Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 20)

Теги: гуногун

МОНОФИЛИЯ

monofiliya

МОНОФИЛИЯ (аз моно… ва юн. phylon — тоифа, ҷинс, намуд), аз сариасли умумӣ ба вуҷуд омадани гурӯҳи муайяни организм; принципи асосии эволюцияи олами органикӣ ҳисоб мешавад. Шаҷараи ҳаёт аз як решаи муштарак ибтидо мегирад, сипас ба 2 шоха — олами наботот ва ҳайвонот тақсим мешавад. Аз ҳар яки онҳо пай …

Муфассал »

МОНОФАГИЯ

monofagiya

МОНОФАГИЯ (аз моно… ва юн. phagein — хӯрдан), чинхӯрӣ, ба хӯрдани фанат як хели хӯрок одат кардани ҳайвонот. Ҳашарот, баъзе кирмҳо, харчангшаклҳо ва нармбаданҳо аз ҷумлаи чунин ҳайвонотанд. Дар байни мӯҳрадорон чинхӯрон хеле каманд. Моноскоп бештар ба ҳашароти растанихӯр (мас., гамбӯсаки нӯлдарозак Calandra granaria танҳо дони гандумро мехӯрад ва гамбӯсаки …

Муфассал »

МОНОТИП

monotip

МОНОТИП (аз моно… ва юн. typos— нақш), мошини автоматии дарфрезеро гӯянд, ки матни мураккабро ба шакли сатрҳои шрифтӣ, ки аз литераҳои ҷудогона иборат аст, мечинад. Ҷиҳати аз линотип фарқкунандаи он ҳам дар ҳамин аст. Моноскопро соли 1897 Т. Ланстон дар ШМА ихтироъ кардааст. Дар СССР аввалин Моноскоп соли 1947 дар …

Муфассал »

МОНОСКОП

monoskop

МОНОСКОП (аз моно… ва юн. зкорео — менигарам), қарнаи телевизионии ирсолро гӯянд, ки барои таҳвили як воҳид тасвири беҳаракат (мас., ҷадвали озмуни телевизионӣ) пешбинӣ шудааст. Моноскопро барои тафтиши кори аппаратураи телевизион истифода мебараид. Аз рӯи сохт ва оришии кор Моноскоп қариб ба иконоскоп монанд бошад ҳам, аммо вай ҳадафи гуногунрангаи …

Муфассал »

МОНОПОЛИЯИ САВДОИ БЕРУНӢ

monopolyai-savdoi-beruna

МОНОПОЛИЯИ САВДОИ БЕРУНӢ, шакли асосии робитаҳои иқтисодии давлатҳои социалистӣ бо давлатҳои хориҷӣ, ки тамоми муомилоти тиҷоратиро бо хориҷа органи махсуси давлатӣ ба ҷо меоварад. Давлати социалистӣ тавассути Монополияи савдои берунӣ бозори дохилии худро аз таҷовузи капитали хориҷӣ муҳофизат намуда, тамоми савдои беруниро барои тараққиёти босуръати хоҷагии халқи мамлакат истифода мекунад. …

Муфассал »

МОНОПОЛИЯ

monopolya

МОНОПОЛИЯ (аз моно… ва юн. poleo — мефурӯшам), ҳуқуқи фавқулодаи (монополии) давлат, ташкилот, фирма ва ғ. дар соҳаи муайни (мас., монополияи давлат дар соми савдои берунӣ).

Муфассал »

МОНОЛОГ

monolog

МОНОЛОГ (аз моно… ва юн. 16-gos — сухан, нутқ), нутқи монологӣ, нутқи як шахс, як навъи нутқест, ки аз ҷиҳати сохту таркиб тамоман ё қариб ба нутқи ҳамсӯҳбат алоқа надорад ва бо ҳамин аз нутқи диалогӣ (Диалог) фарқ мекунад. Асосан дар суханрониҳои нотиқон, гуфторҳои радио ва телевизион, ҷараёни таълим (нутқи …

Муфассал »

МОНОГРАФИЯ

monografiya

МОНОГРАФИЯ (аз моно… ва графия), асари тадқиқотиест дар бораи як мавзӯи муайяни илмӣ, ҳаёт ва фаъолияти ин ё он олим ё нависанда. Дар Монография адабиёти доир ба масъалаи тадқиқшаванда таҳлилу ҷамъбаст шуда, ҳалли нави масъала, фаразияҳои таҳриккунандаи пешрафти илм гузориш меёбанд. Монография аксаран рӯйхати васеи адабиёт, тавзеҳоту мулҳақот ва ғ.-ро …

Муфассал »

МОНОГЕНИЗМ

МОНОГЕНИЗМ (аз моно… ва юн. genos — пайдоиш), дар антропология таълимотест дар бораи ягонагии пайдоиши одам ва хешу табории нажодҳои гуногуни инсон. Мувофиқи Моногенизи инсонияти ҳозира ҷинси ягона (Homo sapiens) буда, нажодҳои инсонӣ бошанд, гурӯҳҳои дохили ҷинсианд, ки дар натиҷаи минтақаҳои гуногуни географиро ишғол кардани инсони ҳозиразамон ба вуҷуд омадаанд. …

Муфассал »

МОНОГАМИЯ

МОНОГАМИЯ (аз моно… ва юн. gamos—никод), 1) якзанӣ (мардҳо), якшавҳари (занҳо), як шакли таърихии никоҳу оила аст. Дар давраи инқирози ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шуда, минбаъд ба як шакли маъмули муносибати зану мард табдил ёфтааст; 2) як навъ муносибати байни ҳамдигарии чинсҳои ҳайвонот (паррандаҳо, ширхӯрҳо) аст. Моногамия дар баъае паррандаҳо (лаклак, …

Муфассал »