ТАБУЛАТУРА

ТАБУЛАТУРА (аз лотинӣ tabula — тахта, ҷадвал), системаи классикии тавассути ҳарф ё рақам ифода намудани мусиқӣ, як навъи нотанависии кадим аст. Табулатура асосан барои ягон асбоби муайян навишта мешуд.

tabulatura

Ин система асрҳои 15 —17 асосан дар Европа истифода шуда, махсусан навъҳои испанӣ, Франсавӣ ва неагании он маъмул буд. Дар асрҳои минбаъда ҷои табулатураро тадриҷан нота гирифт. Дар Осиёи Миёна барои баъзе асбобҳои мусиқӣ (масалан, Абӯнасри Форобӣ Абдулмӯъмин Сафиуддини Урмавӣ барои уд, Комили Хоразмӣ барои танбӯр) табулатураҳои махсус менавиштанд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …