Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар (страница 7)

Теги: асар

«ТИББИ АВРАНГШОҲӢ»

«ТИББИ АВРАНГШОҲӢ» «Тибби Аврангзеб», асари табиб ва донишманди тоҷикзабони Ҳиндустон (асри 17) Дарвеш Муҳаммад Ҳаким Амнободӣ, ки ба Аврангзеб тӯҳфа шудааст. «Тибби Аврангзеб» нахустин асарест, ки дар он муаллиф ҳангоми баёни ҳар як мавзӯи ба ки ё он масъалаи тибби амалӣ ё назарӣ дахлдор аввал тибби форсу арабро нисбатан пурра …

Муфассал »

«ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»

«ТАЪРИХ-УЛ-КОМИЛ»(исми пуррааш: «Ал-Комил-фӣ-ин таърих»; бо номҳои «Комил-ут-таърих», «Ал-Комил» ва «Комид» низ меояд), асари Азуддин Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Асир, ки солҳои охири ҳаёташ ба забони арабӣ таълиф кардааст. Ин асар аз 12 ҷилд иборат буда, дар он таърихи олам, хусусан таърихи муфассали мамлакатҳои исломӣ аз давраи қадим то соли …

Муфассал »

«ТАЪРИХНОМАИ ҲИРОТ»

«ТАЪРИХНОМАИ ҲИРОТ» «Таърихи мулуки Курт», асари таърихии Сайфии Ҳиравӣ ки дар байни солҳои 1321— 29 таълиф шудааст. Аабаски қисми асосии асар ба таърихи ҳукмронии сулолаи Куртҳои Ҳирот оид аст, онро «Таърихи мулуки Курт» низ меноманд. «Таърихномаи Ҳирот» бо супориши ҳокими Ҳирот Ғиёсуддинн Курт (ҳукмронӣ 1308—29) таълиф шуда, воқеаҳои таърихиро то …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҶАҲОННАМО»

«ТАЪРИХИ ҶАҲОННАМО» ин асари муаррихи асри 19 тоҷик Муллоибод Муҳаммад ибни Рӯзимуҳаммади Аттор, ки аз аввали пайдоиши дунё то ибтидои ҳукмронии амири Бухоро — Музаффар (1860—75)-ро дар бар мегирад. Асар солҳои 1867—68 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи ҷаҳоннамо» аз 15 боб (қисм) иборат мебошад. Боби 1 ба таърихи пайғамбарон …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҶАҲОНКУШО»

«ТАЪРИХИ ҶАҲОНКУШО» асари муаррихи асри 13 форс- тоҷик Алоуддин Атомалики Ҷувайнӣ, ки соли 1260 ба забони тоҷикӣ таълиф гардидааст «Таърихи ҷаҳонкушо» аз муқаддима ва се боб иборат буда, воқеа ва ҳодисаҳои давраи муғулро аз замони шӯҳрат ёфтани Чингизхон то ҳуҷуми Ҳалокухон ба муқобили Исмоилиён (1257) дар бар мегирад. Ҷилди аввал …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҶАҲОНГИРӢ»

«ТАЪРИХИ ҶАҲОНГИРӢ» тазкираест, ки Мутрибии Самарқанди соли 1627 таълиф кардааст. «Таърихи Ҷаҳонгирӣ» аз ду силсила (силсилаи дуюм иборат аз якчанд табақа) таркиб ёфта, дар бораи шоироне маълумот медиҳад, ки аз Мовароуннахр ба Ҳиндустон рафта, камол ёфтаанд. Аксари шуарои кашфшуда ҳамзамони муаллифанд ва бо ӯ мулоқот доштаанд; маълумоти ҷамъовардаи муаллиф ба …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҲУМОЮН»

«ТАЪРИХИ ҲУМОЮН» асари Мулло Муҳаммадсодиқ қаровулбегӣ мутахаллис ба Гулшании Бухорӣ, ки соли 1909—1910 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Ҳумоюн» ба давраи ҳукмронии амири Бухоро — Абдулаҳадхон оид аст. Дар асар инчунии маълумоти мухтасари таърихию ҷуғрофӣ ва домографӣ оид ба аморати Бухоро ва вилоятҳои он то охири асри 19 ҷамъ …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҲИРОТ»

«ТАЪРИХИ ҲИРОТ» (номи пуррааш «Равзат-ал-ҷаннот фи таърихи мадинат-ил-Ҳирот»), асари муаррих, шоир ва хаттоти форс-тоҷик Муинуддин Муҳаммади Исфизорӣ, ки ба таърихи шаҳри Ҳирот (аз рӯзҳои аввали пайдоишаш то соли 1470) оид аст. Асар солҳои 1401—94 ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, ба султон Ҳусайни Бойқаро бахшида шудааст. «Таърихи Ҳирот» аз 26 равза …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҚУМ»

«ТАЪРИХИ ҚУМ» номҳои «Кито би Қум» ва «Қумнома» низ машҳур аст), асари таърихии муаррихи форс-тоҷик Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳасани Қуммист (вафот 1015), ки солҳои 988—989 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Асли арабии китоб то ҳол пайдо пест. Солҳои 1402—04 Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасан Абдумалики Қуммӣ ном муаррихи форс-тоҷик …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ ҚИПЧОҚХОНӢ»

«ТАЪРИХИ ҚИПЧОҚХОНӢ» асари муаррих Хоҷамқӯлибеки Балхӣ ибни Қипчоқхон, ки ба таърихи умумӣ оид аст. Қипчоқхон солҳои 1695—96 дар Ҳиндустон буд. Соли 1713 дар Лоҳур бо ҳокими маҳаллӣ Абдуссамадхон қаробат пайдо карда, солҳои 1719—22 асари худро таҳти унвони «Таърихи Қипчоқхонӣ» таълиф намуд. Таърихи Қипчоқхонӣ» аз муқаддима, 5 боб ва хотима иборат …

Муфассал »