Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар (страница 11)

Теги: асар

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ» асари Абулфазли Байҳақӣ Муҳаммад Ибни Ҳусайн, ки солҳои охири ҳаёташ ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Байҳақӣ» ба султони Ғазнавиён султон Масъуди Ғазнавӣ бахшида шудааст, аз ин рӯ, дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ бо номҳои «Таърихи     Масъудӣ», «Таърихи Оли Сабуктегин», «Ҷомеъи таърихи Оли Сабуктегин» ё «Муҷалладоти Абулфазли Байҳақӣ» дучор меояд. …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ» асари таърихии адиб, мунаҷҷим ва муаррихи асри 12 форс-тоҷик Заҳируддин Абулҳасаи Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ маъруф ба ибни Фундуқ, ки ба таърихи шаҳри Байҳақ (ҳоло шаҳри Сабзавор), шарҳи ҳоли ашхоси номдори он бахшида шудааст. «Таърихи Байҳақӣ» соли 1168 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Байҳақӣ» барои омӯхтани воқеа …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН»

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН» асари таърихии муаллимони хоруғӣ Қурбон Муҳаммадзода (Сулаймон) ва Муҳаббат Шоҳзода (Футуршо). Асари мазкур солҳои 30 асри 20 бо ҳуруфоти арабӣ ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, аз се дафтар иборат аст. Дар дафтари 1-ум дар бораи гузаштаи тоинқилобии мулки Шуғнон, истисмори сахти феодалӣ (то ҳамроҳ шудан ба Россия), дар …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН»

«ТАЪРИХИ БАДАХШОН» асари Саидмуҳаммади Бадахшӣ ва Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. «Таърихи Бадахшон» аз қисмати асосӣ ва 3 илова иборат буда, воқеаҳои солҳои 1657/8— 1905 дар ҳудуди ҷумҳурии шуравии Тоҷикистони имруза ва шимоли Афғонистон ба вуқӯъ омадаро дар бар мегирад. Баёни воқеаҳои солҳои 1657/8—1808/9 бақалами Сангмуҳаммади Бадахшӣ, солҳои 1808/9—1005 ба Мирзо Фазлалибеки …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ АҲМАДШОҲӢ»

«ТАЪРИХИ АҲМАДШОҲӢ» асари таърихии яке азмуншиёни дарбори Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1747—73) Маҳмуди Ҳусайнӣ (Маҳмуди Ҳусайнн-ал-Муншӣ ибни Иброҳим ал-Ҷомӣ), соли 1754 ба навиштани «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» сар карда, соли 1773 ба итмом расонд. У дар таълифи асар аз «Таърихи ҷаҳонкушои Нодирӣ»-и Маҳдихони Астарободӣ ва «Номаи оламорои Нодирӣ»-и Муҳаммад Козим истифода бурдааст. «Таърихи Аҳмадшоҳӣ» …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ АФЗАЛ» – асари Кирмонӣ

«ТАЪРИХИ АФЗАЛ» (номи пуррааш «Бадоеъ-уз-замон ф ӣ вақоеъи Кирмон»), асари таърихии адиб ва муаррихи асрҳои 12—13 форс-тоҷик Афзалуддин Абӯҳомид Аҳмад ибни Ҳомиди Кирмонӣ (маъруф баАфзали Кирмонӣ), ки солҳои 1208—16 ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст. Ҳодиса ва воқеаҳои муҳими сиёсӣ, тарихи мухггасари Кирмон аз давраи пешазисломӣ то замони муаллиф (то соли …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ АНБИЁ ВА МУЛУК»

«ТАЪРИХИ АНБИЁ ВА МУЛУК» асари таърихии муаррихи асри 15 Ҷаъфар ибни Муҳаммад Ҳусайнии Яздӣ. Дар адабиёт бо номҳои «Таърихи кабир», «Таърихи Ҷаъфарӣ» низ маълум аст. Байни солҳои 1447—52 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб аз 6 қисм — бузургони гузашта аз Одам то Нӯҳ, шоҳони Эрон (Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ АМИРОНИ МАНҒИТИЯИ БУХОРО» – асари С. Айнӣ

«ТАЪРИХИ АМИРОНИ МАНҒИТИЯИ БУХОРО», яке аз аввалин асарҳои таърихии С. Айнӣ, ки солҳои 1918—19 навиштааст. «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» кирдорҳои зиддихалқӣ ва иртиҷоии амирони манғитро аз давраи ҳукмронии асосгузори ин сулола Муҳаммад Раҳимхои (1753—58) то ба Афғонистон гурехтани намояндаи охиринаш Олимхон (1921) тасвир менамоянд. С. Айнӣ дар қисми аввали асар …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ АМИРОНИ МАНҒИТИЯИ БУХОРО»

«ТАЪРИХИ АМИРОНИ МАНҒИТИЯИ БУХОРО» асари таърихии Мулло Ҷумъақули Хумулӣ, ки соли 1837 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Аз 18 фасл иборат буда, воқеаҳои таърихии аз с. 1740 (ба Осиёи Миёна ҳуҷум кардани Нодиршоҳи Афшор) то солҳои 50 а. 19 рӯйдодаро дар бар мегирад. Он роҷеъ ба вазъияти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ АМИР ҲАЙДАР»

«ТАЪРИХИ АМИР ҲАЙДАР» асари муаррихон Муллоибодуллоҳ ва Мулломуҳаммадшариф, ки аз тарафи шахси номаълуме ихтисор шудааст. Ин асар дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ таълиф шуда таърихи ҳукмронии амир Ҳайдарро дар бар гирифтааст. Соли таълифаш номаълум. «Таърихи амир  Ҳайдар» аз 81 боб иборат аст. Ду боби аввали асар таърихи мухтасари Бухоро, ҳукмронии Аштархониё …

Муфассал »