Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТАБРЕЗ

Шаҳри ТАБРЕЗ

ТАБРЕЗ, шаҳрест дар шимолу ғарби Эрон, маркази маъмурии остони Озарбойҷони Шарқӣ. Дар водии дарёи Аҷичай, дар баландии 1364 м воқеъ аст. Маҳалли муҳимаш роҳи оҳан савдои Эрон бо СССР ва Туркия. Аҳолиаш 598 ҳазор нафар (1976). Саноати мошинсозӣ (тракторсозӣ, таъмири вагониқо, васли радио ва ғайра), бофандаги, хӯрокворӣ, чарму пойафзол, фабрикаи гӯгирд дорад. Қолинбофи ривоҷ ёфтааст. Дар шаҳр уиверситет (аз 1946) ҳаст. Аз ёдгориҳои меъморӣ масҷиди ҷомеи Алишоҳ (1310—20), харобаҳои масҷиди Кабуд (1465) боқӣ» мондаанд.

tabrez-c
Табрезро асрҳои 3 ё 4 Сосониён бунёд кардаанд. Дар охири асри 13— аввали аз 16 пойтахти давлатҳои мухталифи Эрон буд. Асрҳои 18—19 пойтахти хонигарии Табрез, асри 19— аввали асри 20 қароргоҳи валиаҳдҳои шоҳони Қоҷор буд. Нигаред низ Мактаби минётури Табрез.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …