Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 7)

Теги: гуногун

МЕҲНАТ

mehnat

МЕҲНАТ, фаъолияти мақсадноки одам, ки дар ҷараёни он ӯ ба воситаи олоти меҳнат ба табиат таъсир расонда, онро тағйир медиҳад ва барои қонеъ гардонидани талаботи худ мувофиқ мегардонад. Аз ин нуқтаи назар Меҳнат ба гуфтаи К. Маркс шароити абадию табиии ҳаёти инсон аст, бинобар ин вай ба ягон шакли ҳаёт …

Муфассал »

МЕҲМОНХОНА

mehmonkhona

МЕҲМОНХОНА, 1) биноест, ки ба роҳи истиқоматӣ муваққатии мусофирон ва меҳмонон хонаҳо дорад. Меҳмонхона дар замонҳои қадим пайдо шудааст. Дао асри миёна дар Европа вазифаи м.-ро ошхона, ҳавлӣ, майхона ва ғ, дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, Осиёи Миёна, Закавказия корвонсарой (асрҳои 9—14) адо мекард. Дар Россия Меҳмонхона аз ҳавлие, ки барои …

Муфассал »

МЕҲМОНИӮЛӢ

МЕҲМОНИӮЛӢ, чашмаи гарм дар Помири Шарқӣ. Дар болооби водии Оқсу, 2 км ҷан. ғарбтар аз дехаи Қизилработ воқеъ аст. Дебиташ 0,2 л/сон, ҳарор. об 24° С. Минералнокиаш дар 1 л об 4 г. Таркибаш гидрокарбонати натрий, кислотаҳои силикату метаборат ва гази карбонату нитроген дорад. Н. М. Чуршина.

Муфассал »

МЕЪРОҶ

МЕЪРОҶ (ар.— болоравӣ, нардбон), саёҳати афсонавии Муҳаммад аз Макка ба Байтулмуқаддас бо аспи Буроқ ва аз он ҷо ба олами улвӣ (осмон) барои сӯҳбат бо Оллоҳ, ки гӯё 27-уми моҳи раҷаб баргузор гардида аст. Ба муносибати ин «воқеаи» фавқулода мусулмонон иди Меъроҷ (ё иди раҷаб)-ро ҷорӣ намданд. Бино ба ривоятҳои …

Муфассал »

МЕЪМОРӢ

memori

МЕЪМОРӢ, архитектура, навъи фаъолияти эҷодии инсон, ки дар асоси маҳорати техникӣ, қонуниятҳои зебоӣ ва донишҳои илмӣ офаридани (сохтан ва ба лоиҳагирии) типҳои гуногуни иншоотро дар бар мегирад. Вазифаи муҳимтарини Меъморӣ офаридани муҳити мувофиқ барои зиндагию фаъолияти одамон ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти моддиву маишӣ, иҷтимоӣ ва ғоявию бадеии онҳо мебошад. Меъморӣ …

Муфассал »

МЕЪЁРИ КИШТИ ТУХМӢ

МЕЪЁРИ КИШТИ ТУХМӢ, миқдори кишти тухмӣ ба 1 га аст, ки зичии мӯътадили ниҳол ва ҳосили баландро таъмин менамояд. Меъёри кишти тиб бо вазни тухмӣ, адади тухмии сабзишёфта (млн дона) ифода мешавад. Меъёри кишти тибро аз рӯи эҳтиёҷи растанӣ ба майдони ризо, мақсади кишт (барои ғалла, силос ва ғ.), ҳосилхезии …

Муфассал »

МЕЪЁР

МЕЪЁР, 1) тарозуи зарсанҷ; санги маҳак, ки бо вай сара ё сақатии зарро меозмоянд; 2) асбоби санҷиши ҳар чиз; 3) Меъёри кишт, нормаи муайяни кишти тухмӣ ба 1 га. Ниг. Меъёpи кишти тухмӣ; 4) аломате, ки дар асоси он ба ягон чиз баҳо ё таснифи муайян медиҳанд.  

Муфассал »

МЕЩАНҲО

meshanho

МЕЩАНҲО (аз пол. miezczanin — шаҳрнишин), дар Россияи тореволюционӣ табақаи аҳолии шаҳр, ки ҳунармандон, савдогарон ва ғ.-ро дар бар мегирифт. Дар асрҳои 14—17 шаҳриёни вилоятҳои ҷан. ғарбии Русьро, ки ба ҳайати Литва ва Польша дохил буданд ва аз асри 17 сокинони шаҳрҳои ноҳияи Смоленскро Мещанҳо меномиданд. Мувофиқи ислоҳоти соли 1775-и …

Муфассал »

MEШӢ

MEШӢ, навъе аз чарм, ки асосан аз пӯсти гӯсфанд ва буз тайёр карда мешавад. Меши ёзанда ва чандир аст. МӢро бо усули химиявӣ ва механикӣ карм карда, бо пайвастҳои алюминий даббоғӣ мекунанд. Барои тайёр кардани дастпӯшак, рӯйчарми пойафзол, протез ва ғ. истифода мешавад.  

Муфассал »

МЕХЧАГУЛ

МЕХЧАГУЛ, ниг. Мехак. мехчаобак, як навъ ангуон миёнсолӣ. Селекцияи халқӣ. Асосан дар p-ни Конибодоми РСС Тоҷикистон ва районҳои вил. Фарғонаи РСС Ӯзбекистон парвариш меёбад. Тоқаш тезсабз, 46—45% -и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш миёна, мудаввар, 5-парра, гулаш дуҷинса, хӯшааш миёна ва калони зич, 330—450 г. Донааш калон ва миёна, байзашакл, сершираю ширнӣ, …

Муфассал »