Маълумоти охирин
Главная / Теги: Беморӣ (страница 3)

Теги: Беморӣ

ТРАХОМА

trahoma

ТРАХОМА (юнонӣ trachus — шахшӯл), кӯкра, шилпуқ, бемории сироятиву музмини чашмро гӯянд. Ҳангоми трахома дар конюнктиваи варамкарда ва сурхшуда доначаҳои хокистарранг (фолликулҳо) ба вуҷуд меоянду сипас ба захм ва бофтаи хадшабанд мубаддал мешаванд. Барангезандаи Трахома микроорганизмҳои вирусмонанд — хламидияҳо буда, онҳо дар хуҷайраҳои эпителии конюнктиваи чашм афзоиш меёбанд. Асосан ба …

Муфассал »

ТОУН

ТОУН, як навъ бемории сироятии одам ва ҳайвонот (хояндаҳо, уштур ва ғайра). Ангезандааш РаPasteurella-pestis) -ро соли 1894 А. Йерсен (Франция) ва С. Китазато (Япония) муайян кардаанд. Дар маводи ғизоӣ нағз инкишоф ёфта, ба таъсири омилҳои физикӣ, химиявӣ ва доруҳои безараргардонь ҳассос аст; дар ҳарорати 100°С (баъди 1 дақиқа) нобуд мешавад. …

Муфассал »

ТОКСОПЛАЗМОЗ

1177x892_0xd42ee42d_12348701021455189659

ТОКСОПЛАЗМОЗ, бемории паразитии одам ва ҳайвонот, ки токсоплазмаҳо ба вуҷуд меоранд. Манбаи сироят намудҳои гуногуни (бештар аз 180) ҳайвонҳои хонагӣ, ваҳшӣ ва паррандаҳо мебошанд. Одам бо Токсоплазмоз дар натиҷаи истеъмоли гӯшт ва тухми хом, ба пардаҳои луобӣ ё захми пӯст афтодани ангезанда ва ғизо гирифтор мешавад. Токсоплазмоз аксар вақт ба …

Муфассал »

ТОКСИДЕРМИЯ

toksidermiya

ТОКСИДЕРМИЯ (аз юнонӣ (toxikon — заҳр ва … derma — пӯст), осеби пӯстро гӯянд, ки дар натиҷаи аз пӯст, узвҳои ҳозима, роҳҳои нафас, ва ғайра ба организм роҳ ёфтани моддаҳои химиявӣ (масалан, доруҳо) ё ғизоӣ ба вуҷуд ояд.

Муфассал »

ТОКСИКОЗ

toksioz

ТОКСИКОЗ (аз юн. (tохikon — заҳр, як навъ масмумият), ҳолати бемориест, ки дар натиҷаи ба организм таъсир намудани заҳрҳои беруна (экзогенӣ, масалан, микробҳо) ё моддаҳои зарарноки дар худи организм ҳосилшуда (масалан, ҳангоми токсикозҳои ҳомилагон, тиреотоксикоз) ба вуҷуд меояд. Токсикози ҳомилагон бемориест, ки дар организми зан ҳангоми ҳомилагӣ ё зоиш (баъзан) …

Муфассал »

ТИФ

tif

ТИФ (аз юнонӣ tuphos — дуд, туман; тирагии ҳуш), бемории арақӣ, калта, мӯҳриқа, номи шартии баъзе бемориҳои сироятист, ки якҷоя бо табларза ва ихтилоли ҳуш ба амал меояд. Тиф якчанд хел мешавад: Тифи шикамӣ, паратифҳо, Домана, Тифи раҷъӣ ё такроршаванда. Тифи шикамӣ бомории шадиди сироятӣ буда, фақат одамон гирифтор мешаванд. …

Муфассал »

ТИБРИЯТ

fiziolechenie-290x200

ТИБРИЯТ (арабӣ — нобудшавӣ), себорея, як навъ бемори пӯстро гӯянд. Ҳангоми Тибрият дар қисми мӯйноки сар бисёр пулакчаҳои сафеду хокистарранг пайдо мешаванд. Бештар дар давраи балоғат ба вуҷуд меояд. Пайдоиши Тибрият ба ихтилоли асабиву эндокринӣ ва дар натиҷаи он вайрон шудани кори ғуддаҳои чарбӣ вобаста аст. Тибрияти рақиқ (аз бисёр …

Муфассал »

ТЕТАНИЯ

tetaniya

ТЕТАНИЯ (аз юнонӣ Tetanos — ихтилоҷ, рагкашӣ), бемориеро гӯянд, ки чун рагкашон шиддатнок ва ихтилоли системаи асаб зоҳир мешавад. Дар натиҷаи вайрон шудани функцияҳои ғадудҳои назди ғадуди сипаршакл дар хун миқдори калций кам гашта, боиси пайдоиши Тетания мешавад. Қайкунию исҳоли зуд-зуд ва ғайра низ аломати Тетания мебошанд.

Муфассал »

ТЕРАПИЯ

teraliya

ТЕРАПИЯ (юнонӣ  — ғамхорӣ, нигоҳубин, муолиҷа), бемориҳои дохилӣ, як соҳаи тибро гӯянд, ки сабаб, аломат, усулҳои ташхис, муолиҷа, пешбинӣ ва пешгирии бемориҳои даруниро меомӯзад. Асосгузорони Т. Буқрот, Ҷолинус, Ибни Сино, Ҷурҷонӣ ва Парацелс мебашанд. Терапия асрҳои 18—19 баъди татбиқи васеи перкуссия (як усули тадқиқи узвҳои дохилист, ки ҳангоми он ятон …

Муфассал »

ТАРБОД – ревматизм

rheumatic-diseases-tag

ТАРБОД, ревматизм, дарди мафосил, беморин Буйо — Сожольский, як навъ бемории сироятию аллергиро гӯянд, ки зимни он бофтаҳои пайвасткунанда, махсусан системаи дилу рагҳо зиён мебинанд. Соли 1835 духтури франсавӣ Ж. Б. Буйо ва соли 1836 духтури рус Г. И. Сокольский новобаста аз ҳамдигар тарбодро беморие донистанд, ки на фақат ба …

Муфассал »