Маълумоти охирин

ТАБЛ

ТАБЛ сози зарбии мусиқии қадимист. Таблро аз чӯб месозанд. Он шаклан мудаввару дарунхолӣ буда, аз ду тарафаш пӯст мекашанд. Қутри доирааш 70—90, заҳниаш 30—40 см. Бо чӯби кӯбак (мулоим) монавозанд.

tabl

Табл дар асрҳои 12— 10 то м. дар мамлакатҳои Шарқи Миёнаю Наздик маъмул буд. Масалан, таблро дар Суғд бо ресмон ё тасма ба китф овехта (ё ба миён баста) менавохтаанд. Таблро асосан асбоби мусиқии размӣ донистаанд:
Фурӯ кӯфтанд аз ду сӯ табли ҷанг,
Гузашт аз Сурайб дарангодаранг
(Шодӣ)
Таблро баъзан занҳо низ мевавохтаанд, аз ин рӯ онро асбоби мароссимию базмӣ ҳам гуфтан мумкин аст. Табли шарқиро Искандари Мақдунӣ ба қатори созҳои ҳарбӣ дохил кард, ки бо ҳамовозии шайпури юнонӣ навохта мешуд. Вале дар асрҳои аввали милод шакли Табл тағйир ёфт, он нисбат ба Табли пешина хурдтар ва каме дарозрӯя буда, ба дуҳули ҳозираи мардуми ҳинду афғон ва Эрону араб монандӣ дошт. Ҳамин намуди Табл (ғайр аз Табли размӣ) дар давраи Сосониён хеле маъмул буда, онро бештар занон менавохтаанд. Дар асрҳои миёна ҳар ду шакли Табл истифода мешуд.
Табл дар шакли такмилёфтааш дар мусиқии муосир (оркестрҳои симфонӣ, асбобҳои халқӣ, эстрадӣ ва ғайра) истифода мешавад. Шакли хурдаш (дуҳул) дар Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва ғайра маъмул аст.
И. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …