Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар (страница 18)

Теги: асар

«СУВАР-УЛ-КАВОКИБ»

book-5

«СУВАР-УЛ-КАВОКИБ» рисолаи астрономии Абдурраҳмони Сӯфӣ. Соли 965 ба забони арабӣ таълиф шуда, тафсир ва вазъи 21 бурҷи Нимкураи шимолӣ, 12 бурҷи дувоздаҳгона ва суратҳои асотирии онҳоро дар бар мегирад (тасвираш дар мақ. Осмон). Дар «Сувар-ул-кавокиб» координатҳои 1022 ситора дарҷ гардидааст. Феҳристи Абдурраҳмони Сӯфӣ баъди феҳристи Гиппарх (асри 2 то мелод) …

Муфассал »

«СУБҲИ ГУЛШАН»

book-5

«СУБҲИ ГУЛШАН»  тазкираест, ки Сайидалӣ Ҳасанхони Бҳуполӣ мутахаллис ба Салим соли 1878 таълиф кардааст. «Субҳи гулшан» тазкираи умумист, ки шарҳи ҳоли 2024 шуарои мутақаддим ва ҳамасри муаллифро дар бар мегирад. Тазкира ба тартиби аллфбои арабӣ буда, бо номи Осори Бухороӣ оғоз ва бо Мавлавӣ Юсуфалӣ авҷом ёфтааст. Салим дар муқаддимаи …

Муфассал »

«СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ»

book-5

«СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ» фарҳанги дузабонаи арабӣ-форсист, ки адиби форс-тоҷик Абулфазл Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Иброҳими Нишопурии Майдонӣ (вафот 1124) соли 1104 таълиф кардааст. Аз муқадима ва чаҳор қисм (ки онҳо дар навбати худ ба бобҳо ва фаслҳо тақсим шудаанд) иборат аст. Дар муқадима муаллиф пас аз баёни сабаби таълифи …

Муфассал »

СОЛНОМА

book-5

СОЛНОМА, асари таърихие, ки дар он воқеаҳо ба таври хронологӣ (сол ба сол) оварда мешаванд. Солноманависӣ дар мамлакатҳои Шарқ, аз қадим маълум аст. Солноманависони Араб ва Эрон баъди қабул шудани хати арабӣ ба баёни пай дар пайи воқеаҳо шурӯъ намудазнд. Дар асрҳои миёна, асрҳои 17—19 солноманависон манфиати табақаҳои ҳукмронро ифода …

Муфассал »

«СИҲОҲ-УЛ-ФУРС»

book-5

«СИҲОҲ-УЛ-ФУРС»  фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикист, ки соли 1328 дар Табрез аз тарафи Мууаммад ибни Ҳиндушои Нахҷувонӣ тасниф шудааст. Дар фарҳанг 2300 калима мувофиқи адади ҳуруфи алифбои арабӣ дар 28 боб шарҳ бфтааст. Мусанниф аз 144 нафар шоирони форсигӯе, ки дар Мовароунпаҳру Хуросон ва Эрону Озарбойҷон зиндагӣ ва эҷод кардаанд, бештар аэ …

Муфассал »

«СИРОҶ-УЛ-ЛУҒОТ»

«СИРОҶ-УЛ-ЛУҒОТ» фарҳанги тафсирии форсӣ (тоҷикӣ), таълифи Сироҷуддин Алихони Орзу (таълифаш 1735). Орзу дар таълифи «Сироҷ -ул -Луғот» аз «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Сурурӣ», «Фарҳанги Рашидӣ» ва ғайра истифода карда бошад ҳам, вале бештар ба «Бурҳони қотеъ» пайравӣ кардааст. «Сироҷ -ул -Луғот»  монанди «Бурҳони қотеъ» аз рӯи тартиби ҳарфҳои якум, дуюм, союми …

Муфассал »

«СИРОТ-УС-СУТУР»

«СИРОТ–УС–СУТУР»  Сирот-ул-хат, Мидод-ул-хат, номи шартии маснавии Султоналии Машадӣ доир ба хати настаълиқ. Маснавӣ соли 1514 таълиф шуда, муаллиф ба он ном нагузоштааст. Се боби аввали «Сирот ус – Сутур »   мадҳу ситоиши анъанавӣ иборат аст. Муаллиф дар чор боби минбаъда, ки характери тарҷумаиҳоли дорад, дар бораи давраи кӯдакӣ ва ҷавонии …

Муфассал »

МУНТАХАБ-УТ-ТАВОРИХ

ul-lugot

«МУНТАХАБ-УТ-ТАВОРИХ» асари таърихии Муҳаммад Ҳакимхон. Хоҷа Муҳаммад Ҳакимхон ибни Саидмаъсумхон соли 1802/03 дар Хӯқанд таваллуд ёфтааст. Дар аҳди Муҳаммадалихон ҳокими вилоятҳои Тӯрақӯрғон, Намангон ва ғайра буд. Дертар аз мансаби ҳокимӣ дур карда шуд ва баъди ин ба Россия, Туркия, Сурия, Фаластин, Миср, Арабистони Саудӣ ва Эрон сафар кард. Баъди бозгашт …

Муфассал »