Маълумоти охирин
Главная / Теги: Одам (страница 2)

Теги: Одам

СПЕРМАТОЗОИД

spermatazoid

СПЕРМАТОЗОИД (аз юнонӣ sperma ва zооh — мавҷудоти pинда ва еidоs — намуд; навъ, хол), ҳуҷайраи ҷинсии мардонаи одам, ҳайвонот ва аксари растаниҳоро гӯянд. Нигаред низ Нутфа.

Муфассал »

СОМЕА

somea1

СОМЕА (арабӣ Шунавоӣ, қувваи шунавоӣ), яке аз ҳавоси хамса (қувваҳои ҳисси панҷгона)-ро гуянд, ки тавассути он одам ва ҳайвон садоро дарк мекунад. Вобаста ба дараҷаи инкишоф, ҷои зиндагӣ ва ғайра Сомеаи ҳайвонот гуногун мешавад. Сомеа бори аввал дар ҳашарот ба вуҷуд омадааст. Ҳамаи ҷонварони муҳрадор низ Сомеа доранд; дар ширхурҳо …

Муфассал »

СОМАТОТИП

somatotip

СОМАТОТИП, дар антропология як шакли сохти бадани одамро гуянд. Ҳангоми ҷудо намудани Соматотип дараҷаи инкишофи скелет, мушакҳо, равғанҷудокунӣ, шакли қафаси сина, шикам ва тахтапушт ба назар гирифта мешаванд.

Муфассал »

СОМАТОЛОГИЯ

somatology

СОМАТОЛОГИЯ (аз юн. soma ва …логия), як соҳаи морфологияи одамро гӯянд, ки тағйирёбии шаклу андозаи бадани одам ва қисмҳои онро меомӯзад. Самотология соматоскопия (тавсифи сохт, таносуби бадан, узвҳо) ва соматометрия (чен намудани бадан ва қисмҳои он, вазн, қувваи мушакҳо) -ро дар бар мегирад.  

Муфассал »

СКОЛИОЗ

skolioz

СКОЛИОЗ (юнонӣ — каҷшавӣ, каҷ), ба рост ва ё чап каҷ шудани сутунмӯҳраи одамро гуянд. Одатан дар кӯдакӣ (5— 15 солагӣ) ба амал меояд. Рахит, лат хӯрдани сутунмӯҳра, баъзе бемориҳои системаи асаб ва ғайра боиси Сколиоз мегарданд. Сколиоз дар натиҷаи дар парта нодуруст нишастан (Сколиози мактабӣ) низ пайдо мешавад. Пешгирӣ: …

Муфассал »

СКЛЕРОЗ

skleroz

СКЛЕРОЗ (аз юнонӣ sklerosis — сахтшавӣ), тасаллуб, инъисоб, салабот, зичшавии бофтаи пайвандии ягон узви бадани одам ва ҳайвонро гӯянд. Дар натиҷаи Склерозии узв ҷузъҳои муҳими лаҳима (паренхима) нобуд шуда, ҷои онҳоро бофтаи пайвандии дағалнах мегирад; баъзан дар он амилоид, гиалип, оҳак ва ғайра таҳшин мешавад. Ин ҳолат одатан дар натиҷаи …

Муфассал »

СКЛЕРОДЕРМИЯ

sklerodermiya

СКЛЕРОДЕРМИЯ (аз склеро… ва дерма), дағалпӯстӣ, дуруштпӯстӣ, як навъ бемории одам аз гурӯҳи коллагенозҳо. Ҳангоми Склеродермия бофтаҳои пайвасткунаидаи пӯст ва узвҳои дохилӣ сахту дағал мешаванд. Склеродермия маҳдуд, мунташир (лаҳншуда) ва системавӣ мешавад. Склеродермияи  маҳдуд пулакчавӣ, тасмашакл ва сатҳӣ шуда метавонад. Ҳангоми Склеродермияи маҳдуди пулакчавӣ дар қисмҳои гуногуни пӯст доғҳои ҷоғарии …

Муфассал »

СКЕЛЕТ

skelet

  СКЕЛЕТ (аз юнонӣ Skeletos — хушкшуда, қоқшуда), маҷмӯи бофтаҳои сахти организми ҳайвонот ва одамро гӯянд, ки вазифаи такягоҳи бадан ва аз офатҳои механикӣ муҳофизат кардани онро иҷро мекунад.   Скелети одам аз устухонҳои ҷумҷума, дасту пой ва тана иборат буда (ҳамагӣ беш аз 200 устухон), аз ҷиҳати сохти умумӣ …

Муфассал »