Главная / Теги: насрнавис

Теги: насрнавис

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

sadi

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. Бо номҳои Ш а й х Саъдӣ, Саъдии Шерозӣ машҳур аст. Падари Саъдӣ Мушрифи Шерозӣ, ба қавли худи шоир, олим ва арбоби дин буда, бо он музде, ки аз давлат мегирифт, осоиши оилаашро таъмии мекард. …

Муфассал »

САЪДУДДИНИ ВАРОВИНӢ

САЪДУДДИНИ ВАРОВИНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнависи форс-тоҷик. Дар охири асри 12 ва аввали асри 13 умр ба сар бурдааст. Саъдуддини Варовинӣ аз мулозимони Хоҷа Абулқосими Рабибуддин — вазири атобаки Озарбойҷон буд. Вай ба номи ҳамин вазир «Марабоннома»-ро аз лаҳҷаи табарӣ ба забони форсӣ гардонидааст. Тарҷумаи Саъдуддини Варовинӣ аз …

Муфассал »

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС ибни Искандар ибни Қобус (1020—1099), насрнависи форс-тоҷик. Яке аз ҳокимони сулолаи Зиёриён. Аз илмҳои замонаш хуб огоҳ буд. Дар Гургон бо таъсири таълимоти Абӯалӣ ибни Сино ба омӯзиши тиб пардохт; илми нуҷум, ҳайъат, шеър ва мусиқиро ҳам омӯхт. Унсурмаолӣ шахси донишманд буд ва таҷрибаи фаровони ҳаётӣ дошт. Ҳамаи …

Муфассал »

УБАЙДИ ЗОКОНӢ

u-zokoni

УБАЙДИ ЗОКОНӢ Убайдуллоҳ мулаққаб ба Хоҷа Низомуддин (1270 ё 1280, деҳаи Зокони назикии Қазвин—1371, Шероз), шоир ва насрнависи форс-тоҷик. Давраи ҷавонӣ ва таҳсилоти ибтидоии худро дар Қазвин гузаронида, сипас барои идомаи таҳсил ба Бағдод рафт. Баъд ба зодгоҳаш омад, вале аз рӯи нодорӣ маҷбур шуд ба хиамати ҳукмрони Бағдод бозгардад. …

Муфассал »

ТУҒРОИ МАШҲАДӢ

ТУҒРОИ МАШҲАДӢ Мулло Туғро; тахаллус дигараш Шефта (соли таваллуд номаълум, Машҳад — вафот 1667, Кашмир), шоир ва насрнависи форсизабони Ҳиндустон. Яке аз намояндагони маъруфи сабки ҳиндӣ. Куллиёти Туғрои Машҳадӣ муштамил ба «Соқинома» (дар шакли маснави), қасоид, ғазалиёт, қитаот, фардиёт, таркиббандҳо, тарҷеъбандҳо ва мухаммасот буда, бештар аз 27500 байтро дар бар …

Муфассал »

ТУРКАИ ХУҶАНДӢ

ТУРКАИ ХУҶАНДӢ Хоҷа Абумуҳаммад Соинуддин Алӣ ибни Афзалуддин мутахаллис ба Собир (соли таваллуд номаълум — вафот 1432, Ҳирот), насрнавис ва олими тоҷик. Дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Туркаи Xуҷандӣ аз нависандагони сермаҳсул аст. Бештар аз 40 асари у ба шакли дастнавис дар китобхонаҳои ҷаҳон нигоҳ дошта мешавад, ки машҳуртаринашон …

Муфассал »

ТАСУЧУЙ Абдуллатиф

ТАСУЧУЙ Абдуллатиф (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнаниси эронӣ (асри 19). Дар Табрез таваллуд шудааст. Дар назди падараш хату савод омӯхт. У инчунин илмҳои замона ва сарфу наҳви забони арабиро омӯхта, лақаби «Муллобошӣ» – ро касб намуд. Муҳаммадшоҳи Қоҷор (1834—48) тарбияи валиаҳд Носируддинро ба Тасуҷуй супорида буд ва бо хоҳиши …

Муфассал »