Маълумоти охирин

ТАБХОЛ

ТАБХОЛ, учуқ (дар лотинӣ Негреs simplex), як навъ касалии пӯст, пардаҳои луобӣ, чатам ва ғайраро гӯянд, ки вирусҳо ба вуҷуд меораид. Ба одам баъзе ҳайвонот сироят мекунад.

tabxol

Табхол бештар дар ҷои пайвастшавтга пӯст бо пардаҳои луоби (лаб, пилк, узвҳои ҷинсӣ ва ғайра) ҳамроҳи баъзе бемориҳои сироятии муштарак (грип, пневмония, вараҷа ва ғайра) е дар натиҷаи аз ҳад зиёд хунук хӯрдан, заҳролуд шудан (аз хӯрок ё дору), дар хоб тарсидан ва ғайра пайдо мешавад. Пеш аз дамддани Табхол як вавъ сӯзиш ё дард ҳис шуда, баъд обилачаҳои сурх мебароянд, ки онҳо баъди 3—4 рӯз кафида, карахш мебанданд. Дар натиҷаи такрор ёфтани беморӣ обилачаҳо одатан дар ҷои пештара медаманд. Ҳангоми табхол ҳарорат баланд шуда, мушакҳо дард мекунанд. Дард одатан баъди 7—12 рӯз қать мегардад. Пешгирӣ; обутоб додани организм, аз ҳад зиёд монда нашудан ва ғайра.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …