Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ботаника (страница 2)

Теги: Ботаника

РАСИШИ МЕВА

shaftolu

РАСИШИ МЕВА, пухтани ме в а, маҷмӯи тағйироти морфологию биохимиявии мева, ки дар натиҷаи он тухм пурра ба зоими растаниҳои нав мубаддал мегардад, мевапарда бошад, тухмро муҳофизат ва пақн мекунад. Баъди гардолудшавии гулҳо дар растаниҳои мевадор ғӯрак пайдо мешавад, ки бошиддат месабзад. Дар дохили гӯрак ташаккул ва расиши тухм ба …

Муфассал »

РАГДАВОНИИ БАРГ

barg

РАГДАВОНИИ БАРГ, нерватсияи барг, хусусияти тақсимшавии рагҳо дар барг. Рагдавонии барг яке аломатҳои морфологии сохти барг буда, ҳангоми аз рӯи сохти барг муайян намудани растанӣ роли муҳим мебозад. Якчанд типҳои Рагдавонии барг маълуманд: дихотомӣ (дар аксари сарахсҳо), мувозӣ (дар аксари растаниҳои якпаллаӣ — гандум, сулӣ, ҷавдор ва ғайра), камоншакл (дар …

Муфассал »

ПРОТОДЕРМА

protoderma

ПРОТОДЕРМА (аз прото… ва юнонӣ derma — пӯст), қабати берунии меристемаи навда ва решаи наботот. Ҳуҷайраҳои Протодерма ба эпидермиси нав­да ва эпиблемаи реша, баъзан ба бофтаҳои субэпидермӣ табдил меёбанд.

Муфассал »

ҚАЛАМЧА

KONICA MINOLTA DIGITAL CAMERA

ҚАЛАМЧА як қисми растаниро гуянд, ки барои афзоиши нашвӣ (ниг. Афзоиш) истифода мебаранд. Қ-ро aз растаниҳои хубу серҳосил мегиранд. Ниҳоли аз Қ. рӯида хусусиятҳои ҳамон растаниеро дорад, ки аз он Қ гирифтаанд. Аз бех, навда ва барги растанӣ Қ. мебуранд. Ҳангоми дар шароити муайян парваридани Қ аз Қ-и бех, мурча, …

Муфассал »

ШӮХУТА

shura

ШӮХУТА (Halostahcys belangeriaua), як навъ буттаи сершохест, ки одатан дар маҳалҳои шӯрзамин месабзад; аз рӯи таснифоти ботаникӣ ба оилаи шураиҳо тааллуқ дорад. То 3,5 м (диаметри танааш 5—8 см) қад мекашад. Шохчаҳои яксолааш банд-банди сероб. Баргаш пулакчашакл, сегуша, сероб. Гулаш дуҷинса, хушагулаш саракмонанд. Тухмаш байзашакл, ҷилодор (дарозиаш тақр. 0,75 мм). …

Муфассал »

ШУРА

shura

ШУРА, шурак, шуралаф, шургиёҳ (Chenopodium), як ҷинси гиёҳҳои як ё дусола, баъзе нимбуттаву бутта ва дарахтест аз оилаи шураиҳо. Баргаш думчадор, гулаш майда, мевааш яктухма. Дар дуньё тақр. 250 намуди Ш. мерӯяд; аксари онҳо алафҳои бегона ҳисоб мешаванд. Дар Тоҷикистон 15 намуди Ш. (аз ҳамвориҳои доманакуҳ то ҳадди болоии минтақаи …

Муфассал »

ШУТУРХОР

shuturxor

  ШУТУРХОР, уштурхор, уштургиёҳ, хор, хори шутур, шук, янтоқ, антоғ (Alhagi), растании хордорест, ки одатан дар дашту даман руяд ва онро шутур бо рағбат мехурад. Аа руи таснифи ботаника як ҷинси гиёҳҳои бисьёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Пояаш сахт, сершох, баргаш манда. Шукуфааш гулобӣ ё гулобии бунафштоб, ғилофакаш сертухм. Дар Тоҷикистон …

Муфассал »