба танзим медарорад. …

Муфассал »

СИСТЕМАИ АСАБИ МАРКАЗӢ

СИСТЕМАИ АСАБИ МАРКАЗӢ, асабияи марказӣ, қисми асосии системаи асаби ҳайвонот ва одамро гӯянд, ки аз ҷамъи ҳуҷайраҳои асаб (нейронҳо) ва шохаҳои онҳо иборат аст; дар ҳайвоноти бемӯҳра аз системаи байни ҳамдигар зич алоқаманди уқдаҳои асабӣ (ганглияҳо) ва дар ҳайвоноти мӯҳрадору одам аа ҳароммағз ва мағзи сар иборат аст. Вазифаи махсус …

Муфассал »

СИРИШТ

СИРИШТ, ниҳоди инсон, табиату тинат ва хӯи модарзодии одамро гӯянд. Дарахте, ки талх аст вайро сиришт, Гараш барнишонӣ ба боғи бихишт (Фирдавсӣ) Аз рӯи ақидаи динӣ Сиришт ва сарнавишт хоси инсон буда, таквин ва тақдиру қисмати ӯро ифода мекунанд. Ба маънои офариниш ва эҷод низ истифода мешавад. Дар луғат гоҳо …

Муфассал »