Маълумоти охирин
Главная / Теги: нависанда (страница 7)

Теги: нависанда

ПРУС Болеслав

prus-boleslaw

ПРУС (Prus) Болеслав (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Александр Гловатск и й; 20.8.1847, Хрубешув, наздикии Люблин—19. 5. 1912, Варшава), нависандаи поляк. Солҳои 1866—1868 дар факултети физика ва математикаи Мак­таби олии Варшава таҳсил намудааст. Асарҳояш аз соли 1872 чоп шу­даанд. Дар газетаҳои Варшава ҳамкорӣ намудааст (1874—1903); солҳои 1882—1883 муҳаррири журнали «Новины» («Nowiny») …

Муфассал »

ПРЕМЧАНД – Дҳаипатрай Шривастав

premchand

ПРЕМЧАНД (тахаллусаш; номаш Дҳаипатрай Шривастав; 31. 7. 1880, Лаҳми, наздикии Банорас — 8. 10. 1-936, Банорас), нависанда ва публитсисти ҳинду. Ба забонҳои урду ва ҳиндӣ менавишт. Эҷодиёти Премчанд таҳти таъсири ҳаракати миллии озодихоҳии Ҳиндустон инкишоф ёфтааст. Нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои Премчанд «Муҳаббати ватан» 1909 аз ҷониби ҳукуматдорони англис сӯзонда шуд. Дар …

Муфассал »

ПРАСАД Ҷайшанкар

ПРАСАД Ҷайшанкар (10. 1. 1889, Банорас—15. 11. 1937, ҳамон ҷо), нависандаи ҳинду. Ба забони ҳиндӣ менавишт. Прасад дар инкишофи назм ва драматургияи ҳиндӣ саҳми арзандае дорад. Ӯ яке аз идеологҳои равияи романтикии символистӣ дар адабиёти Ҳиндустон (солҳои 20—30) мебошад. Дар эҷодиёти Прасад масъалаҳои некӣ ва бадӣ, инсон ва табиат, хирад …

Муфассал »

ПОЛО

marco_polo

ПОЛО (Роlо Маrkо, тақрибан 1254, Венетсия —8. 1. 1324, ҳамон ҷо), сайёҳ ва нависандаи Италия. Аз оилаи тоҷиир ва сайёҳ. Поло солҳои 1271—1275 ҳамроҳи падараш Николо ва амакаш Маттео Поло савори киштии тоҷирон ба соҳилҳои ҷанубу шарқии нимҷазираи Осиёи Хурд меояд. Сипас ба воситаи кӯҳсори Арман, ҳамвории Байнаннаҳрайн, кӯҳсори Эрон, …

Муфассал »

ПОЛЕВОЙ Борис Николаевич

polevoy-b-n

ПОЛЕВОЙ (тахаллусаш; фамилияаш— К а м п о в) Борис Николаевич (17. 3. 1908, Москва —12, 7. 1981, ҳамон ҷо), нависандаи советии рус, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Аъзои КПСС аз соли 1940. Техникуми саноатии шаҳри Тверро хатм намудааст (1926). Иштирокчии Ҷанги Иттифоқи Советӣ ва Финляндия (1939—1940). Солҳои Ҷанги …

Муфассал »

ПЛУТАРХ

plutarx

ПЛУТАРХ (Plutarchos) (тақрибан 45, Херонея, Беотия — тақрибан 127), нависанда, муаррих ва файласуфи Юнони Қадим. Дар Афина маълумоти энсиклопедӣ гирифтааст. Саросари Юнонро тай ва ба Риму Искандария сафар кард. Бештари ҳаёташро дар зодгоҳи ноободаш гузаронида, ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва маърифатпарварӣ машғул шудааст. Тарафдори ғояҳои кӯҳнаи ватанпарварии маҳаллии полиоӣ ва ҳамчун …

Муфассал »

Гай Плинай Сесилин Секунд

pliny_the_younger

ПЛИНИЙи X у р д, Гай Плинай Сесилин Секунд (61 ё 62, Комум, ҳозира Комо — тақрибан 114), нависанда, олим ва ходими давлатии Рим. Консули 100, легат (сафир ё вакил)-и император дар музофоти Вифиния ва Понт (111—113). Плиний ашрофони сенатп Римро, ки ба сулолаи Юлиён-Клавдиёя ва Флавиён зид, вале  дар …

Муфассал »

Гай Плинин Секунд

bmst6xjlo3fe-plinii

ПЛИНИЙи Калон, Гай Плинин Секунд (23, 24, Комум, ҳозира Комо—79), нависанда, олим ва арбоби давлатии Рим. Дар музофотҳои тобеи Рим будаи Германия, Галлия, Испания ва Африка хизмат кардааст; дар Мизен фармондеҳи флот буд ва ҳангоми оташфишонии вулқони Везувий ҳалок гардид. Муаллифи «Таърихи табииёт» ном асарест, ки аз 37 китоб иборат …

Муфассал »

ҚАҲҲОР Абдулло

kakhkhar_abdulla

ҚАҲҲОР Абдулло (17. 9. 1907, Хуҷанд—24. 5. 1968, Москва), нависандаи советии узбек. Аз оилаи оҳангар. Аъзои КПСС аз с. 1952. Фак-ти коргарӣ (1926) ва педагогии Ун-ти давлатии Осиёи Миёнаро (1930) хатм кардааст. Муддате муҳарриру мутарҷими Нашриёти давлатии Узбекистон буд. С-ҳои 1954—56 раиси Правленияи ИН Узб. Аз с. 1924 ҳамчун ҳаҷвнигор …

Муфассал »

ҚАНДИНОВ Лев Пиндосович

ҚАНДИНОВ Лев Пиндосович (тав.22. 1. 1932, ш. Фарғона), нависанда ва тарҷумони советии тоҷик. Ба русӣ эҷод ва аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума мекунад. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1965. УДТ-ро хатм кард (-1965). Дар идораҳои газетаҳои республикавӣ ва ж. «Тоҷикистон» ходими адабӣ, тарҷумон, мудири шуъба (1951—63), ёрдамчии Раиси …

Муфассал »