Маълумоти охирин
Главная / Теги: нависанда (страница 6)

Теги: нависанда

ТАВФИҚ АЛ-ХАКИМ Ҳусайн

ТАВФИҚ АЛ-ХАКИМ Ҳусайн (Ал-Ҳаким Ҳусайн Тавфиқ; таваллуд 9. 10. 1898, Искандария), нависанда ва ходими ҷамъиятии араб (Миср), аъзои Академияи забони арабӣ дар Қоҳира. Аз оилаи ҳуқуқшинос. Мактаби олии ҳуқуқшиносии Қоҳираро хатм намуд (1924), дар Париж адабиёту санъати Европаро омӯхт. Тавфиқ ал-ҳаким муаллифи зиёда аз 100 драма, бештар аз 25 повесту …

Муфассал »

ТАБАРОВ Нур

tabarov-nur

ТАБАРОВ Нур (таваллуд 15. 7. 1941, деҳаи Ғешии раёни Орҷоникидзеобод), нависанда ва журналисти советии тоҷик. Аз оилаи зиёӣ. Аъзои КПСС аз соли 1969. Университети Давлатии Тоҷикистон (1962) ва Мактаби олии партиявии назди Комитети Марказии КПСС-рохатм кард (1976). Ходим ва ҷонишини муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1962— б8), мухбири газетаи «Комсомолская правда» …

Муфассал »

РЕМАРК Эрих Мария

remarque

РЕМАРК (Нетагцие, Нетагк) Эрих Мария (22. 6. 1898, Оснабрюк — 25.9, 1970, Локарно, Швейсария), нависандаи немис. Аз оилаи саҳҳоф. Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914— 18). Баъди ҷанг — муаллим, хидматгузори тиҷоратӣ, репортёр, муқаррир. Аз соли 1932 дар муҳоҷират (ҳукумати фашистӣ ӯро аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум карда буд) зистааст. Романи «Дар …

Муфассал »

РАҲМОН Собит

РАҲМОН Собит (тахаллус; ном ва фамилия Собит Карим-ӯғлӣ М а ҳ м удов, 26. 3. 1910, Нуҳо—23. 9. 1970, Боку), нависандаи советии озарбонҷонӣ, Ходими Хизматнишондодан Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон (1943). Соли 1932 институти педагогии Бокуро хатм кард. Яке аз асосгузорони мазҳака дар адабиёти советии озарбойҷонӣ. Асарҳояш аз охири солҳои …

Муфассал »

РАҲИМ ҶАЛИЛ

rahim-jalil

РАҲИМ ҶАЛИЛ (таваллудаш 3. 6. 1909, Хуҷанд, ҳозира Ленинобод), нависандаи советии тоҷик. Нависандаи Халқии Тоҷикистон (1979). Аз оилаи мӯзадӯз. Аъзои КПСС аз соли 1943. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳна гирифт. Пас аз Револютсияи Октябр яке аз аввалин мактабҳои советии Ҳуҷандро тамом кард. Соли 1927 курси яксолаи муаллимиро хатм карда, муаллим …

Муфассал »

РАСУЛ РИЗО

РАСУЛ РИЗО (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Расул Иброҳим-ӯғлӣ Р и з о е в. таваллудаш 19. 5. 1910, шаҳри Гӯкчай), нависандаи советии озар. Шоири Халқии Озарбойҷон (1960), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1980), Ходими Хизматнишондодаи Санъ­ати РСС Озарбойҷон (1944). Аъзои КПСС аз соли 1939. Дар ВГИК хондааст (1935—1937). Солҳои 1945—1949 вазири кинематогра­фияи …

Муфассал »

РАСПЕ Рудолф Эрих

raspe-r-e

РАСПЕ (Разре) Рудолф Эрих (1737, Ганновер —1794, Макросе, Ирландия), нависандаи немис. Аз маҷмӯаи «Ҳамсафари одамони хушзавқ» (1781—1783) қиссаҳои саргузашти барои Мюнҳаузенро соли 1876 ба англисӣ тарҷума карда, бе имзо чоп кунонд. Сюжетҳоеро, ки манбаашон эҷодиёти халқ, латифаҳои атиқӣ, шарқӣ ва ғайра мебошанд ба зиндагӣ ва аъмоли шахси таърихӣ — барои …

Муфассал »

РАБЛЕ Франсуа

francois-rabelais

РАБЛЕ (Rabelais) Франсуа (1494, наздикии Шинон —9. 4. 1553, Па­риж), нависандаи франсавӣ. Аз оилаи ҳуқуқшинос. Дар ҷавонӣ роҳиб буда, сипас дар унивепситетҳои Франсия таҳсил карда, илмҳои гуногунро омӯхтааст. Доктори илмҳои тиб (1537). Дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш (1532) «Афоризмзо»-и Буқротро бо тавзеҳот ба нашр тайёр кардааст. Сипас ба эҷоди асари муҳими …

Муфассал »

ПУ СУН-ЛИН – Ляо Чжай

pu-sun-lin

ПУ СУН-ЛИН (номаш; тахаллусаш Ляо Чжай; 1640—1715), нависандаи хитой. Муаллифи маҷм. машҳури «Ҳикояҳо дар бораи аҷоиботи кабинети Ляо» (тақрибан 500 новелла), песаҳои халқи (литсюй), ривоятҳо (гутси) ва ғайра. Фабулаи новеллаҳои ӯ як ҷиҳати ғайриоддӣ ва чигиле дошта, он бо дахолати қувваи сеҳрангез ҳал мешавад. Муаллиф дар хулосаҳои махсус ба воқеаҳои …

Муфассал »

ПТИТСИН Григорий Викторович

ptitsin-g

ПТИТСИН Григорий Викторович (1911, Кострома—1942, Ленинград), адабиётшинос, нависанда ва мутарҷими советии рус. Аз оилаи муаллим. Шӯъбаи тоҷикии Университети давлатии Ленинградро соли 1937 хатм намудааст. Таҷрибаомӯзиро дар идораи журнали «Барои адабиёти сотсиалистӣ» гузаронид. Қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рӯдакӣ («Хрестоматия по литературе народов СССР», М., 1947), якчанд боби достони «Хусрав ва Ширин»-и …

Муфассал »