Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 18)

Теги: гуногун

МОТОБОЛ

motobol

МОТОБОЛ (аз мото… ва анг. ball— ту)б, туббозӣ бо мотоцикл). Соли 1920 дар Франция пайдо шудааст. Мотобол дар бисьёр мамлакатҳои Европа, аз ҷумла дар Булғория, Польша, РДГ, Бельгия, РФГ ва ғ. хеле ривоҷ ёфтааст. Дар Иттифоқи Совети Мотобол аз солҳои 30 маълум аст. Аввалҳо дар бозии Мотобол аз ҳар команда …

Муфассал »

МОТЁЛ

motel

МОТЁЛ (англ.. motel, шакли мухтасари motorists hotel), меҳмонхонаест барои истироҳати автотуристҳо. Мотёл дар автомагистралҳо, дар наздикии шаҳрҳо, курортҳо, ҷойҳое, ки диққати сайёҳони мошиндорро ба худ ҷалб мекунад, сохта мешавад. Мотёл станцияҳои хизматрасонии техникии автомобил (бо колонкаҳои бензин, гаражҳо ё истгоҳҳои кушод) дорад.

Муфассал »

МОСКВА

МОСКВА, деҳаест дар С. қ. Деҳқонободи райони Қизиқул, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. совхози «Москва». Аз Москва то маркази С. қ. 3 км, то район 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 578 нафар (1981), тоҷикон, туркманҳо ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна ва фермаи бурдоқипарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорию чорводорӣ. Заминҳо аз д. …

Муфассал »

МОСКВА

МОСКВА, деҳаест дар С. қ. Орзук pайони Колхозобод, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. совхози «Гулистон». Аз деҳа то маркази С. қ. 8 км, то район 20 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 910 нафар (1981), ӯзбекҳо, тоҷикон. Москва мактаби 8-сола, магазин, пункти тиббӣ ва фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорию чорводорӣ. Заминҳо …

Муфассал »

МОСКВА

posyolok

МОСКВА, посёлкаи типӣ шаҳрӣ (аз 4 январ 1965), маркази маъмурии райони Москваи вилояти Кӯлоб. Дар доманаи к. Хоҷамӯъмин, дар баландии 480—500 м аз соҳили баҳр воқеъ гардидааст. Ба воситаи роҳҳои автомобилгард ва ҳавоӣ бо шаҳрҳoи Душанбе ва Кӯлоб алоқаманд мебошад. Аз Москва то ш. Душанбе 182 км, то ш. Кӯлоб …

Муфассал »

МОСКВА

moskovskiy

МОСКВА, район дар вилояти Кӯлоби РСС Тоҷикистон Санаи ташкилаш 15 сентябри 1950. Аз Ҷануб бо Республикаи Демок­ратии Афғонистон ҳамҳудуд аст. Масохаташ 1327,4 км2. Аҳолиаш 71,5 ҳазор нафар (1981), асосан тоҷикон, инчу­нин ӯзбекҳо, русҳо. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 54 кас. Ба 7 С. қ. тақсим шу­дааст: Даштигуло, Калинин, Меҳнатобод, Саричашма, …

Муфассал »

МОСКВА

moskva-daryo

МОСКВА, дарьёест дар вилояти Моск­ва ва қисман дар вилояти Смоленски РСФСР, шохоби чапи д. Ока (ҳавзаи Волга). Аз баландии Москва ибтидо ёфта, дар наздикии ш. Коломна ба д. Ока мерезад. Тӯлаш 502 км, масоҳаташ ҳавзааш 17600 км2. Манбаи оби дарьё: барф, оби чашмаҳо ва борон. Сарфи солонаи об ба ҳисоби …

Муфассал »

МОСИ

mosi

МОСИ, халқест дар Африкаи Ғарбӣ. Моси бештар аз 50% аҳолии Рес­публикаи Волътаи Болоро ташкил медиҳад. Инчунин дар шимоли Гана зиндагӣ мекунанд. Шумораашон 5,4 млн нафар (1978). Забонашон море буда, ба гурӯҳи забонҳои ғӯр ман­суб аст. Моси тақрибан асрҳои 11—14 давлати Мосиро ташкил намуданд, ки он то охири асри 19 вуҷуд …

Муфассал »

МОРФОЛОГИЯ

morfologiya

МОРФОЛОГИЯ (аз юн. morphe — намуд. шакл, сохт ва …логия)% як ҷузъи системаи забони табиист, ки тарзи сохта шудан, дарки маънои шаклҳои калимаҳои забонро таъмин менамояд; як қисми забоншиносӣ (грамматика) мебошад, ки ин ҷузъи системаи забонро меомӯзад. Морфогенез ҳамчун илм аз ду фасл иборат аст: 1) фасли омӯзиши калимасозӣ, 2) …

Муфассал »

МОРФОГЕНЕЗ

morfogenez

МОРФОГЕНЕЗ (аз юн. morphe — намуд, шакл ва… генез), морфогения (дар биология), пайдоиш ва инкишофи узв, система ва қисмҳои дигари бадан ҳам дар вақти инкишофи фардӣ (онтогенез) ва ҳам дар вақти такомули таърихӣ ё эволюционӣ (филогенез)-и организмҳо. Омӯзиши Морфогенез яке аз проблемаҳои асосии морфология» наботот, ҳайвонот ва одам мебошад.

Муфассал »