Маълумоти охирин
Главная / Теги: гиёҳ (страница 3)

Теги: гиёҳ

УҒАН

460030_276f51a0

УҒАН, юған, уға, угон, вогун, вигна, варх (Ргаngos), як ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо. Баргаш дарози панҷадор (30—100 см), гулаш зард, мевааш калони паррадор. Моҳи май — июн гул мекунад, моҳи август— сентябр тухмаш пухта ба замин мерезад. Уған аз тухмаш афзоиш меёбад ва беш аз 200 сол умр …

Муфассал »

УШНОНДОРУ

ushna

УШНОНДОРУ, зуфо (Нуssopus оffisinalis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лабгулҳо. 50—90 см қад мекашад. Ушнондору чун растании хӯшбӯй ва доруи аз қадим маълум аст. Аз хусусиятҳои муфиди ушнондору Дисқуридус (Диоскорид, а.. м.), Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунн, Аоуалии Сино ва дигарон бохабар буданд. Масалан, бино ба маълумоти Сино, ушнондору ду навъ аст: …

Муфассал »

УШКУФА

ushkufaiho

УШКУФА, уш, ушгиёҳ (Кози- Rozolaria), як ҷинси гиёҳҳои бисёрсоларо гӯянд (аз оилаи Grassulaseae). Аз 5 то 35 см қад мекашад. Решааш одатан лӯндашакл мешавад. Баргаш гуногун (белчамонанд, байзашакл, нештаршакл ва ғайра). Гулаш зангӯлашакли сафед, зард ё зарди сабзтоб, арғувонӣ, гулобӣ ва бунафш (май—август мешукуфад). Дар Тоҷикистон 8 намуди Ушкуфаи худрӯй …

Муфассал »

УСТУХУДУС

ustuxudus

УСТУХУДУС, астухудус, гули нарма, арвона, лаванда  (Lavandula spicа), буттаи ҳамешасабзест аз оилаи лабгулҳо. Аз 20 то 100 ом қад мекашад, сершох, гулаш бунафш ё бунафшаи кабудтоб. Устухудуси худрӯй дар кишварҳои баҳри Миёназамин мерӯяд ва онро аввалин маротиба дар ҳамон ноҳияҳо (то мелод) чун растании доруию хушбӯй парвариш кардаанд. Абуҳанифи Диноварӣ, …

Муфассал »

УРУТ – мириофиллум

myriophyllum-mattogrossense_int2

УРУТ, мириофиллум (Муriophulium) як ҷинси гиёҳҳои обӣ ва ботлоқист (аз оилаи Насоragaseae). Баргаш пармонанд, гулаш майдаи беранг, хӯшагулаш саракмонанд. Баъpе Урутро дар аквариумхо мепарваранд.

Муфассал »

ТУҲЛАБ

tuhlab

ТУҲЛАБ, таҳлуб, тайласон, обсабзак, наски обӣ, наскобӣ (Lemna), як ҷинси гиёҳҳои бисёрсола (аз оилаи туҳлабиҳо). Туҳлаб гиёҳи хурди обӣ буда, дар рӯи об ё андаке поёнтар аз сатҳи он месабзад. Пояаш паҳнаки сабзу хурди баргшакли мудаввар ё дарозрӯя буда, яктоб решаи ресмоншакл дорад. Мевааш халтачашакли 1-7 тухма. Туҳлаб хеле кам …

Муфассал »

ТУТАКАЛӢ

tutakali

ТУТАКАЛӢ, тутакалит, тутакалак, зангбуя, зангпоя, мушлак, мушбӯяк, алафи муш, шавкарон (Сonium makulatum), як навъ гиёҳи бадбуи хеле pаҳрнок (аз оилаи чатргулҳо). Бехаш дукшакли сафедтоб. Пояаш рост, дарунхолӣ, сершох, то 2 м қад мекашад. Баргҳои қисми поёни поя думчадароз, сегӯшаи паршакл (дарозиашон то 90 см ва барашон то 70 ом), миёна …

Муфассал »

ТУТАК

ТУТАК, тутгулак, тутгазак, тутғӯзак (Роterium роlugamum), як навъ гиёҳи худрӯест аз оилаи настараниҳо. Гиёҳи серпоя ва бисёрсолаест, ки 40—90 см қад мекашад. Дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, алафзор, нишебиҳои сантлох ва шағалҷойҳо (қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшов, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ; 1000—2500 м аз сатҳи баҳр), инчунин чун …

Муфассал »

ТУРШАК

trshak

ТУРШАК, 1) оксилис, номи умумии якчанд навъ гиёҳро гӯянд (нигаред низ Шабдартуршак, Шилха), 2)    як навъ себи сурхи ҷойдорист. Махсусан дар баъзе ноҳияҳои водии Фарғона маъмул аст. Одатан ҳар навъ меваеро, ки таъми турш дорад, «туршак» мегӯянд; 3) аштак ва зардолуқоқи бедонакро гӯянд.

Муфассал »