Маълумоти охирин
Главная / Теги: Беморӣ (страница 2)

Теги: Беморӣ

УФУНАТИ НОФ

ufunat

УФУНАТИ НОФ, бемории сироятии навзодонро гӯянд, ки дар натиҷаи аз захмчаи ноф ба хун гузаштани микроби касалиовар пайдо мешавад. Бо лоғарӣ, намакидани сина ва суст сиҳат ёфтани захми ноф зоҳир мешавад. Беморро фавран ба касалхона хобондан зарур.

Муфассал »

УФУНАТ

ufunat

УФУНАТ, сепсис (юнонӣ sepsis— пусиш), бемории вазнини сироятиест, ки дар натиҷаи вориди хуну бофтаҳо гардидани махсусан микроорзанизмҳои чиркдор (стафилококкҳо, стрептококкҳо) ба вуҷуд меояд. Дарди сар (дар ҳолати вазнин — парешонҳолӣ), баланд шудани ҳарорат (то 39—40°1С), варам, ноқиб (ягир), тромбоз ва ғайра зуҳуроти умумии уфунатанд. Ба уфунат ҳайвонот низ гирифтор мегарданд.

Муфассал »

УРЕТРИТ

УРЕТРИТ, илтиҳоби шадид ё музмини пардаи луобии пешоброҳаро гӯянд. Ба Уретрит бештар мардҳо гирифтор мешаванд. Одатан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Уретрит метавонад сӯзокӣ, трихомонадӣ ва номахсус шавад. Уретрити шадид баъди як чанд шаборӯз (ҳангоми сӯзок 3—4, ҳангоми трихомоноз ва Уретрити номахсус баъди 5—20)-и сироят ёфтан оғоз меёбад; аз пешоброҳа мадда …

Муфассал »

УРЕМИЯ

uremia

УРЕМИЯ (аз юнонӣ uron — пешоб ва haima — хун), худзаҳролудкунии шадид ё музмини организм, ки дар натиҷаи номураттабии кори гурда ба вуҷуд меояд. Уремияи шадид ҳангоми заъфи пуршиддати гурда (дар давраи олигурия — кампешоби) пайдо мешавад, ки дар натиҷа дар хун миқдоран креатинин, карбамид, индикан ва аммиак хеле зиёд …

Муфассал »

УРБАЁН

УРБАЁН урбиён, полипи бинӣ, омоси лаҳм (бавосир, ангурак)-и биниро гӯянд. Урбаён одатан дар луобпардаи ковокия бинӣ ҷойгир шуда шаклаш ба донаи ангур ё занбӯруғ монанд аст. Аломати асосии касалӣ — тавассути бинӣ душвор нафас гирифтан аст. Муолиҷа — ҷарроҳӣ.

Муфассал »

УВЕЙТ

uveit

УВЕЙТ (лотинӣ uмеа — рагпардаи чашм), як навъ бемории чашмро гӯянд, ки зимни он инабия, рагпарда (машимия) ва мушаки мижгоншакли чашм якбора газак мегиранд. Увейти қисми пеши чашмро иридосиклит ва ақиби чашмро хориоидит гӯянд. Увейт зуҳуроти баъзе бемориҳои сироятӣ (масалан, сил) ҳам мебошад.

Муфассал »

ТУЛЯРЕМИЯ

tulyaremiya

ТУЛЯРЕМИЯ, шадидтария бемории сироятии ҳайвонот ва одам, ки бактерияи Тrancisella tularensis ба вуҷуду меорад. Манбаи сироят асосан юрмонҳои касал мебошанд. Туляремия дар ШМА, СССР, Канада, Япония, Швеция, Норвегия, Франция ва дигар мамлакатҳои Нимкураи шимолӣ дучор мешавад. Туляремия ба одам бевосита аз хояндаҳо ва харгӯшҳои касал ё мурда ё ба воситаи …

Муфассал »

ТРИХОМОНОЗ

troxomonoz

ТРИХОМОНОЗ, трихомониаз, бемории илтиҳобии узвҳои пешоброну ҷилсии одам ва ҳайвон, ки грихомонадаҳо ба вуҷуд меоранд. Барангезандаи Трихомонози одам Ttrichomonas мебошад. Манбаи касалӣ худи бемор ё ҳомилини трихомонадаҳо мебошад. Ангезандаи трихомоноз бо роҳи алоқаи ҷинсӣ (баъзан ба воситаи сачоқи умумӣ ва ғайра) мегузарад. Шакли асосии трихомоноз дар мардҳо уретрит (илтиҳоби пешоброҳа) …

Муфассал »

ТРИХИНЕЛЛЁЗ

trixinelyoz

ТРИХИНЕЛЛЁЗ, бемории гелминтози одам ва ҳайвонот, ки трихинаҳо ба вуҷуд меоранд. Одам аз трихинеллёз ҳангоми истеъмоли гушти хом ва ё нимхом сироят меёбад, баъди 10-25 (баъзан 2-35) шаборуз ҳарорати бадан баланд ( то 39° С) шуда, пилки чашм ва рӯи варам ва сар дард мекунад; аксар дар пуст доначаҳо пайдо …

Муфассал »

ТРИПАНОСОМОЗ

tripanomosoz

ТРИПАНОСОМОЗ, як гурӯҳ бемориҳои ангалии одаму ҳайвонро гӯянд. Барангезандаи трипаносомоз трипаносомаҳоанд. Манбаи сироят одам ва ҳайвони гирифтори трипаносомоз мебошад. Муолиҷа: истифодаи наганин, антрасид, беренил ва ғайра. Нест кардани паҳнкунандагони сироят роҳи асосии пешгирии трипаносомози одаму ҳайвон аст.

Муфассал »