Маълумоти охирин
Главная / Теги: Деҳа (страница 21)

Теги: Деҳа

Деҳаи ПУНУК

ПУНУК, деҳа, маркази Совети қишлоқи Пунуки pайони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи С. М. Киров. Аз деҳа то маркази район 75 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1620 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, шӯъбаи алоқа, таваллудхона, пункти тиббӣ ва яслии кӯдакон дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва …

Муфассал »

Деҳаи ПУНИШОР

ПУНИШОР, деҳаест дар Совети қишлоқи Нулванди pайони Қалъаихуми ВМКБ. Территорияи совхози ба номи Ю. Фучик. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 10 км, то район 46 км; «роҳ қисмаи асфалтлӯш. Аҳолиаш 196 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорӣ, кирмаку чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаи Манговдара обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи ПУЛИЧУҚУР

ПУЛИЧУҚУР, деҳаест дар Совети қишлоқи ба номи Ҳайдар Усмонови pайони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи С. Урунхӯҷаев. Аз деҳа то маркази Совети қтшлоқ 6 км, то район 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2536 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миё­на, . кинотеатр, пункти тиббӣ, ошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ …

Муфассал »

Деҳаи ПУЛИГИРДОБ

ПУЛИГИРДОБ, деҳаест дар Совети қишлоқи Моғиёни райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркааи Совети қишлоқ 1 км, то район 48 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 921 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, кинотеатр, шӯъбаи алоқа, нуқтаҳои хизмати маишӣ (сехҳои либосдӯзӣ, таъмири пойафзол, сартарошхона), магазин, чойхона …

Муфассал »

Деҳаи ПТУП

ПТУП, деҳаест дар Совети қишлоқи Шитхарви pайони Ишкошими ВМКБ. Территорияи совхози «Вахон». Аз ПтуП то маркази Совети қишлоқ 14 км, то район 61 км. Аҳолиаш 325 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, касалхона, шӯъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва ғаллакорӣ (гандум, ҷав). Заминҳо аз дарёчаи …

Муфассал »

Деҳаи ПРОЛЕТАР

ПРОЛЕТАР, деҳаест дар Совети қишлоқи Тоҷикободи pайони Вахш, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхози «Туркманистон». Аз Пролетар то маркази Совети қишлоқ 6 км, то рай­он 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 820 нафар (1981), асосан тоҷикон. Пролетар мактаби миёна, пункти тиббӣ, ма­газин, сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва лимупарварӣ. Заминҳо аз …

Муфассал »

Деҳаи ПРАВДА ВОСТОКА

ПРАВДА ВОСТОКА, деҳаест дар Совети қишлоқ Деҳқонобод, шаҳри Ҳисори Тоҷикистон. Территорияи колхози «Съезди 22-юми пар­тия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 2 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 710 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз дарёчаи Чангоб ва Канали Калони …

Муфассал »

Деҳаи ПРАВДА (шаҳри Ҳисор)

ПРАВДА, деҳаест дар Совети қишлоқи Карамқул, pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи М. И. Калинин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 4 км, то район 8 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 930 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ, магазин, касалхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз …

Муфассал »

Деҳаи ПРАВДА

ПРАВДА, деҳаест дар Совети қишлоқ Қӯштеппа, pайони Ленини Тоҷикистон. Территорияи колхози «Россия». Аз Правда то маркази Совети қ.ӯишлоқ 2 км, то район 10 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 2270 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, чойхона, магазин до­рад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтако­рист. Заминҳо аз дарёи Душанбе обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи ПРАВДА (ноҳияи Нуробод)

ПРАВДА, деҳаест дар Совети қишлоқи Комсомолобод, pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон. Территорияи совхози «50-солагии Тоҷикис-тон». Аз Правда то маркази Совети қишлоқ ва рай­он 5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 355 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мак­таби 8-сола ва клуб дорад. Машғулияти асосии сокинони деҳа чорводорӣ ва боғдорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »