Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАФАККУР

ТАФАККУР

ТАФАККУР (арабӣ — фикр кардан, андеша), дараҷаи олии маърифати инсонӣ ва ҷараёни инъикоси ҳақиқати объективиро гӯянд. Ба ибораи дигар, тафаккур дар бораи объекту хосият ва муносибатҳои олами воқеӣ ки бовосита тавассути дониши ҳиссӣ ҳосил намешавад, дониш ҳосил мекунад. Тафаккур асоси физиологӣ дорад. «Механизм» ва асоси физиология онро И. П. Павлов тадқиқ намудааст. Натиҷаи тафаккур фикрест, ки дар асоси масъалагузорӣ, фарзия, абстраксия, таҳлилу таркиб ҳосил мешавад. Мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ шаклҳои асосии тафаккури мантиқӣ мебошад.

tafakkur
Тафаккур дар асоси таҷриба ва маърифати ҳиссӣ пайдо шуда ташаккул меёбад. Вале он анъикоси бевоситаи олам нест. Инъикоси бавосита хусусияти асосии тафаккур аст. Тафаккури абстрактӣ ба объект ва просессҳои тадқиқшаванда алоқаманд буда, бо натиҷа ва далелҳои объекту просессҳое сару кор дорад, ки дар зинаи маърифати ҳиссӣ, идрок ва тасаввурот ҳосил шудаанд. Далелҳои маърифати ҳиссӣ дар ҷараёни маърифат умуман мавқеи васатӣ дошта, тафаккури абстрактиро аз воқеият «ҷудо» ва, дар айни замон, бо он алоқаманд мекунаид. Тафаккури абстрактӣ барои дарки илмию назарии олам ва инкишофи шуури инсонӣ зинаи сифатан нав аст. Тафаккур якҷоя бо забон ва нутқ пайдо мешавад. Онҳо ба ҳам алоқаи диалектикӣ доранд. Агар тафаккур воқеияти реалӣ, робитаҳои умумӣ ва такроршавандаи онро дар шакли мафҳумҳо инъикос кунад, мафҳумҳо дар калимаҳо ва ба ҳам пайвастани мантиқи онҳо ифода меёбанд. Фикр дар забон ва сухан шакли воқеӣ мегирад. Забон ва сухан дар навбати худ ба туфайли тафаккур аҳамияти ҷамъиятӣ пайдо мекунанд. Сухан, калимаҳо ба шарте мазмун ва аҳа- мияти зарурӣ пайдо мекунанд, ки агар онҳо предмети фикр ё худ мафҳумро дар бораи ашё, ҳодиса ва просеосҳои реалӣ ифода кунанд. Робитаи диалектикии забон ва тафаккур фарқи байни онҳоро истисно намекунад. Дарки фикрию назарии олам, моҳияти он вазифаи асосии тафаккур аст. Мубодилаи афкор, муносибати байниҳамдигарии одаон ва муомилаи онҳоро бошад забон таъмин мекунад. Идеализм тафаккурро новобаста ба материя (майна), забон ва фаъолияти амалию моддии ҷамъият маънидод мекунад. Алоқаи байни онҳоро натиҷаи мабдаъ ва омилҳои маънавие медонад, ки гӯё нисбат ба материя ва шуур якуминанд. Неопозитивизми муосир фарқи байни забон ва тафаккурро эътироф накарда, онҳоро ба ҳам мусовӣ медонад. Марксизм бар хилофи материализми метафизикӣ, идеализм, неопозитивизм ва ғайра тафаккурро маҳсули инкишофи таърихию ҷамъиятӣ, шакли махсуси фаъолияти одам дониста, алоқаи азалии тафаккур ва фаъолияти инсониро таъкид мекунад. Ш. Наврӯзов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …