Главная / Теги: Об

Теги: Об

Лот

лот

ЛОТ (аз голл. lood), асбоб барои аз болои киштӣ чен кардани умқи об. Локҳои дастӣ, механикӣ ва гидроакустикӣ мавҷуданд. Локи дастӣ порсанги сурбӣ ё чуянии (массааш 3,5—5 кг) конус (пирамида)-шаклест, ки ба нӯгаш симтаноб (лот­линь) баста шудааст (симтанобро ба метрҳо тақсим мекунанд). Бо ёрии он умқи баҳрро то 50 м …

Муфассал »

Обҷувоз

0

Обҷувоз, дастгоҳи шоликӯбие, ки ба воситаи об ҳаракат мекунад. Обҷувоз аз тир (дарозиаш 5 метр, диаметраш 30—35 сантиметр), парра, лингкӯб, дӯл ва нова иборат. аст. Нова аз 3 тахтаи пайвасти 5—6 метра иборат буда, як тарафи он ба баландӣ, ба роҳи об, тарафи дигараш ба парра, ки аз но­ва поёнтар …

Муфассал »

Обҳои ювенилӣ

0

Обҳои ювенилӣ (аз лотинӣ juve­nilis— ҷавон), обҳоеро гӯянд, ки бори нахуст аз қаъри Замин ба гидросфераи зеризаминӣ дохил ме­шаванд. Ин истилоҳро соли 1902 геоло­ги австриягӣ Э. Зюсс пешниҳод кар­дааст. Обҳои ювенилӣ ба қишри Замин дохил шуда, бо обҳои дигар омехта мегарданд. Дар табиат обҳои соф ювенилӣ вонамехӯранд, зеро онҳо ҳангоми …

Муфассал »

Обҳои территориявӣ

0

Обҳои территориявӣ, б а ҳ р и территориявӣ, минтақаи баҳрие, ки ба соҳил ё обҳои дохилии давлате пайваст буда, қисми территорияи давлатро ташкил медиҳад. Обҳои территориявӣ, сатҳ, қаъри онҳо ва фазой ҳавоии ин обҳо ба доираи истиқлолияти давла­ти наздисоҳилӣ дохил мешаванд. Ре­жими Обҳои территориявиро Конвенсияи байналхалқӣ оид ба баҳрҳои территориявӣ …

Муфассал »

Обҳои термалӣ

0

Обҳои термалӣ (аз юнонӣ ther- me — гармӣ), обҳои зеризаминии қишри Замин, ки ҳарораташон 20° Селсия ва аз он баланд аст. Изотермаи 20° Селсия (ҳудуде, ки дар он ҳарорати ҳаво, замин ва об баробар аст) дар ноҳияҳои яхбандии бисёрсола аз чуқуриҳои 1500—2000 метр, дар ноҳияҳои субтропикӣ аз чуқуриҳои 100 метр …

Муфассал »

Обҳои минерали

0

Обҳои минерали, обҳои зеризаминӣ (гоҳо рӯизаминӣ)-ро гӯянд.ки дар таркиби худ ба миқдори зиёд баъзе элементҳои химиявӣ (йод, бром, ба­рий, литий, стронций, оҳан, фтор в а ғайра), газ ва пайвастҳои гуногун (га­зи карбон, гидрогенсулфид, радон, метан) доранд. Минералнокии Обҳои минералиро миқдори моддаҳои ҳалшаванда (ба ҳисоби грамм дар 1 литр об) муайян …

Муфассал »

Обҳои зеризаминӣ

0

Обҳои зеризаминӣ, обҳои қисми болоии қишри Замин (то чуқуриҳои 12—16 километр)-ро гӯянд, ки дар ҳолати моеъ, сахт (ях) ва бур вомехӯранд. Обҳои 3еризаминӣ бо вазни худ ҳаракаткунандаро Обҳои зеризаминии озод ё гравитасион, дар рӯи зарраҳои ҷинсҳо чун парда ё бур ҷо гирифтаро Обҳои зеризаминии пайваст (сорбсияшуда), дар сӯрохиҳои хурди ҷинсҳо …

Муфассал »

Обҳои дохилӣ

0

Обҳои дохилӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ, роҳҳои обии дохилӣ (дарёҳо, каналҳо, кӯлҳо, обанборҳое, ки дар ҳудуди давлате воқеъ гаштаанд) ва баҳрҳое, ки аз чаҳор тараф бо хоки фақат як давлат иҳота шудаанд (дар СССР, масалан, баҳри Арал). Ба Обҳои дохилӣ инчунин бандарҳои баҳрӣ, лангаргоҳҳою халиҷҳои хур­ди дохилӣ ва берунӣ ва соҳилҳое, …

Муфассал »