Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 19)

Теги: гуногун

МОРФЕМА

morfema

МОРФЕМА, хурдтарин ҷузъи маънодори нутқ яке аз воҳидҳои асосии системаи забон. Морфемаҳо аз як ё якчанд фонема ташкил ёфта, ду навъанд: решагӣ (мустақил) ва аффиксӣ (ёридиҳанда). Ба гурӯҳи Морфемаҳои мустақил, кор, сурх, бмет барин Институти давла Морфемаҳо дохил мешаванд, ки маънои лексикӣ доранд. Префиксҳо, суффиксҳо, бандакҷонишинҳо, ба идейнои феълӣ ва …

Муфассал »

МОРТЕППА

morteppa

МОРТЕППА, деҳаест дар С. қ. Хонакоҳи райони Ҳисори РСС Тоҷикистон Терр. колхози ба номи А. А. Жданов. Аз Морочник то маркази С. қ. 2 км, то район 6 км, роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1548 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз д. Хонақоҳ …

Муфассал »

МОРИОН

morion

МОРИОН (нем. Morion; аз лот. mormorion — кристалли тираранг), як навъи кварц, ранги кристаллҳояш тираи дудмонанд, қариб сиёҳ. Ҳангоми то 250—300° С тафсонидан беранг мешавад. Мори чипор берангро дар техника ҳамчун кристаллҳои кварц истифода мебаранд. Морион дар рагҳои гидротермалӣ, пегматитҳои гранити ва грейзенҳо вомехӯрад. Конҳои он дар Урал, Украина. Забанкалия …

Муфассал »

МОРЖ

morj

МОРЖ (Odobaenua rosinarua), ягона намуди оилаи моржҳост аз қатори белпойҳо. Дарозии Морж то 3,7 м ва вазнаш ба 1,5 т мерасад. Пӯсташ ғафси оҷингдор, думу суфраи гут надорад. Морж 18—20 дандон дорад. Дар СССР дар соҳилҳои Замини Нав, ҷазираҳои Франц-Иосиф, баҳрҳои Лаптевхо, Чукот ва Беринг дучор мешавад. Хӯрокаш асосан нармбаданҳо …

Муфассал »

МОРЕНА

morena

МОРЕНА (аз франс. moraine), тарокуми ҷинспораҳои гуногунандозае, ки дар натиҷаи ҳаракати пиряхҳо пайдо шудааст. Мореллӣҳо ҳаракаткунанда ва хобонида мешаванд. Мореллии ҳаракаткунанда дар навбати худ ба Мореллии болои (рӯй), дарунӣ ва поёнӣ (қаърӣ) тақсим мешавад. Мореллии болоӣ дар натиҷаи аз нишебиҳои кӯҳ ба рӯи пирях канда шуда ё ғелида фаромадани ҷинспораҳо …

Муфассал »

МОРГАНҲО

morganho

МОРГАНҲО, гурӯҳи сарватмандони қадимӣ ва калонтарини ШМА. Дар олигархияи молиявии мамлакат бо Рокфеллерҳо дар як қатор меистанд. Ҷуниус Спенсер Морган асос гузоштааст. Дар охири соли 1970 активи Морган 90 млрд долларро ташкил мекард. Гурӯҳи мазкур банк ва монополияи саноатии бисёрро муттаҳид менамояд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ асоси молиявии гурӯҳи Морганро …

Муфассал »

МОРАТОРИЯ

moratoriya

МОРАТОРИЯ (аз лот. moratorins — таъхирандозӣ), аз тарафи ҳукумат ба муддати муайян ё то анҷоми ягон ҳодисаи фавқулода (ҷанг, офати табиӣ) ба таъхир андохтани иҷрои ӯҳдадорӣ. Моратория ба ҳамаи ӯҳдадориҳо ё танҳо ба баъзе намудҳои он ва ба категорияи алоҳидаи қарадорон татбиқ мешавад. Моратория дар СССР бо қарори Советй Вазирони …

Муфассал »

МОПР

mopr

МОПР, деҳаест дар С. қ. Тоҷикободи pайони Вахш, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. совхози «Туркманистон». Аз деҳа то маркази С. қ. 8 км, то район 16 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 980 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

МОНТАЖ

montaj

МОНТАЖ дар кино, процесси эҷодӣ ва техникиест дар офаридани фильм. Монтаж хотимаи фильмофарӣ буда, ҳангоми он саҳна ва кадрҳое, ки дар вақтҳои гуногун (чандин маротиба) ба навор гирифта шудаанд, интихоб ва аз рӯи сценария ба ҳам васл карда мешаванд. Дар айни ҳол Монтаж системаи бадеист, ки таносубу рабти дохилии кадрҳо, …

Муфассал »

МОНОХРОМАТОР

monokhromator

МОНОХРОМАТОР (аз моно… »а юн. chromatos — ранг) дар оптика, асбобеет барои ҷудо карда гирифтани фосилаҳон хурди дарозии мавҷҳо (басомадҳо)-и афканишоти оптикӣ, яъне шуоъҳои намоён, инфрасурх ё ултрабунафш. Монохроматор аз равзани шуоъдаро 1, ки онро манбаи шуоъафкан мунаввар мекунад, коллиматор 2, элементи дисперсиякунанда 3 (ниг. Дисперсияи рӯшноӣ), объективи фокусгир 4 …

Муфассал »