Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 3)

Теги: гуногун

МИКРОСОЦИОЛОГИЯ

mikro

МИКРОСОЦИОЛОГИЯ, яке аз номҳои ҷараёни социологияи буржуазист, ки солҳои 20 асри 20 пайдо шуда­аст. Микросоциология муносибатро дар гурӯҳҳои хурд (Ниг. Гурӯҳи иҷтимоӣ) ба сифати модели асосии муносибатҳои иҷтимоӣ мавриди тадқиқ қарор додааст. Одатан назарияи Г. Гурвич ва Я. Мореноро Микросоциология мегӯянд. Номи бештар маъруфаш социометрия ме­бошад.

Муфассал »

МИКРОСКОПИЯ

mikroskopiya

МИКРОСКОПИЯ, номи усулҳои бо микроскоп мушоҳида намудани объ­ектҳои майда ва майдатарин ва ҷузъҳои ба чашм нонамоёни таркибии онҳо. Усулҳои мушоҳидаи микроскопӣ вобаста ба характер ва хосияти объекти омӯхташаванда муқаррар карда мешавад. Усулҳои Микроскопмяи поляризационӣ, интерференционӣ ва люминесцентӣ мавҷуданд. Дар шуоъҳои инфрасурх, ултрабунафш ва нурҳои намоён му­шоҳида намудани объектҳо ва усулҳои …

Муфассал »

МИКРОНЕЗИЯ

mikroneziya

МИКРОНЕЗИЯ (аз микро… ва юн. nesоs — ҷазира), гурӯҳи ҷазираҳои хурд дар Уқёнусия, дар қисми ғарбии уқёнуси Ором, асосан дар шим. экватор. Ба ин гурӯҳ ҷазираҳои Мариана, ҷазираҳои Каролина ва ҷазираҳои Мар­шалл (васояти ШМА), ҷазираҳои Гил­берт ва ҷаз. Ошен (инҳо мулки Британияи Кабиранд), Науру (давлати мустақил аз 1968) ва ғ. …

Муфассал »

МИКРОМЕТР

mikrometr

МИКРОМЕТР (аз микро… ва метр) асбоби андозагирест, ки механизми табдилдиҳандаи он винту гайка мебошанд. Микрометрро фақат барои бо у су­ли мутлақи коптактӣ чен кардани андозаҳои хаттӣ истифода мебаранд. Кори Микрометр ба ҷойивазкунии винт қад- қади меҳвар (ҳангоми дар гайкаи ноҷунбон чарх занондани он) асос ёфтааст. Ҷойивазкунӣ ба кунҷи гардиши винт …

Муфассал »

МИКРОЛИТҲО

mikrolitho

МИКРОЛИТҲО (аз микро… ва юн. …lithos — санг), олоти хурди сангӣ, баъзеашон шаклҳои геометрӣ (секунҷа, трапеция ва ғ.) доранд. Дар давраҳои мезолит ва неолит дар бисьёр ноҳияҳои Европа, Африка, Осиё фаровон ба кор бурда мешуданд. Дар СССР дар Қрим ва диг. районҳои РССУ., Поволжияи Поён, Осиёи Миёна ва Қазоқистон ёфт …

Муфассал »

МИКРОКЛИН

mikroklin

МИКРОКЛИН (аз микро… ва юн. klino — ҳам мешавам), минералест аз гурӯҳи ишатҳои даштӣ. Таркиби химиявиаш (Kt Na)[AlSiaOe]. Ба миқдори кам омехтаҳои калций, барий, оҳан, рубидий, цезий дорад. Систе­маи кристаллбандиаш триклинӣ. Кристалҳояш одатан призмашакл мешаванд. Сахтиаш 6—6,5; зичиаш 2540—2570 кг/м9. Рангаш гулобӣ, зарди буртоб, сафеди сурхча, сурхи гулобӣ, баъзан сафед, …

Муфассал »

МИКОЯН

МИКОЯН, деҳаест, дар С. қ. Ҷиликули райони Ҷиликул, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. колхози «Пахтакор». Аз деҳа то маркази С. қ. 2 км, то район 20 км. Аҳолиаш 600 нафар (1981), тоҷикон. Чойхона ва магазин дорад Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, кирмакдорӣ, чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи канал аз д. Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

МИЁНШАҲР

МИЁНШАҲР, деҳаест дар С. қ. Ванқалъаи райони Шуғнони ВАБК, дар соҳили д. Рунд ва терр. совхози «50-со-лагии Помир». Аз Миёншаҳр то маркази район 91 км. Аҳолиаш 575 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаб, клуб, пункти тиббӣ ва китобхона дорад. Сокинонаш бо чорводорӣ машғуланд.

Муфассал »

МИЁНДАРА

chashma

МИЁНДАРА, чашмаи минералии карбонатдор дар райони Ванҷ. 55 км шарҳтар аз посёлкаи Ванҷ, дар сои Миёндара воқеъ аст. Дебиташ 1 л/сов. Ҳарораташ об 8° С. Таркибаш намакҳои кислотаи карбонат ва силикат, инчунин бор, оҳан ва ба миқдори кам мис, рӯҳ, никел, стронций ва ғ. дорад. Оби Миёндараро хамчун нӯшокии табобатӣ …

Муфассал »

МИЁНАРАВӢ

miyonarav

МИЁНАРАВӢ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ яке аз воситаҳои ҳалли мусолиматомези (хушӣ бо хушӣ) баҳсҳои байни давлатҳо бо роҳи гуфтушуниди онҳо бо иштироки давлати сеюм (миёнарав) ва дар асоси так­лифҳое, ки давлати сеюм пешниҳод менамояд. Қоидаҳои Миёнаравиро конвенцияҳои Гаага (солҳои 1899 ва 1907) ва Устави ТДМ (мод. 33) муайян ва муқаррар кардаанд. …

Муфассал »