Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар (страница 6)

Теги: асар

«ТУҲАФИ АҲЛИ БУХОРО»

«ТУҲАФИ АҲЛИ БУХОРО» асари Мирзосироҷ, ки соли 1907 таълиф шуда, соли 1910 дар Когон ба табъ расидааст. Муаллиф бо нияти тиҷорат ва омӯхтани тартиби кору зиндагии мардум ба мамлакатҳои мутараққии Европаю Осиё, аз ҷумла ба Россия, Германия, Франсия, Англия, Австрия, Швейцария, Туркия ва Эрон сафар карда, таассуроташро дар «Туҳафи аҳли …

Муфассал »

«ТУРКЕСТАНСКИЙ СБОРНИК»

tsbornik

«ТУРКЕСТАНСКИЙ СБОРНИК» («Туркестанский сборник сочинений и статей относияшихся к Средней Азии и к Туркестанскому краю в особенности» — «Маҷмӯаи асарҳо ва мақолаҳо оид ба Осиёи Миёна ва махсусан кишвари Туркистон»), асари нодири библиографиест оид ба таърих, этнография, иқтисодиёт, ботаника, археология, геологияи Осиёи Миёна. Маҷмӯа аз 594 ҷилд иборат буда, асарҳои …

Муфассал »

«ТОҶ-УТ-ТАВОРИХ»

«ТОҶ-УТ-ТАВОРИХ» асари таърихии воқеанигор Муҳаммадшариф ибни Муҳаммаднақӣ (охири асри 18—ибтидои асри 19). Ба тоҷикӣ таълиф шудааст. Ин асар таърихи ҳукмронии Аштархониён ва Манғитияро дар Бухоро (то аҳди амир Ҳайдар 1800—26) дар бар мегирад. Китоб аз сарсухан, се қисми муқаддимавӣ, ду боб (мақола) ва хулоса иборат буда, баъзе бобчаҳои дохили қисмҳо …

Муфассал »

«ТОҶ-УЛ-МАСОДИР»

«ТОҶ-УЛ-МАСОДИР» луғати масдарҳои арабӣ бо тарҷумаи форсй, таълифи Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Алии маъруф ба Бӯҷаъфараки Байҳақӣ (вафот 1150). Тақрибан 5000 калимаро дар бар мегирад. «Тоҷ-ул-масодир» дар асоси «Китоб-ул-масодир»-и Абуабдуллоҳи Ҳусайн ибни Аҳмади Зӯзанӣ, ки якумин луғати арабӣ-форсист (таълифаш миёнаҳои асри 11) тартиб ёфтааст. Муаллиф луғати Зӯзаниро таҳриру такмил кардааст. Дар …

Муфассал »

«ТОҶНОМА»

«ТОҶНОМА» яке аз асарҳои паҳлавист, ки аз ҳикоятҳо дар бораи шоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз фароҳам омадааст. Дар «Ал-Феҳрист»-и Ибни Надим зикр шудааст. Соли таълиф ва номи муаллифаш маълум нест. Ибни Муқаффаъ онро ба забони арабӣ тарҷума кардааст. Аз ин китоб таърихнависони араб (масалан, Ибни Қутайба, «Уюн-ул-ах- бор») дар нигориши таърихи …

Муфассал »

«ТОҶИКОН» – асари А. Шишов

«ТОҶИКОН», асари этнографӣ ва антропологии А. Шишов, ки соли 1910 ба забони русӣ дар Тошкент ба табъ расидааст. «Тоҷикон» аз 31 боб иборат аст. Дар китоб дар бораи таъриху географияи кишвари тоҷикон, иқлим, насабу шумора, аломатҳои антропологӣ ва зисту зиндагии онҳо, зироату боғдорӣ, обчакорию чорводорӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат, дин (зардуштия, …

Муфассал »

«ТОҶИКОН» – асари Б. Ғ. Ғафуров

tojikon

«ТОҶИКОН», номи асари таърихист мансуб ба қалами Б. Ғ. Ғафуров, ки аввал ба русӣ (Москва, «Наука», 1972) ва сони ба тоҷики (Душанбе, «Ирфон , ҷилди 1, 1983, ҷилди 2, 1985) чоп шудааст. Таърихи қадимтарин, қадим ва асримиёнагии халқи тоҷик дар нашри русӣ то миёнаи асри 18 (дар нашри тоҷикӣ То …

Муфассал »

«ТОМ-УТ-ТАВОРИХ»

«ТОМ-УТ-ТАВОРИХ» асари таърихиест, ки ба қалами Абдуллоҳи Балхӣ мансуб буда, солҳои 1597—98 ба забони тоҷикӣ (дар Бухоро) таълиф шудааст ва воқеаҳои таърихиро то охири асри 16 дар бар мегирад. Воқеаҳои таърихии дар асар тасвирёфта маълумоти моро доир ба таърихи водиҳои Ҳисор, Бахш, Қаротегин, Бадахшон, шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд ва Уротеппа дар …

Муфассал »

«ТИББИ ЮСУФӢ»

«ТИББИ ЮСУФӢ» Ё «ҶОМЕЪ-УЛ- ФАВОИД» асари Юсуф ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Табиб, ки соли 1500 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Асар аз якчанд қисм иборат аст. Қисмл аввал дархусуси муолиҷаи бемориҳо баҳс мекунад. Дар ин қисм аввал номи беморӣ зикр ёфта, баъд аломату хусусиятҳои он мухтасар баён ва сипас бо …

Муфассал »

«ТИББИ АКБАРӢ»

«ТИББИ АКБАРӢ» Рисолаи тиббиест, ки табиби маъруфи тоҷикзабони Ҳиндустон Муҳаммадакбар ибни Мирҳоҷии Муҳаммадмуқим солҳои 1112—13 ҳиҷри (1700—01) мелоди таълиф кардааст. Ин асар соли 1875 дар Ҳиндустоп чоп шуд; иборат аз муқаддима, 24 фасл, луғатнома ва хотима аст. Ҳар як фасли он доир ба бемориҳои узвҳои алоҳидаи бадан ва усулу воситаҳои …

Муфассал »