Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 11)

Теги: гуногун

МЕВАБАРГ

mevabarg

МЕВАБАРГ (carpellum), узви гу­ли растаниҳои пӯшидатухм, ки дар он тухммуғча инкишоф меёбад. Аз як ё якчанд Мевабарг тухмдон ба вуҷуд меояд; маҷмӯи Мевабаргро гинецей меноманд. Тахмин мекунанд, ки Мевабарг аз барг пайдо шудааст.

Муфассал »

MЕВA

meva

MЕВA, бар, бор, самар, самара (truclus), узви растаниҳои пӯшидатухм, ки аз ғура ва диг. узиҳои гул ба вуҷуд омада, ба мақсади ташаккул, муҳофизат ва паҳншавии тухм хизмат мекунад. Мева пас аз бордоршавии гул (ғайр аз Меваҳои Партонокарпӣ, ниг. Партенокарпия) хосил мешавад. Шакл, андоза, ранги Меваҳо хеле гуногун аст. Меваҳо одатан …

Муфассал »

МАҶРО

МАҶРО, рӯдхона, ҷараёнгоҳ, ҷои чуқуртарини водӣ, ки аз он дарьё мунтазам ҷорист Барӣ Маҷрои дарьёҳои калон ва даҳҳо ва садҳо метр то ба якчанд  километр мерасад (мас., Маҷрои поёноби дарёҳои Обь, Лена, Амазонка.); дар баробари аз саргаҳ ба сӯи резишгоҳ, торафт вусъат ёфтани дарё бари Маҷро, бат ба чуқуриаш камтар …

Муфассал »

МАҶНУНБЕД

machnunbed

МАҶНУНБЕД (Salix babilonica), дарахтест аа бедиҳо. Баландиаш то 15 м. Намуди зебо, химчаҳои зардча ё сурхтоби борику дарози то замин овезон, барги дарозрӯя ё нештаршакл, гули майдаи сабзчаи заъфаронӣ ва тухми хеле майда (қобилияти сабзишашро ба тезӣ гум мекунад) дорад. Ватани онро Эрон, ё минтақаи рутубатноки Хитой медонанд. Дар аксари …

Муфассал »

МАҶМӮИ ҲИСОБӢ

МАҶМӮИ ҲИСОБӢ, маҷмӯи беинтиҳо, ки элементҳои онро бо ададҳои натуралӣ рақамгузорӣ кардан, яъне байни маҷмӯи мазкур ва маҷ­мӯи ададҳои натуралӣ мутобиқати якқиммата барқарор намудан мумкин аст. Г. Кантор исбот кард, ки маҷмӯи ҳамаи ададҳои рационалӣ ва ҳатто маҷмӯи ҳамаи ададҳои алгебравӣ ҳисобшаванда, вале маҷмӯи ҳамаи ададҳои ҳақиқӣ ҳисобнашавандаанд; ҳар гуна …

Муфассал »

МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ

mahsulot

МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ, ҷамъи неъматҳои моддӣ, ки дар давраи муайян (одатан дар як сол) истеҳсол карда мешаванд. Дар шароити ҳозираи революцияи илмию техникӣ соҳаҳои ғайринстеҳсолии хоҷагии халқ барои ба вуҷуд овардани Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ фаъолона таъсир мерасонанд. Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ шакли натуравӣ ва арзишӣ дорад. Шакли натуравӣ аз восита ва …

Муфассал »

МАҶМӮИ ЗИЧ

МАҶМӮИ ЗИЧ, мафҳуми назарияи маҷмӯъҳо. Агар дар атрофи нуқтаи дилхоҳи маҷмӯи Р нуқтаи маҷ­мӯи М ёфт шавад, маҷмӯи М дар фазои топологӣ маҷмӯи зич номида мешавад. Мас., маҷмӯи ададҳои рационалӣ дар маҷмӯи ҳамаи ададҳои ҳақиқӣ зич аст. Агар Р=М бошад, маҷмӯи Af-po маҷмӯи зичи хос меноманд.

Муфассал »

«МАҶМУАТ-УШ-ШУАРО»

«МАҶМУАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи манзуми дузабова (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), ки соли 1821 аз торафи Абдулкарими Фазлии Намангонӣ бо вазни мутакориби мусаммани мақсур таълиф шудааст. Бо номҳои «Маҷмӯаи шоирон» «Маҷмӯаи Умархон» низ маълум аст. Дар тазкира доир ба 75 шоире, ки дар замони Умархони Амирӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маъ­лумоти мухтасар оварда мешавад. …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УС-САНОЕЪ»

«МАҶМАЪ-УС-САНОЕЪ» асари Cиддиққии Ҳусайнӣ дар боби санъати бадеӣ ва нақди шеър, ки соли 1650 таълиф шудааст. «Маҷмаъ-ун-нафоис» аз муқаддимаи мухтасар, фаслҳои «Дар тақсими калом», «Дар баёни бадоеи лафзӣ», «Дар зикри саноеи маънавӣ», «Дар сиркоти шеър» ва хотима иборат суда, дар он 73 санъати ба­деӣ, 10 навъи шеър ва 9 истилоҳи …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УН-НАФОИС»

«МАҶМАЪ-УН-НАФОИС» тазкира, таълифи Сироҷуддин Алихоҷа Орзу (тақр. 1085—1775). Дар Ҳиндустон таълиф шудааст. «Маҷмаъ-ун-нафоис» тақрибан дар бораи 1735 шоири форс- тоҷик маълумот медиҳад, Суханварон дар тазкира ба тартиби алиф­бои арабӣ ҷой гирифтаанд (аз Абӯязид (Боязид)-и Бастомӣ то Яктон Кашмирӣ). Шарҳи ҳоли баъзе шо­ирон муфассалтар ва баъзе нисбатан мухтасар омадааст. Хусусан маълу­моти …

Муфассал »