Маълумоти охирин
Главная / Теги: Беморӣ (страница 5)

Теги: Беморӣ

ПОЛЛИНОЗҲО

polinozho

ПОЛЛИНОЗҲО, бемориҳои аллергиеро гӯянд, ки дар натиҷаи гарди гули растаниҳоро нафас кашидан пайдо мешаванд.  

Муфассал »

ПОЛИТСИТЕМИЯ

policitemiya

ПОЛИТСИТЕМИЯ (аз поли… ва юнонӣ kytos— гунҷоиш; дар ин ҷо ба маъ- иои ҳуҷайра, haima— хун), бемории музмини системаҳои хунофарро гӯянд. Зиёд шудани миқдори гемоглобин ва эритротситҳо дар хун (дар натиҷаи ихтилоли пайдоиши эритротситҳо), ҷигарӣ шудани рангу рӯи бемор ва ғайра нишонаҳои асосии Политситемия мебошанд. Хунравӣ ва тромбози рагҳо боди …

Муфассал »

ПОЛИНЕВРИТ

polinevrit

ПОЛИНЕВРИТ (аз поли… ва юнонӣ neuron—  асаб), садамоти асабҳо. Сабабҳои асосии Полиневрит бемориҳои сироятӣ (хусусан бемории вирусӣ), заҳролудшавӣ (аксар алкоголӣ), ихтилоли мубодилаи моддаҳо ҳангоми диабети қанд, уремия ва ғайра мебошацд. Полиневрит ҳангоми баъзе авитаминозҳо (масалан, бери-бери) ва чун бемории касбӣ ба вуҷуд меояд. Аломатҳои Полиневрит дарди сар, кундшавии зеҳну ҳис …

Муфассал »

ПОЛИАРТРИТ

poliartrit

ПОЛИАРТРИТ (аз поли… ва юн. arthron — банд, буғум), якбора ё пасиҳам газак гирифтани якчанд банду буғумҳои одами гирифтори тарбод, грипп ва дардҳои дигар. Ҳангоми Полиартрит банду буғумҳо варам карда, дард мекунанд, серхунии пӯст ба вуҷуд меояд, ҳаракат кардан душвор мегардад ва банду буғумҳо қату каҷ мешаванд. М у о …

Муфассал »

ПНЕВМОСКЛЕРОЗ

pnevmoskleroz

ПНЕВМОСКЛЕРОЗ (аз юн. pneumon — шуш ва sklerosis — сахтшавӣ, шахшӯлӣ), нумӯи бофтаҳои пайвасткунандаи шушро гӯянд. Илтиҳоби шуш (пневмония), бронхити музмин, зиқи нафас, грипп, сил, пневмокониозҳо, иллати дил, амрози сироятии кӯдакон (сурхча, сулфакабутак) ва ғайра инкишофи Пневмосклерозро метавонанд. Ҳангоми Пневмосклероз девори бронхҳо тағйир ёфта, ҳаҷми нафаскашии шуш кам мешавад. Бемориҳои …

Муфассал »

ПНЕВМОНИЯ

pnevmoniya

ПНЕВМОНИЯ (аз юн. pneumon — шуш), газаки шуш, зотуррия, газаки шадид ва музмини алвеолаҳо, бронхиолаҳо ва бофтаҳои пайвасткунандаи шуш. Пневмонияи одамро вирусҳо (вирусҳои грипп, аденовирусҳо, вирусҳои орнитозӣ), бактерияҳо (пневмококкҳо, стафилококкҳо ва ғайраҳо) меангезанд. Аз ҳад зиёд хунукхӯрӣ, назлаи роҳҳои болоии нафас, дарди дандон, сустшавии организм ва ғайра боиси авҷгирии Пневмония …

Муфассал »

ПНЕВМОКОНИОЗҲО

pnevmokoniozho

ПНЕВМОКОНИОЗҲО (аз юн. hneumon — шуш ва konia — гард, чанг), як гурӯҳ бемориҳои музмини шушро гӯянд, ки дар натиҷаи муддати дароз нафас кашидани ҳавои чангу ғуборолуди истеҳсолот ба вуҷуд меояд. Пневмокониозҳо аз ҷумлаи бемориҳои касбӣ буда, бештар коргарони саноатҳои маъдани кӯҳӣ, ангишт, мошинсозӣ ва ғайра гирифтор мешавачд.  Пневмокониозҳо бемории …

Муфассал »

ЭРИТРОДЕРМИЯ

eritrodermiya

ЭРИТРОДЕРМИЯ (аз юн. orylh-ros — сурх ва ddrma — пуст), як гуруҳ бемориҳои илтиҳобии пусти одамро гуянд. Ҳангоми Э. пуст сурх шуда, вараму хориш карда, ҷои ҷароҳат пуст мепартояд. Э. ҳамчун бемории мустақил ба вуҷуд меояд. Дар заминаи бемориҳои пуст (экзема, псориаз ва ғ.) пайдо мешавад.  

Муфассал »

ЭПИДЕРМОФИТИЯ

epidermofitiya

ЭПИДЕРМОФИТИЯ (аз юн. epi — дар, derma — пуст ва юн. phyton -г-растанӣ), як навъ бемории пустро гуянд, ки занбуруғҳои паразитӣ ба вуҷуд меоранд. Одам аз Э. ҳангоми бо шахси бемор дар тамос будан ё аз сачоқ, ванна, пойафзоли умумӣ, либоси дуруст ношуста истифода бурдан сироят меёбад. Бештар Э.-и панҷаи …

Муфассал »

ЭПИДЕМИЯ

epidomology

ЭПИДЕМИЯ (юн. epidemia, аз epi —дар, дар байни ва demos — халқ), дар маҳалли муайян аз меъёри маъмулӣ зиёд паҳн шудани ягон бемории сироятии одамро гуянд. Риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ, мавҷудияти барангезандаю паҳнкунандаҳои беморӣ, суст будани кори ташкилотҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ғ. боиси пайдоиши Э. мегарданд. Э. ва роҳҳои мубориза …

Муфассал »