Главная / Теги: Ботаника

Теги: Ботаника

Лолаарӯсак

Лолаарусак

ЛОЛААРӮСАК (Раpaver rhoeas), як навъ гиёҳи яксола. Пояаш (дарозиаш 5—40 см) ҳамида ва мӯякҳои дурушт дорад. Баргҳояш каммӯяк, баъзан тамомаи лучи паршаклу паррадор. Дарозии онҳо 10— 12 мм, гулбарг 4—18 мм буда, бо осони ва барвақт мерезанд; ранги онҳо сурхтоб, доғи сиёҳ доранд ё бедоғанд; ғӯзамевааш луч ва дарозиаш 15— …

Муфассал »

Литвинов Владимир Николаевич

Даниловнаи вилояти Волгоград

ЛИТВИНОВ Владимир Николаевич (тав. 29.02.1928, деҳаи Даниловнаи вилояти Волгоград), агроном-растанипарвар, Ходими Хизматнишондодаи Иями РСС Тоҷикистон (1977), док-тори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1972), профессор (1974). Аъзои КПСС аз соли 1958. Соли 1949 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кард. Литва аз соли 1950 то 1969 дар якчанд институтҳои республикавӣ кор кард. Аз феврали …

Муфассал »

Печакиҳо

pechakiho

Печакиҳо (Соnvolvulaceae), як оилаи растаниҳои дупалла. Печакиҳо одатан гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаи печактанаанд. Печакиҳои нимбутта, бутта ва гоҳо дарахтмонанд низ дучор меоянд. Барги онҳо бедандона ё паррадор буда, дар поя пайдарҳам ҷойгир шудаанд. Гули калони қиф, найча ё зангӯлашакли дуҷинса, хӯшагули симозӣ ё саракмонанд, ғӯза (баъзан чормағзак)-и яктухма ё сертухм …

Муфассал »

Печак

pechak

Печак 1) а ш а қ а, л а б л о б, к ӯ й печек (Соnvolvulus arvensis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи печакиҳо. Пояаш пе­чанда буда, дарозиаш аз 20 см то 2 м аст. Баргаш думчадор, байзашакли эллипсӣ, сегушаи дарозрӯя ва аз тарафи думчааш пайконшакл; гулаш пайвастабарги дифшакл, гӯлобӣ, …

Муфассал »

Перидерма

periderma

Перидерма (аз пери… ва юн. derma— пӯст), бофтаи рӯйпӯши поя, реша, решапоя ва бехи растаниҳои бисёрсола (баъзан яксола)-ро гӯянд. Перидерма аз пӯк (феллема), феллодерма (бофтаи дохилӣ) ва феллоген иборат аст. Дар узвҳои растаниҳо одатан якчанд Перидерма ҳосил мешавад. Ҳар як Перидермаи нав нисбат ба Перидермаи аввала дарунтар ҷой мегирад. Перидерма …

Муфассал »

Периблема

periblema

Периблема (юн. рeriblema — рӯйпӯш, парда) дар ботаника, яке аз қабатҳои ҳуҷайраҳои меристемавии қисми махрутшакли нуқтаи сабзиши решаро гуянд. Аз П. хучай- рахои пустлохи аввалини реша ва баъзан ҳуҷайраҳои ғилофаки реша ва протодермаҳои ба ризодерма (пустлохи реша) табдилёбанда ҳосил мешаванд. Периблема дар қисми махрутшак­ли нуқтаи сабзиши навда нест.

Муфассал »

Пахтак

paxtak

Пахтак, бодиринги гург (Astragalus sieversianus), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лубиёиҳо. Баландиаш то 150 сантиметр, пояаш дарунхолӣ, бо пашмаки зич пӯшида шудааст. Баргаш мураккаб (дарозиаш 15—30 сантиметр), аз 8—20 ҷуфт баргча иборат аст; баргчааш дарозрӯяи эллипсӣ (дарозиаш 2,5 сантиметр). Хӯшагулаш 3—5-гула, гудбаргаш зардча (даро­зиаш 3,5—4 сантиметр), ғилофакаш мудаввари каме дарозрӯя (дарозиаш …

Муфассал »

Пахтагул

paxtagul

Пахтагул гулхайрии ҳиндӣ, кетмия (Hibiscus syriacus), бутта ё дарахти хурдест аз оилаи тугмачагулҳо. Баргаш З-парра (дарозиаш 5—10 сантиметр, бараш 3—6 сантиметр), гулаш калони зангулашакл (диаметраш то 8—10 сантиметр), сафед, гулобӣ, сурх, кабуд, бунафш ва ғайра, ғӯзааш байзашакл (дарозиаш 2,3 сантиметр), тухмаш гурдашакл (вазни 1000-тоаш 13—15 грамм). Пахтагули худрӯй дар Ҳиндустон, …

Муфассал »

Пахта

paxta

Пахта, ғ ӯз a (Gossypium), ҷинси  гиёҳҳои бисёрсола, бутта ва дарахтест аз оилаи тугмачагулҳо; аз қадимтарин ва муҳимтарин растани­ҳои нахдор ва техникист. Дар шароити киштукор растании яксола аст. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии Осиё, Африка, Америка ва Австралия 35 намуди Пахта месабзад. Пахтан навъи 108-Ф. Чун зироати нахдор фақат навъҳои …

Муфассал »

Пахол

paxol

Пахол, пояи донаш кӯфта гирифташудаи зироати хӯшадор (арзан, қӯноқ, шолӣ), лӯбиёиҳо ва ғайра. Пахоли зироати ғалладонаро асосан ба сифати хӯроки чорво истифода мебаранад. Таркиби химиявӣ ва серғизоии Пахол ба намуди растанӣ, обу ҳаво, шароити чаьмъоварӣ, хирманкӯбӣ, нигоҳдорӣ ва дигар омилҳо вобаста аст. Пахол 35—45% клетчатка ва дигар ангиштобҳои мураккаби бадҳазм, …

Муфассал »