Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАДҚИҚИ СИСТЕМӢ

ТАДҚИҚИ СИСТЕМӢ

ТАДҚИҚИ СИСТЕМӢ, таҳқиқи объектҳо ба сифати системаҳост. Таҳқиқи капитализм аз тарафи К. Маркс дар «Капитал» намунаи тадқиқи системӣ мебошад. На ҳамаи тадқиқоти илмӣ тадқиқи системӣ шуда метавонад. Масалан, тадқиқи эмпирӣ, ки бо роҳи ҷудо карда гирифтани баъзе ашё ва ошкор намудани хосияту муносибатҳои онҳо бурда мешавад, бо вуҷуди барои илм аҳамиятнок буданаш, тадқиқи системӣ ба ҳисоб намеравад.

 

Хусусияти тадқиқи системӣ аз он иборат аст, ки ягон хосияти система, ба истилоҳ консенти система, масалан, тартиб ба қайд гирифта мешавад, баъд муносибатҳоеро меҷӯянд, ки ба ҳамин хосият мувофиқ аст (масалан, аввал зиёдшавии вазни атом ба қайд гирифта шуда, баъд элементҳои ба ин мувофиқ, яъне суботрати система муайян карда мешавад). Маҳз ба ҳамил роҳ Д. И. Менделеев тадқиқи системиро ба амал бароварда буд. Химикҳои пешина бошанд, бо муайяи намудани хосияти элементҳои маъмули химиявӣ банд буданд; тадқиқоти онҳоро тадқиқи системӣ донистан нашояд.
Муайян намудани ашё ҳамчун система, ки дар тадқиқи системӣ мақоми хос дорад, одатан ибтидои тадқиқи системӣ мебошад. Вазифаи навбатии он аз ошкор кардави хусусиятҳои системии объект ва муносибатҳои хоси системӣ иборат аст. Масалан, якхелагӣ ва гуногуншаклии эламентҳо, имконияти дохил шудани элементҳои нав ё хориҷ шудани элементҳои кӯҳна бе тағйироти ҷиддии система ва ғайра.
Вазифаҳои муҳиме, ки дар рафти тадқиқи системӣ ҳал карда мешавад, муайян намудани робита байни қимати параметрҳои системӣ ва хосияти коекретии ғайрисистемии объект мебошад. Масалан, ранги нилгуни осмон (хосияти ғайрисистамӣ) бо ғайриякҷинсагии атмосфера (хосияти системӣ) алоқаманд аст. Самаранокии тадқиқи системӣ ба он вобаста аст, ки барон баровардани хулоса аз натиҷаҳои тадқиқи системӣ алоқаи байни қиматҳои параметрҳои састемӣ, яъне қонуниятҳои умумисистемӣ то чӣ андоза истифода мешаванд. Чунин қонуниятҳо дар доираи назарияи умумии системаҳо муқаррар карда мешаванд, ки асоси назариявии системология мебошад.
Барои ифодаи тадқиқи системӣ, ки бешосита ба гааэарняи умумии системаҳо истинод мекунад, истилоҳи «таҳлили системӣ» истифода мешавад. Истилоҳи «тариқи системӣ» низ чун муродифи тадқиқи системӣ ба кор бурда мешавад.
А. И. Уёмов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …