Маълумоти охирин
Главная / Теги: Асбобҳо (страница 2)

Теги: Асбобҳо

Падиддору

Падиддоруи суратгирӣ, маҳлули якчанд моддаҳоест барои аён сохтани акси ноаёни фотографӣ. Акси ноаёни сурати фотографӣ дар натиҷаи ба навори кино ё лавҳаи фотографии ҳассос таъсир кардани равшани ё дигар намуди афканишот пайдо мешавад. Падиддору ду хел мешавад: муқаррарӣ (ё худ химиявӣ) ва физикӣ. Падидоруи х и м и я в …

Муфассал »

Оҳанрабо

ohanrabo

Оҳанрабо, ҷисмест, ки охан ва баъзе дигар металлу хӯлаҳоро ба худ мекашад. Нигаред Магниты доимӣ.

Муфассал »

Оташгирак

otashgirak

Оташгирак, о т а ш г и р а, афзори рӯзгор барои гирифтани оташ аз оташдон, танӯр, сандалӣ ва пеш задани алав. Одатан аз тасмаоҳани яклухт месозанд. Тасмаоҳанро нимдои­ра қат карда, барои овехтан ҳалқа меандозанд. Дарозиаш гуногун, ду панҷа дорад, ки бараш 3—5 сантиметр ва нӯгаш тез аст.

Муфассал »

Оссиллограф

ossillograf

Оссиллограф (аз лотинӣ  — мелаппам ва …графил), асбоби чен-кунандаест барои мушоҳида кардани вобастагиҳои байни ду ё якчанд бузургиҳои бо мурури замон фаврӣ тағйирёбанда (ҷараёну шиддат, басомаду кӯчиши фаза, давомату басомади такрори импулс ва ғайра). Оссиллографи электроншуоӣ бештар маъмул аст, ки дар он сигнали бузургиҳо ба лавҳаи тамоилхӯрандаи карнаи оссил­лографӣ меафтад …

Муфассал »

Остинча

ostincha

Остинча, асбоби нонпазиро гӯянд, ки аз матои пахтагӣ абраю астар бурида, бар байнаш пахта гузошта ва барқад лаганда карда’тайёр мекунанд. Остинча 40—50 сантиметр дарозӣ ва 25—30 сантиметр бар дорад. Қисми поёни Остинчаро ҳангоми нонпазӣ ба даст мепӯшанд, то ки даст насӯзад. Баъзан Остинчаро аз остини ҷомаи кӯҳна месозанд.

Муфассал »

Панҷшоха

panjshoxa

Панҷшоха, чоршоха, сешоха, асбоби деҳқонӣ. Панҷшоха чубин ва Оҳанин мешавад. Панҷшохаи чӯбин аз се қисм иборат аст: даста, тахтачаи ба даста пайваст ва шохаҳо. Даста аз чӯби бед (дарозиаш 150—180 см), шохаҳо (дарозиашон 28—33 см) аз чӯби сахт (заранг, фарқ, ирғай, зардолу ва ғайра) тайёр карда мешаванд. Шохаҳоро аз сӯрохиҳои …

Муфассал »

Панҷтор

panjtor

Панҷтор асбоби мусиқии торӣ, ки дар ноҳияҳои Помиру Дарвоз маъмул аст. Аз рӯи сохт ва пардабандиаш бештар ба танбур монанд. Панҷтор панҷ тор дорад, ки ин тавр ҷӯр мекунанд: Панҷтор дар алсамблҳои гуногуни инструменталӣ ва ҳамчун сози яккахонӣ истифода мешавад. Хелҳои гуногуни Панҷтор дар Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон низ маъмуланд. …

Муфассал »

Пантометр

pantometr

Пантометр [аз юн. рan (раtos)— ҳама ва …метр], афзори геодезӣ (ниг. расм) барои дар маҳалҳо чен кар­дани кунҷҳои вер­тикалӣ ва гори­зонталӣ. Пантометрро одатан барои суратгирии топографии ҷангалҳо ва ботлоқҳои торфӣ истифода мебаранд. Хатои ҳисоб аз рӯи вернери дои­раи горизонталӣ ба 2 баробар мебошад.

Муфассал »

Пантограф

pantograf

Пантограф (аз юнонӣ рan, раntos— ҳама ва grapho —менависам), асбобест барои рӯбардор кардани наҳшаҳо, харитаҳо ва ғайраҳо дар миқёси хурд. Пантографро бо андозаҳои гуногун ва конструксияҳои ҳархела месозанд. Масалан, дар расм Пантографи овеза тасвир ёфтааст, ки вазни хаткашҳои онро тарангии ресмонҳои кашанда кам мекунад ҳаракати Пантограф овеза назар ба конструксияҳои …

Муфассал »