Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАБОШИР

ТАБОШИР

ТАБОШИР, тавоҳшир, табаҳшир, 1) хайзарон, хайзурон, хизурон, найи ҳиндӣ, бомбу, бомбук (Ваmbusa, Ваmbusaseae), гиёҳҳои хӯшадори дарахтмонандеро гӯянд, ки бо номи хайзурон маъмуданд. Асосан дар ноқияҳои тропикӣ ва субтроппкии Осиё, Африка ва Америка мерӯянд;

taboshir

2) як навъ моддаи сафедест, ки аз мағзи найи ҳиндӣ — хайзурон гиранд ва он хусусияти давоӣ дорад. Дар тиббӣ Шарқ хеле маъмул аст. Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино ва дигарон давоии Табоширро тавсиф кардаанд. Масалан, ба ақидаи Оино,Табошир хокистари бехи хизурон (Ваmbusa аrundinaseae) буда, ба дил тақвият мебахшад, хафақон, илтиҳоби меъда ва варами чашмро рафъ мекунад, қай ва исҳолро боз медорад, ғаму андӯҳро барҳам мезанад. Табошир аз ишқор, оҳак, силисий, каме моддаҳои органикӣ ва ғайра иборат аст; 3) бур, як навъ оҳаксанги нарми сафедро гӯянд, ки аз пораҳои хурд-хурд ва окелстҳои яклухти микроорганизмҳо — кокколитҳо (70—90%), решапойҳо, фораминтефаршҳо (1— 20%)ва ғайра иборат аст. Бӯр табиӣ ва сунъӣ мешавад; асосан аз карбонати калсий таркиб ёфтааст. Дар таркиби бӯр баъзан садафаки нармбаданҳо, устухони хорпушти баҳрӣ ва ғайраро низ дидан мумкил аст. Таркиби химиявии бӯр: СаО (50—55%), СО2 (40—43%), Ғе2О3 + ҒеО (0,02— 0,7%), А120З (0,2-0,4%), MgО (0,2- 0,3%), SiO2 (0,5—0,6%).
Бӯрро дар саноат барои истеҳсоли семент, оҳак, инчунин резин, пластмасса, лок, сода, шиша ва ғайра истифода мебаранд. Бӯри соф дар тиб ва атриёт аҳамияти калон дорад.
М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …