Маълумоти охирин
Главная / Теги: бутта (страница 4)

Теги: бутта

ШАМШОД

shamshod

ШАМШОД, 1) шумшод (Buxus), як ҷииси бутта ё дарахтони хурди ҳамешасабзеро гуянд (аз оилаи шамшодҳо). Баргаш думчакӯтоҳ, гулаш майдаи бегулбарг. Мевааш ғӯзаи сеқирраи тухмдор, тухмаш сиёҳи байзашакл. Дар СССР 2 намуди худрӯй — В. colchica (Кавкази Ғарбӣ) ва В. hyrcana (Талыш) ва 4 намуди мазрӯи Шамшод месабзад. Ҳама намуд ва …

Муфассал »

ЧОЙ

choy

ЧОЙ, чо, 1) буттаи чой, дарахти чой, чойбун (Thea sinensis), як навъ бутта ё дарахти хурди ҳамешасабзро гӯянд, ки барги махсус хушконидаи онро дар оби ҷӯш дам карда менўшанд; аз рўи таснифоти ботаника ба оилаи чойиҳо тааллуқ дорад. Дар шароити зироат то 1,5 м қад мекашад. Баргаш дарозрӯяи нӯгтез (6—30 …

Муфассал »

ЧОИ ШАБГАРДАК

choi-shabgardak

ЧОИ ШАБГАРДАК, сиёҳсарак, тутғӯзак (Poterium), ҷинси гиёҳҳои бисьёрсола ё нимбуттаву буттаест аз оилаи настаранниҳо. Дар шароити табиии Помиру Олой 30—80 см қад мекашад. Пояаш рост, барги бехи пояаш аз 5—6, 8, 12, 17 баргча иборат аст. Гулаш майдаи сабзтоб. Мевааш ду тухма. Май — июнь гул карда, июнь — июль …

Муфассал »

ЧИЧИРКАНАК

chichirkanak

ЧИЧИРКАНАК, сафедхор, хори сафед (Nitraria schoberi), буттаест аз оилаи ласфиҳо. Дар шароити табии Помиру Олой аз 13 см то 1м қад мекашад. Баргаш белчашакл ё нештаршакл. Гулаш сафед ё зарди сабзтоб, 5-барга. Мевааш гирда ё байзашакли донакдор, норинҷии сурхтоб, баъди пухтан сиёҳтоб мешавад. Моҳҳои июнь — авг. гулу мева мекунад. …

Муфассал »

ЧИНГИЛ

chingul

ЧИНГИЛ. чемиш (Halimoden-гоп halodenaron), як навъ буттаи серхорест аз оилаи лӯбиёиҳо. То 2,5 м қад мекашад. Баргаш пармонанд (аз 1—3 ё 5 ҷуфт баргча иборат аст). Гулаш парвонашакл, гулобӣ ва баъдтар бунафштоб мешавад. Ғилофакаш пуфакчашакли 2—3 тухма (донаш гурдашакл). Чингили худрӯй аз тухм зиёд мешавад. Ниҳолаш суст месабзад. Дар Тоҷикистон …

Муфассал »

ЧЕЛОН

chelon

ЧЕЛОН, 1) чилон, ҷелон, чилуно, чойлон, чилонҷигда, санҷиди челонӣ, унноб, дарахти унноб, табархун, зизуфа, ғубайрои чин чин (Zi-zyphus juluba), бутта ё дарахтест, аз оилаи Rhamnaceae. Мевааш санҷидмонанд аст, аз ин рӯ санҷиди гургонӣ ё челонҷигда низ мегӯянд. Рӯдакӣ гуфтааст: Санҷиду челон бад-ӯ нима шуда,  (Нуқтаи) сурма бад-ӯ як-як зада. Челон …

Муфассал »

ЧАШМАК

chashmak

ЧАШМАК, изи шутур (Zygophyllum atriplicoides), бутnаест аз оилаи ласфиҳо. То 2,5 м қад мекашад. Пӯстлохи танааш хокистарранг. Баргаш белчашакл ё байзашакли гирд (дарозиаш 2—4 см, бараш 1,3—1,8 см), гулаш зард. Ғӯзааш майда, тухмаш гурдашакл. Одатан дар ҷанголзори гармсер, арчазор, бодому пистазор ва санглох (1000— 2300 м аз с. б.) месабзад. …

Муфассал »

ХУҶДОРИҲО

xujdoriho

ХУҶДОРИҲО, девмашангиҳо (Verbenaceae), оилаи гиёҳ, бутта, лиана ва дарахтонро гўянд. Барги содда, баъзан панҷа монанди дандонадор ё яклухт, гули асосан 5-барга, хӯшагули саракмонанд 6 чатршакл, меваи донакдор ё ғӯзаи 2- 4-палла доранд. Дар Тоҷикистон 2 намуди худрӯи Xуҷдориҳо— хуҷдор ва симолӣ нуму меёбад. Бисёр намудҳои Xуҷдоиҳо аҳамияти хоҷагӣ доранд. Mac., …

Муфассал »

ХУЛАНГ

xulang

ХУЛАНГ (Vaccinium vitis-idaea) як навь буттаи ҳамешасабзи хурдест аз оилаи хулангиҳо (Vaccinia-сеае). Баландиаш аз 2 то 30 см, баргаш думчакўтоҳи чарммонанд (дарозиаш 0,5—2,5 см), гулаш зангулашакли гулобӣ, сершаҳд (охири май-июн мешукуфад), хушагулаш 2— 8 гула. Мевааш мудаввар, сурхранг. Асосан дар бешазори дарахтони сўзанбаргу омехтаи Европаи Шимолию Марказӣ, Осиё. Америкаи Шимолӣ …

Муфассал »

ХУБАК

xubak

ХУБАК, чурак, чирак (Fraxinus raibocarpo), як навъ буттаест аз оилаи зайтуниҳо. То 6 м қад мекашад. Баргаш пармонанд (аз 3 ва 5-то баргча иборат аст); баргчааш байзашакл, бедандонаи чармгун (дарозиаш то 6 см, бараш то 4 см).Гулаш 4-баргаи сафед, дуҷинса, мевааш досшакли қанотакдор (дарозиаш то 3 см, бараш 1,5 см). …

Муфассал »