Маълумоти охирин
Главная / Теги: Беморӣ (страница 4)

Теги: Беморӣ

ТАБХОЛ

tabxol

ТАБХОЛ, учуқ (дар лотинӣ Негреs simplex), як навъ касалии пӯст, пардаҳои луобӣ, чатам ва ғайраро гӯянд, ки вирусҳо ба вуҷуд меораид. Ба одам баъзе ҳайвонот сироят мекунад. Табхол бештар дар ҷои пайвастшавтга пӯст бо пардаҳои луоби (лаб, пилк, узвҳои ҷинсӣ ва ғайра) ҳамроҳи баъзе бемориҳои сироятии муштарак (грип, пневмония, вараҷа …

Муфассал »

ТАБЕС

tabes

ТАБЕС (лотинӣ tаbеs — пӯсиш) заъфи ҳароммағз, як навъ бемории музмини асабия, ки зуҳури минбаъдаи сифилис аст. Осеби ҳароммағз боиси ихтилоли ҳисси мушаку бандҳо, тази роҳгардӣ (атаксия), сабаби хала, номураттабии тағзияи бофтаҳо ва ғайра мегардад.

Муфассал »

РЕВМОКАРДИТ

6f1bdcd79b316978eed95f9321c64655

РЕВМОКАРДИТ (аз юнонӣ каг(Иа — дил), иллати тарбодии дил, иллатест, ки дар дили одамӣ тарбодзада пайдо мешавад. Просесси тарбоди пардаҳои мухталифи дил — эндокард (нигаред, Эндокардит), миокард (нигаред,Миокардит) ва перикард (нигаред, Перикардит)-ро фаро мегирад. Дар бофтаҳои пайвасткунандаи дил газаки тарованда (экссудативи) рӯй дода, гиреҳҳои тарбодӣ ҳосил мешаванд ва минбаъд дар …

Муфассал »

ПУЛЛОРОЗ

pulloroz

ПУЛЛОРОЗ, касалии сироятии паррандаҳо, ки боиси иллати рӯда ва узвҳои паренхиматозии чӯҷа ва фоликулҳои тухмдони мурғ мегардад. Ниг. Салмонеллёзҳо.

Муфассал »

ПСОРИАЗ

psoriaz

ПСОРИАЗ (аз юнонӣ psoriasis — хориш), шукуфаи сабусакдор, бемории музмини ғайрисироятии пӯсти одам, ки дар натиҷаи зарбаи асабию рӯҳӣ, ихтилоли мубодилаи модда, фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ падид меояд. Заминаи вирусӣ ё генетикӣ, доштани Псориаз низ аз имкон берун нест. Ба Псориаз аксар наврасони 12—15-сола гирифтор мешаванд. Псориаз аксар дар cap, оринҷ, …

Муфассал »

ПРОКТИТ

proktit

ПРОКТИТ, сарам, илтиҳоби пардаи луобии рӯдаи рост. Бештар якҷоя бо илтиҳоби рӯдаҳои болотаристода (проктосигмоидитҳо, колитҳо, энтероколитҳо ва ғайраҳл) вомехӯрад. Сабабҳои Прокрит гуногунанд: сирояти шадид ва музмин, заҳролудшавӣ аз хӯрок ва дисбактериозҳо, ихтилоли рагӣ, мубодилавӣ ё иммунолог ва ғайрп. Носури рӯдаи рост, бавосир ва ғайра боиси пайдоиши Прокрити дуюмин мегарданд. Прокрит …

Муфассал »

ПРОГНОЗи беморӣ

treatment

ПРОГНОЗи беморӣ, пешгӯии духтур оид ба ҷараёну оқибати беморӣ. Прогноз ҳаёт (зинда мондани бемор), дараҷаи барқароршавии саломатӣ ва коршоямӣ боду ғубори беморӣ ва ғайраро дарбар гирифта, ба этиология ва патогенез, маълумоти статистикӣ ва таҳлили хусусиятҳои фардии ҷараёни бемории шахс такя менамояд. Оид ба Прогноз дар асарҳои Буқрот маълумоти зиёде ба …

Муфассал »

ПОҒУРРА

ПОҒУРРА (поёнғурра), 1) бемориеро гӯянд, ки пои одамӣ монанди пои фил ғафс гардад; ниг. Доъул- фил. 2) ғурраеро гӯянд, ки дар ягон мавзеи бадан пайдо шавад. Инро дар урфият боғрӣ ҳам меноманд, ки шакли дурусташ боғуррӣ аст.

Муфассал »