ТЕОРЕМАИ АКС, теоремаеро гӯянд, ки шарташ хулосаи теоремаи ибтидоӣ (роста) буда, хулосааш шарти он аст. Теоремаи ибтидоӣ баръакси теоремаи акс мебошад. Масалан, теоремаҳои: «агар ду кунҷи секунҷа баробар бошанд, он гоҳ биссектрисаи онҳо ба ҳамдигар баробаранд» ва «агар ду биссектрисаи секунҷа баробар бошанд, он гоҳ кунҷҳои мувофиқ ба ҳам баробаранд» …
Муфассал »ТЕОРЕМА
ТЕОРЕМА (юнонӣ theoremma, аз theoreo— муоина, тадқиқ) дар математика, ҷумла ё қазияеро гӯянд, ки зимни исбот муқаррар мешавад (бар хилофи аксиома). Ҳар як, теорема аз шарт ва хулоса иборат аст. Масалан, 1) агар хати рост ба яке аз ду ҳамвориҳои параллел перпендикуляр бошад, он гоҳ вай ба ҳамвории дуюм ҳам …
Муфассал »ТЕНЗОР
ТЕНЗОР (аз лотинӣ tensus — боиддат, таранг), истилоҳи математикист, ки дар миёнаҳои асри 19 ба вуҷуд омад. Истилоҳи «Танзор» бештар дар ҳисоби тензорӣ маъҷуд аст. Тензор гуфта бузургиҳои хосаро меноманд, ки аз рӯи қонуни махсус табдил дода мешаванд. Истилоҳи «Тензор» дар механика, хусусан дар назарияи чандирӣ, ҳамчун муродифи аффинори симметрӣ …
Муфассал »ТАРҲ – амали арифметикӣ
ТАРҲ, амали арифметикист (баръакси ҷамъ). Агар ҳосили ҷамъ ва яке аз ҷамъшавандаҳо маълум бошад, бо амали тарҳ ҷамъшавандаи дуюмро муайян мекунанд. Ҳосили ҷамъи додашуда камшаванда, ҷамъшавандаи додашуда тарҳшаванда, натиҷаи амал фарқ номида мешавад. Дар соҳаи ададҳои мусбат тарҳ на ҳама вақт имконпазир аст (аз адади хурд адади калонро тарҳ кардан …
Муфассал »ТАНОСУБИ ГАРМОНИКӢ
ТАНОСУБИ ГАРМОНИКӢ, таносубест, ки узвҳои мобайниаш ба ҳам баробар буда, узви охиринаш ба фарқи узви аввал ва узви мобайнӣ баробар аст: а: b = b : (а — b). Ба ду ҷамъшавандаҳо b ва а — b ҷудо кардани адади а, ки бояд таносуби гармоникиро ташкил кунанд, тақсимоти гармоникӣ ё …
Муфассал »ТАНОСУБ
ТАНОСУБ (арабист —ба ҳам мувофиқ будан), 1) Дар математика, баробарии ду нисбати чор бузургӣ (a,b,c d, d)-ро гуянд: = . Бузургиҳои а, b, с вай-ро узвҳои таносуб меноманд, ки дар он а ва d узв- ҳои канорй, b ва с уавҳои мобайнӣ ном доранд. Ҳосили зарби узвҳои мобайнии таносуб бояд …
Муфассал »ТАНГЕНСОИДА
ТАНГЕНСОИДА, хати каҷи ҳамворест, ки тағйири тангенсро вобаста ба тағйири аргументи кунҷ тасвир мекунад. Тангенсоида аз миқдори беҳадду ҳисоби хатҳои каҷи конгрузитии ҷудогона иборат аст, ки яке аз дигар дар натиҷаи дор қад-қади тири Ох ба бузуртии ба каратӣ кӯчонидан ҳосил мешавад. Тангенсоида дар нуқтаҳои ± n (ё ± 180° …
Муфассал »ТАВЗЕИ МУНТАЗАМ
ТАВЗЕИ МУНТАЗАМ, тақсимоти росткунҷа, як навъи махсуси тавзеҳоти эҳтимолиятҳои бузургии тасодуфии Х-ро гӯянд, ки аз фосилаи (а — h, а + h) қимат мегирад, бо зичии эҳтимолият: px= ҳангоми а—h<х<а + h 0, дар дигар мавридҳо тавсиф меёбад. Интизорияти математикии он бузургӣ Ех— = а, дисперсияаш Dх-=h2/3, функцияи характеристикиаш Ψ(t)= …
Муфассал »ТАВЗЕИ БОЛЦМАН
ТАВЗЕИ БОЛЦМАН, тақсимоти Максвеллу Болсман (дар физикаи статистӣ), тақсимоти мувозини зарраҳои гази идеалиро аз рӯи энергия (Е) дар майдони қуввагии беруна (масалан, дар майдони ҷозиба) гӯянд; бо функсияи тақсимотӣ f ~ е—Еr/т ифода мешавад (Е — ҳосили ҷамъи энергияҳои кинетикӣ ва потенсиалии зарра, Т — ҳарорати мутлақ, к — собитаи …
Муфассал »ТАВЗЕИ БИНОМӢ
ТАВЗЕИ БИНОМӢ, тавзеи Бернуллӣ, тақсимоти эҳтимолиятҳои миқдори рӯй додани ягон ҳодисаро ҳангоми санҷишҳои новобастаи такрорӣ гӯянд. Агар дар ҳар санҷиш эҳтимолияти рӯй додани ҳодиса ба р (0 р 1) баробар бошад, он гоҳ — адади рӯй додани ин ҳодиса дар санҷиши новобаста бузургии тасодуфист, ки қиматҳои m = 0, 1, …
Муфассал »