Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАФТИШОТ

ТАФТИШОТ

ТАФТИШОТ (аз арабӣ кофтуков ва таҳқиқ, санҷиш дар мурофиаи ҷиноятӣ ҷамъовари ва санҷиши далелҳои кори ҷиноятиро гӯянд. Мувофиқи қонуни советӣ суд, прокурор, муфаттиш ва органҳои таҳқиқи ибтидоӣ вазифадоранд, ки дар сурати ошкор гардидани аломатҳои ҷиноят дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои худ кори ҷиноятиро сар карда, барои муайян намудани ҳодисаи ҷиноят шахсоне, ки дар содир кардани он айбдоранд, инчунин барои ҷазо додан ба онҳо тамоми чораҳои дар қонун пешбинишударо бинанд (1мод. 3, КПҶ РОС Тоҷикистон). Мувофиқи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятии советӣ тафтишот ба тафтишоти пешакӣ ва судӣ тақсим мешавад. Тафтишоти пешакӣ шакли асосии тафтишот дар мурофиаи ҷиноятӣ буда, он баъди сар шудани кори ҷинояти оғоз меёбад ва ҳамаи давраҳои тафтишотии пеш аз судиро дарбар мегирад. Яке аз шаклҳои тафтишоти пешакӣ таҳқиқи ябтидоӣ мебошад.

taftishot
Тафтишот судӣ қисми мурофиаи судист, ки дар рафти он суд бо иштироки судшавашда, ҳимоягар, ҷабрдида, даъвогар, ҷавобгари гражданӣ ва ё намояндагони онҳо дар маҷлиси судӣ далелҳои органҳои тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқоти ибтидоии бадастовардаро бевосита дида мебарояд ва далелҳои иловагӣ ҷамъ мекунад. Тафтишоти судӣ бо эълон кардани айбнома дар маҷлиси судӣ сар мешавад. Баъди дар муҳокимаи судӣ санҷидашудани ҳамаи далелҳо ва ҳолатҳо рангакунандаи маҷлиси судӣ фикру мулоҳизаи прокурор, айбдоркунандаи ҷамъиятӣ, судшаванда, ҳимоягар, ҳимоятари ҷамъиятӣ инчунин ҷабрдида даъвогари гражданӣ ва намояндагони онҳоро дар бораи пуррагии тафтшоти судӣ мешунавад. Дар сурати пайдо шудани хоҳиши тарафҳо оид ба пурра кардани тафтишоти судӣ суд онҳоро муҳокима карда, ҳал менамояд ва баъд тафтишоти судиро тамомшуда эълон карда ба шунидани музокирҳои судӣ мегузарад (моддаи 297, 298, КПҶ РОС Тоҷикистон).
М. Раҷаббеков.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …