Маълумоти охирин
Главная / Теги: математика (страница 2)

Теги: математика

ФУНКЦИЯҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ

ФУНКЦИЯҲОИ ЭЛЕМЕНТАРӢ, синфи функсияҳоеанд иборат аз бисёрузваҳо, функсияи расионалӣ, функсияи нишондиҳандагӣ, функсияи логарифмӣ, функцияҳои тригонометрӣ ва функсияҳои тригонометрии баръакс, инчунин функсияҳое, ки бо ёрии чор амали арифметикӣ ва суперпозисияи функсияҳои дар боло зикршуда ҳосил мешаванд.

Муфассал »

ФУНКСИЯҲОИ ХОС

ФУНКСИЯҲОИ ХОС, як мафҳуми таҳлили математикиро гӯянд, ки дар мавриди ҷустуҷӯи ҳалли айниятан ба сифр нобаробари муодилаҳои дифференсионалии хаттии ин ё он шартҳои канории якҷинсаро қонеъгардонаида ба вуҷуд меояд.

Муфассал »

ФУНКСИЯҲОИ ТРИГОНОМЕТРӢ

ФУНКСИЯҲОИ ТРИГОНОМЕТРӢ, функсияҳои кунҷ—синус (sin), косинус (соs), тангенс (tg), котангенс (сtg), соканс (sес) ва косеканс (соsес)-ро гӯянд. Функсияҳои тригонометриро ҳамчун нисбатҳои дарозни (г) радиусвектори бо самти мусбатн меҳвари Ох кунҷи а-ро ташкилдиҳанда ва провасияҳои ҳамин радиусвектор ба меҳварҳои коордииатаҳо (а ва b) муайлн кардан мумкин.

Муфассал »

ФУНКСИЯҲОИ ТРИГОНОМЕТРИИ БАРЪАКС

ФУНКСИЯҲОИ ТРИГОНОМЕТРИИ БАРЪАКС, номи умумии функсияҳои арксинус, арккосинус, арктангенс, арккотангенс, арксеканс, арккосеканс, ки ҳар кадом бузургии камоне (кунҷе)-ро ифода мекунад, ки ба қимати додашудаи аргументи функсияи тригонометрӣ мувофиқ меояд. Масалан, арксинус (ишораташ: аrcsin х) камонеро ифода мекунад, ки синусаш ба х баробар аст. Графикҳои чор функсияи аввал дар тасвир оварда …

Муфассал »

ФУНКСИЯҲОИ СФЕРАВӢ

ФУНКСИЯҲОИ СФЕРАВӢ (куравӣ), функсияҳоеанд, барои омӯхтани ҳодисоти физикие, ки дар соҳаи фазоии маҳдудкардаи сатҳҳои сферавӣ ба амал меоянд.

Муфассал »

ФУНКСИЯҲОИ МАХСУС

ФУНКСИЯҲОИ МАХСУС, функсияҳоеанд, ки алалхусус ҳангоми ҳалли масъалаҳои физикаи математикӣ истифода мешаванд. Функсияҳои махсуси асосӣ ҳалли муодилаҳои дифференсиалии тартиби дуюми коэффисиентҳояш тағйирёбанда мебошанд, масалан, функсияҳои силиндрӣ, функсияҳои сферавӣ.

Муфассал »

ФУНКСИЯИ ҶУФТ

ФУНКСИЯИ ҶУФТ, функсияест, ки шарти f(—х) — (х)-ро барои ҳамаи қиматҳои х қонеъ мегардонад. Масалан, соз х функсияи ҷуфт аст, зеро соs (—х) = соз х. Графики Функсияи ҷуфт нисбат ба тири ОУ симметрист.

Муфассал »

ФУНКСИЯИ ХАТТӢ

ФУНКСИЯИ ХАТТӢ, функсияи оддитаринро гӯянд, ки графикаш абсисса хати рост аст. Бо формулаи у=кх+b ифода мешавад; ин ҷо к — тангенси кунҷи (Ψ) байни хати рост ва меҳвари абсиса.

Муфассал »

ФУНКСИЯИ ТРАНСЕНДЕНТӢ

ФУНКСИЯИ ТРАНСЕНДЕНТӢ, функсияи таҳлилии ғайриалгебравист. Масалан, функсияи нишондиҳандагӣ, функсияи логарифмӣ, ҳамаи функсияҳои тригонометрӣ транссендентианд.

Муфассал »

ФУНКСИЯИ ТОҚ

ФУНКСИЯИ ТОҚ, функсияест, ки шарти f(—х) = -f(х)-ро барои ҳамаи қиматҳри х қонеъ мегардонад. Масалан, sin x функсияи тоқ аст, зеро sin (—х) = — sin х мебошад. Графики Функсияи тоқ нисбат ба ибтидои системаи координатаҳо симметрист.

Муфассал »