Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар (страница 12)

Теги: асар

«ТАЪРИХИ АВОИЛ ВА АВОХИР» – асари Муинӣ

«ТАЪРИХИ АВОИЛ ВА АВОХИР» асари таърихии муаррихи тоҷик Муинӣ, ки ба таърихи Бухоро (мухтасар, замонҳои қадимтарин то асри 19) оид аст. Дар асар таърихи Хилофати араб, зикри қариб ҳамаи хулафо, санаҳои ҳаёт ва фавт, давраи ҳокимиятдории онҳо акс ёфтааст. Баъд мухтасар аз таърихи сулолаҳои Чингизиёну Темуриён, Шайбониёну Аштархониён, сулолаи Манғитияи …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ АБУЛХАЙРХОНӢ»

«ТАЪРИХИ АБУЛХАЙРХОНӢ» асари таърихин муаррихи асри 16 Масъуд ибни Усмони Кӯҳистонӣ. «Таърихи Абулхайрхонӣ»-ро муаллиф ба забони фасеҳи тоҷикӣ дар «миёнаи асри 16 навиштааст. Асар аз якчанд бобу фаслҳои гуногунҳаҷм иборат аст, ки инҳоро аз ҷиҳати мазмун ба се қисм тақсим кардан мумкин: 1) таърихи қадимтарин то давраи Хоразмшоҳиён; 2) таърихи …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ АБУЛФАЙЗХОН» – асари Абдураҳмон Давлат

«ТАЪРИХИ АБУЛФАЙЗХОН» асари таърихи-хронологии ситорашиноси тоҷик Абдураҳмон Давлат мутахаллис ба Толеъ. Соли таълифаш номаълум. Ин китоб ба забони тоҷикӣ навишта шуда, аз 10 фасл иборат аст. Дар он таърихи сиёсии хонии Бухоро, муҳити ҳукмронии Абулфайзхон (1711—47), сабабҳои аз хонни Бухоро ҷудо шудани Самарқанд ва бо сардории Раҷабхон ташкил ёфтани хонии …

Муфассал »

«ТАЪРИХ» – асари Садри Зиё

«ТАЪРИХ» асари таърихӣ аз таълифоти Садри Зиё; соли 1931 ба забони тоҷикӣ дар шаҳри Қаршӣ таълиф шудааст. Китоб умуман ба таърики Бухоро оид буда, фаслҳои ҷудогонааш аз боби ҳукмронии Темур, Шоҳрух, Улуғбек, Абӯсаид, Ҳусайни Бойқаро, султонҳои ӯзбек (аз Абулхайр то Абдулмӯъминхон ибни Абдуллоҳхон); Аштархониён (аз Боқимуҳаммад то Абдулмӯъминхон ибни Абулфайзхон; …

Муфассал »

«ТАЪРИХ» – асари Ёркандӣ

«ТАЪРИХ» номи асари муаррих Шохмаҳмуд ибни Мирзофозили Чураси Ёркандӣ (тақрибаан 1616—20— тақрибан 1696, Ерканд), ки ба таърихи Туркистони Шарқӣ (марказаш Ёрканд) бахшида шудааст. Туркистони Шарқӣ дар таърих бо номи Бухорои Хурд низ ёд мешавад. «Тахрих» ба забони тоҷикӣ (солҳои 1676—77) таълиф шуда, аз муқаддима ва 119 фасл иборат аст, ки …

Муфассал »

«ТАЪРИХ» – асари Геродот

«ТАЪРИХ», номи яке аз асарҳои Геродот, ки шартаи олимони замони Искандари Макдунӣ ба 9 китоб тақсим кардаанд. Асар дар асоси мушоҳидаҳои муаллиф ва манбаъҳои таърихӣ ҳамосаҳо ва ғайра таълифшудааст. «Таърих» асосан воқеаҳои муҳимми снёсии таърихи Юнон — ҷангҳои Юнону Эрон (500—449 то м.)-ро дарбар мегирад. Чор китоби аввал муқаддимаи муфассал …

Муфассал »

«ТАЪЛИҚОТ» – асари илмию фалсафии Ибни Сино

books

«ТАЪЛИҚОТ» (арабӣ — афзудаҳо), номи асари илмию фалсафии Ибни Синост, ки шогирдаш Баҳманёр Ибни Марабон онро китобат намуда, шарҳ додааст. Дар китоб низому тартиби муайян дида намешавад. Он аз ҷиҳати ғояву мазмун бо таснифоти дигари ӯ робитаи узвӣ дорад. Асар эҳтимол байни солҳои 404—412 ҳиҷрӣ шамсӣ навишта шуда бошад. Бештари …

Муфассал »

«ТАРҶУМОН-УЛ-БАЛОҒАТ»

«ТАРҶУМОН-УЛ-БАЛОҒАТ» асари Муҳаммад ибни Умари Родуёнй, ки солҳои 80-уми асри 11 таълиф шудааст. Қадимтарин асарест дар бораи санъатҳои бадеӣ, ки то имрӯз боқӣ мондааст. Манбаи он асари Марғийонӣ «Маҳосин-ул-калом» (ба забони арабӣ) буд. Муаллиф истилоҳоти доир ба санъатҳои бадеиро ба забони форсии дарӣ гардонда, онҳоро бо гуфтори устодони шеъри форсӣ …

Муфассал »

«ТАРАҚҚИИ КАПИТАЛИЗМ ДАР РОССИЯ. Ҷараёни ташаккули болори дохилии саноати калон», асари В. И. Ленин

«ТАРАҚҚИИ КАПИТАЛИЗМ ДАР РОССИЯ. Ҷараёни ташаккули болори дохилии саноати калон», асари В. И. Ленин (1899, нашри 2-и пуррааш 1908), ки дар он иқисодиёт ва сохти иҷтимоию синфии Россияи сеяки охири асри 19 баррасӣ шуда, «марксизми легалӣ» мавриди танқид қарор гирифтааст. Асар бо торумори ғоявии халқчиён итмом ёфтааст. Дар заминан таҳлили …

Муфассал »

“ТАНҚИДИ ПРОГРАММАИ ГОТА”

“ТАНҚИДИ ПРОГРАММАИ ГОТА”, номи як асари машҳури К. Маркс аст, ки соли 1875 иншо шуда, соли 1891 аз чоп баромадааст. Дар он принсипҳои асосии назарияи коммунизми илмӣ инкишоф дода шудаанд; таҳлили интиқодии программаи партияи сосиал-демократии Германияро дар бар гирифтааст, ки барои съезди навбатӣ дар Гота тайёр шуда буд. К. Маркс …

Муфассал »