Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 2)

Теги: гуногун

МИНА

mina

МИНА (франс. mine), 1) лавозимоти ҷангиест, ки онро аз миномётҳо ва тӯпҳои ногаҳони суфтамила мепарронанд. Минаҳои осколкавӣ, осколкавию фугасӣ (расм), фугасӣ (барои маҳви қувваи зинда ва воситаҳои оташфншони душман ё вайронкунии иншоотҳои мудофиавӣ), оташзананда, дудкунанда, равшанкунандаҳо агитационӣ (барои иҷрои вазифаҳои ҳарбии дуюмдараҷа) ва таълимию машқӣ вуҷуд доранд. Дар тӯпҳои ғеҷони …

Муфассал »

МИЛТИҚ

miltik

МИЛТИҚ аслиҳаи оташфишонест, ки дар шикор ва кори ҳарбӣ истифода мешавад. Дар асри 12 арабҳо ихтироъ кардаанд. Дар аввал Милтиқ аз милан ба дастаи чӯбӣ шинондашудае иборат буд. Милтиқҳои қадимаро бо пилта оташ медоданд (аз ин рӯ, онҳоро халқ Милтиқҳои пилтагӣ меномнд). Асри 14 дар Европа Милтиқҳои суфта-мила ба вуҷуд …

Муфассал »

МИЛОД

МИЛОД (ар. — рӯзи таваллуд, замони зоида шудан), замони нав, солшумории нав, тақвимест, ки аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон қабул кардаанд аз «таваллуди Исони афсонавӣ» cap мешавад. Дар ибтидои паҳншавии масеҳият ҳисобҳои гуногуни сол (тақвими Диоклетиан, тақвими «буньёди олам» ва ғ.) мавҷуд буданд, ки онҳо камбудиҳои ҷиддӣ доштанд. Дар асри 6 ба …

Муфассал »

МИЛЛИКУНОНӢ

millikuni

МИЛЛИКУНОНӢ, аз моликияти хусусӣ ба моликияти давлатӣ табдил ёфтани замин, саноат, нақлиёт, алоқа, банкҳо ва ғ. Хусусияту мақсади Милликунонӣ ба сохти ҷамъиятии мамлакатҳо вобаста аст. Милликунонии капиталистӣ ислоҳоти буржуазӣ буда, давлати буржуазӣ корхонаю соҳаҳои истеҳсолотро аз соҳибонашон харида ме­гирад. Вай сохти капиталистиро ди­гар намекунад, баръакс шакли капитализми давлатию монополистро пурзӯр …

Муфассал »

МИЛЛАТЧИГӢ

millatchigi

МИЛЛАТЧИГӢ, идеология ва сиёсати буржуазӣ ва майдабуржуазиест дар ҳалли масъалаи миллӣ. Заминаи синфию иҷтимоии Миллатчигиро моликияти хусусӣ, нобаробарии иҷтимоии халқҳо, истисмори миллатҳои мазлум ва решаҳои гносеологии онро идеологляи иртиҷоии синфҳои ҳукмрон ташкил медиҳанд. Марксизм-ленинизм Миллатчигӣро маҳсули дав­раи муайяни тараққиёти ҷамъият дониста, характери таърихии онро аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуд. Миллатчигӣ …

Муфассал »

МИЛЛАТ

millat

МИЛЛАТ (ар. —уммат, қабила, халқ), шакли олии умумияти таърихию этникии одамон аст, ки дар асоси умумияти ҳаёти иқтисодӣ, Умумияти забон, территория, хусусиятҳои ҳаёти маданӣ, шуур ва психо­логия ташаккул меёбад. Назарияи ҳақиқатан илмии Миллатро аввалин бор марксизм-ленинизм офарида, фарқияти куллии онро аз нажод, қабила ва халқият нишон дод (ниг. Ленин В. …

Муфассал »

МИЛИЦИЯ

miliciya

МИЛИЦИЯ (аз лот. militia —қӯшун), дар СССР органи муҳофизати тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ. Милиция ба иҷрои қонуну қарорҳои органҳои маҳаллӣ доир ба тартиботи ҷамъиятӣ назорат карда, бар зидди ҷинояткорӣ мубориза мебарад, моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бехатарию моликияти гражданҳоро ҳифз, ба бехатарии ҳаракати нақли­ёт, пиёдагардҳо ва ҳолати техникии нақлиёти автомобилӣ назорат …

Муфассал »

МИЛИТАРИЗМ

militarizm

МИЛИТАРИЗМ (франс. militaris- me, аз лот. militaris — ҳарбӣ), ба маънои васеаш — сиёсати афзудани иқдидори ҳарбии давлати истисморгар бо мақсади гузаронидани сиёса­ти ҷанги истилогарона ва фурӯ нишондани муқобилати оммаи меҳнаткашон дар дохили мамлакат. Милитаризм зуҳуроти доимии моҳияти ҷамъияти антагонист буда, ҳамчун системаи иқтисодиёт, сиёсат ва идеологияи давраи капитализм ташаккул …

Муфассал »

МИКРОЭВОЛЮЦИЯ

mikroevolutciya

МИКРОЭВОЛЮЦИЯ, маҷмӯи процессҳои эволюционии баҳаракатоварандае, ки дар дохили намуд, дар доираи популяцияҳои алоҳида ё ба ҳам наздик мегузаравд. Ҳангоми Микроэволютсия популяцияро структураи элементарии эволюционӣ, мутацияро матеряали элементарии эволюционӣ ва процессҳои мутационӣ, тағйирёбӣ (флюктация)-и шумораи фардҳо дар популяция, шаклҳои гуногуни изоляция ва интихоби табииро бошад, омилҳои элементарии эволюционӣ мешуморанд. Дар зери …

Муфассал »

МИКРОФОН

mikrofon

МИКРОФОН (аэ микро… ва юн. phone — садо), асбоби электроакустикиест, ки лаппишҳои садоиро ба лаппишҳои электрӣ табдил медиҳад. Дар телефония, радиошунавонӣ, телевизион, тақвияти садо ва сабти овоз истифода мешавад. Аз рӯи принципи кор Микрофонҳо ангиштӣ, элек­тродинамикӣ, конденсаторӣ, электретӣ, пьезоэлектрӣ, электромагнитӣ мешаванд. Мас., дар Микрофони ангиш­тӣ мембранаи ангиштӣ бо таъсири мавҷҳои …

Муфассал »