Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар (страница 8)

Теги: асар

«ТАЪРИХИ ЯЪҚУБӢ»

«ТАЪРИХИ ЯЪҚУБӢ» асари муаррих ва ҷуғрофидони араб Яъқубӣ, ки солҳои 70 асри 9 таълиф шудааст. «Таърихи Яминӣ» хулосаи воқеаҳои ҷаҳонро (аз офариниши олам то соли 872) дар бар гирифтааст. Асар аз ду қисм иборат буда, қисми аввал ба давраи тоисломӣ ва қисми дуюм ба давраи исломӣ оид аст. Муаллиф воқеаҳоро …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ЯМИНӢ»

«ТАЪРИХИ ЯМИНӢ» асари Абӯнасри Утбӣ, ки солҳои 1020 —21 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Ин асар ба Яминуддавла — султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва падари ӯ Сабуктегин бахшида шудааст ва барои ҳамин ҳам «Таърихи Яминӣ» унвон гирифтааст. Мавзӯи асосии «Таърихи Яминӣ» воқеа ва рӯйдодҳои таърихи давраи Ғазнавиён аст. Муаллиф номи шоҳону …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ШОХРУХӢ»

«ТАЪРИХИ ШОХРУХӢ» «асафи Муллониёзмуҳаммад, ки ба таърихи Хонии Хӯқанд (1709—1910) оид буда, воқеаҳои то соли 70-уми асри 19-ро дар бар мегирад. «Таърихи Шоҳрухӣ» дар дохили матни «Таворихи Шоҳрухия» (ба номи Шоҳрухбий — асосгузори Хонии Хуқанд), дар сарсухани баъзе нусхаҳо «Таърихи Саидмуҳаммад Худоёрхон» номида шудааст. Китоб ба забони тоҷикӣ навишта шуда, …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ШАЙХ УВАЙС»

«ТАЪРИХИ ШАИХ УВАЙС» асари таърихии Абӯбакри Қутбӣ (нимаи якуми асри 14 дар Озарбойҷони Эрон зиндагӣ кардааст), ки ба султони Ҷалопоиён Шайх Увайс (ҳукмронӣ 1355—74) бахшида шудааст. «Таърихи Шайх Увайс» аз 2 қисм иборат аст. Қисми аввал ба таърихи давраи тоисломӣ оид буда, аз 4 боб (Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониён) …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ФАХРӢ»

«ТАЪРИХИ ФАХРӢ» номи пуррааш «Мунъат-ул-фузало фӣ таворих-ил-хулафо ва-л-вузаро», асари Сафуддин Муҳаммад ибни Алии маъруф ба Ибни Тақтақо, ки соли 1302 ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Таърихи Фахрӣ» аз ду боб — боби аввал тарзи мамлакатдории подшоҳонро баён карда, боби дуввум таърихи хукмронии сулолаҳои Фотимиён, Оли Буя, Салҷуқиён ва таърихи халифаҳои …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ХОНИ ҶАҲОНӢ ВА МАХЗАНИ АФҒОНӢ»

«ТАЪРИХИ ХОНИ ҶАҲОНӢ ВА МАХЗАНИ АФҒОНӢ» (бо номҳои «Рисолаи таърихи афғониёи», «Таърихи афғонӣ», «Махзани афҒОНӢ» низ машҳур аст), асари таърихии муаррихи форс-тоҷик Неъматуллоҳ ибни Ҳабибуллоҳи Ҳиравӣ, ки солҳои 1612—13 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб аз муқаддима, ҳафт боб ва хотима иборат аст. Муқаддима ба таърихи Яъқуб ва авлоди ӯ, …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ФАРИШТА»

«ТАЪРИХИ ФАРИШТА» асари таърихию ҷуғрофии Муҳаммадқосим Ҳиндушоҳи Астарободии мулаққаб ба Фаришта (асри 17). Дар сарчашмаҳо бо унвони «Гулшани Иброҳимӣ» низ омадааст. Тафсилоти ҷараёни зиндагии муаллифаш маълум нест. Аз рӯи баъзе маълумотҳо тақрибан соли 1552 дар шаҳри Астаробод (Эрон) таваллуд ёфта, дар овони бачагӣ бо падараш Ғуломалии Ҳиндушоҳ ба Ҳиндустон рафтааст. …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ТУРКИСТОН»

«ТАЪРИХИ ТУРКИСТОН» китобест доир ба таърихи хонии Хӯқанд. Таълифи Мулло Олим Махдумхоҷаи Тошкандӣ, аз 2 қисм иборат. Китоб таърихи аз аморати Бухоро ҷудо шудани хонии Хӯқанд ва бо сардории Шоҳрух ташкил ёфтани хонии нав, ба Россия ҳамроҳ шудани хонӣ, таърихи хонҳои Хӯқанд, ҷангҳои дуру дарози онҳо, муносибати байни аморати Бухоро …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ТЕМУРИ ЛАНГ ВА ВОРИСОНИ Ӯ»

«ТАЪРИХИ ТЕМУРИ ЛАНГ ВА ВОРИСОНИ У», асарест аз Фомаи Мецопӣ, ки дар асри 15 ба забони арманӣ таълиф шудааст. Дар «Таърихи Темури ланг ва ворисони ӯ» воқеаҳои пуршур ва фоҷиаҳои солҳои 1388—1446 дар мамлакатҳои Шарқи Наздик, хусусан Закавказия рӯйдода тасвир шудааст. Дар «Таърихи Темури ланг ва ворисони ӯ аз юришҳои …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ»

«ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ» асари Ҷурҷи Зайдон, ки бори аввал солҳои 1902— 06 дар Қоҳира ва бори дуюм соли 1978 дар Бейрут ба табъ расидааст. Асар аз 5 қисм (ҷузъ) иборат буда, дар ду китоб гирд оварда шудааст. Китоби якум ду қисм, китоби дуюм се қисмро дар бар мегирад. Қисми якум …

Муфассал »